Тавре қаблан хабар дода будем, аз 1-уми октябри соли равон, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 29 августи соли 2025 таҳти №1071 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ва тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати навбатии ҷавонписарон ба сафи Артиши миллӣ муташаккилона идома дорад.
Дар ин радиф бо оғоз гардидани даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар нахустин рӯзи даъват, аввалин шуда дар ҷумҳурӣ шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд.
Дар ин замина, ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод ва Тоҷикобод низ дар рӯзҳои нахустини ин чорабинии муҳими сиёсӣ нақшаи пешбинишударо оид ба гусели ҷавонписарони синни даъватӣ сад фоиз ба анҷом расониданд ва иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ айни ҳол ба 72 фоиз баробар мебошад.
Натиҷаи фаъолияти хуби масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар вилояти Хатлон аст, ки дар ҷараёни 10 рӯзи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ноҳияҳои Вахш, Балҷувон, Ховалинг, Норак, Ёвон, Фархор, Хуросон, Левакант, Бохтар, Носири Хусрав, Дустӣ, Шаҳритус ва Ҷайҳун аз анҷоми даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ гузориш доданд ва дар вилояти Хатлон бошад иҷрои нақша 91 фоизро ташкил медиҳад.
Бо ҳамин тартиб, нақшаи даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар давоми 10 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар вилояти Суғд 64 фоиз иҷро гардида, масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъвати ноҳияи Айнӣ бошанд, нақшаи пешбинигардидаро пеш аз муҳлат пурра иҷро намудаанд.
Бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ҳамарӯза ҷавонони пойтахт низ чун дигар сокинони сарбаланду шарафманди кишвар ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зисти хеш ҳозир гардида, омодагии худро баҳри хизмат ба халқу Ватан дар сафи Артиши миллӣ иброз медоранд. Аз ин ҷост, ки иҷрои нақшаи даъват дар шаҳри Душанбе ба 71 фоиз баробар мебошад.
Умуман, аз 1 то 10-уми октябри соли 2025 иҷрои нақша дар қаламрави ҷумҳурӣ 78 фоизро дар бар гирифта, наздики 30 шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз иљҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш додаанд.
Илҳои АЛИЗОДА,
сардори Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
капитан





