Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

32 СОЛ ҲАМҚАДАМИ АРТИШ ДАР РОҲИ ТАЪМИНИ МУДОФИАИ ДАВЛАТ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
18.08.2025
in Хабар
0
32 СОЛ ҲАМҚАДАМИ АРТИШ ДАР РОҲИ ТАЪМИНИ МУДОФИАИ ДАВЛАТ
0
SHARES
77
VIEWS
Share on Facebook
Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидиҳавоӣ яке аз бахшҳои муҳими Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, вазифаи асосии он муҳофизати фазои кишвар ва таъмини амнияти давлату миллат бо истифода аз чархболу ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва воситаҳои муосири мудофиаи зиддиҳавоӣ мебошад.
Пас аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарурати таъсиси сохтори махсус барои ҳифзи фазои кишвар ба миён омад. Бо ин мақсад, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидиҳавоӣ соли 1993 ҳамчун ҷузъи таркибии Қувваҳои Мусаллаҳ ташкил ёфта, имрӯз ба яке аз пояҳои муҳими дифои миллӣ табдил ёфтааст.
Маврид ба зикри хос аст, ки ин навъи қӯшуни Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат ба таркиби Системаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил буда, дар баробари назорат, таъмини амнияти фазоии кишвар ва ҳифзи сарҳадоти заминии Тољикистони азиз, ҳамчунин сарҳадоти ҳавоии ҷануби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро низ муҳофизат менамояд. Давоми 32 сол аст, ки Кувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии ҳамаҷонибаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои бузург дар самти мудофиаи давлат ва ҳифзи марзҳои ҳавоии кишвар ноил гардида, ҳайати шахсии он вазифаҳои муҳиму масъулиятноки низомии бар ӯҳдадоштаро муваффақона иҷро менамоянд.
Бахшида ба 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидиҳавоии Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати ин навъи қӯшуни Артиши миллӣ бо иштироки масъулини Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рудакӣ, афсарону сарбозон ва собиқадорони соҳа ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур баромадкунандагон қайд карданд, ки Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ яке аз ҷузъҳои калидии қудрати дифоии давлат маҳсуб ёфта, таъмини амнияти фазоии кишвар, ҳифзи марзу буми ватан ва осоиши шаҳрвандонро таъмин менамояд. Дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин сохтори низомӣ рушду такомул ёфта, ба як қувваи боэътимоди муҳофизати давлат табдил ёфтааст.
Бояд гуфт, ки Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавои ва мудофиаи зидиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати осоишу оромии мардуми Тоҷикистон буда, рамзи қудрат, истиқлол ва таъмини амният дар фазои мамлакат аст. Ин қувваҳо бо шарофати сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста рушд карда, таҷҳизот ва нерӯи инсонӣ тадриҷан мукаммал мегардад.
Қайд гардид, ки рӯзи касбии ҳавонавардони низомии тоҷик барои афсарону сарбозон рамзи ифтихор аз Ватан, садоқат ба Парчами давлатӣ ва қувваи ягонаи миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар воқеъ, таҷлили ин сана на танҳо ифтихори ҳарбӣ, балки рамзи сулҳу амнияти пойдори Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.
Дар ҷамъомади тантанавӣ ба як қатор афсарону сарбозон медалу ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Previous Post

САНҶИШИ ОМОДАБОШИИ НЕРӮЮ ВОСИТАҲОИ ҲУДУДӢ ВА ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР НОҲИЯҲОИ АЙНИВУ КӮҲИСТОНИ МАСЧОҲ ВА ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ

Next Post

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ, ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИХТИЁР

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ, ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИХТИЁР

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ, ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИХТИЁР

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИЗҲОРОТИ МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ИЗҲОРОТИ МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

18.01.2026
МУАРРИФИИ КАДРҲОИ НАВТАЪИН ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

МУАРРИФИИ КАДРҲОИ НАВТАЪИН ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

16.01.2026
ТАЪИНОТИ КАДРӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

16.01.2026
ТАВЗЕҲОТ БА ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ САТҲИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ВА ЗИЁД НАМУДАНИ МАОШИ АМАЛКУНАНДАИ ВАЗИФАВИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ, КОРМАНДОНИ МУАССИСАЮ ТАШКИЛОТҲОИ БУҶЕТӢ, АНДОЗАИ НАФАҚА ВА СТИПЕНДИЯ»

ТАВЗЕҲОТ БА ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ САТҲИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ВА ЗИЁД НАМУДАНИ МАОШИ АМАЛКУНАНДАИ ВАЗИФАВИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ, КОРМАНДОНИ МУАССИСАЮ ТАШКИЛОТҲОИ БУҶЕТӢ, АНДОЗАИ НАФАҚА ВА СТИПЕНДИЯ»

14.01.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook