Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

26 ҚАДАМИ УСТУВОРИ ДЕСАНТЧИЁНИ ТОҶИК

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
02.08.2023
in Хабар
0
26 ҚАДАМИ УСТУВОРИ ДЕСАНТЧИЁНИ ТОҶИК
0
SHARES
82
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Имрӯз аз таъсисёбии Бригадаи ҳамлаовари десантӣ-зарбавии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сол пур шуд.

Тантанаи ҷашнӣ ба муносибати иди касбии десантчиёни тоҷик, бо поси хотираи нек ва гулгузорӣ намудан, дар назди лавҳаи ёдгории хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ фавтидаанд, оғоз ёфт.

Чорабинии бошукӯҳи идона, ба муносибати 26-умин солгарди таъсисёбии ҷузъу томи десантӣ дар майдони сафороӣ ва бо иштироки роҳбарияти Вазорати мудофиа, ҳайати фармондеҳии ин навъи қӯшун, масъулин ва намояндагони чанде аз сохторҳои низомӣ, собиқадорон, наздикону пайвандони сарбозон ва меҳмонони зиёд идома ёфт.

Баъд аз садо додани Суруди миллӣ, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо ба сухан баромада, оид ба таваҷҷӯҳу ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба низомиён сухан гуфт ва аз рӯзу лаҳзаҳои таъсиси бригадаи десантӣ, дастоварду мувафақиятҳои ҳайати шахсии он дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ёдовар шуда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми десантчиёни тоҷикро бо иди касбиашон табрику таҳният намуд.

Барои маълумот хотирасон менамоем, ки Бригадаи ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамал соли 1998 дар заминаи як баталёнӣ десантӣ-зарбавӣ таъсис ёфта, он то солҳои 2003 ба ҳайси як воҳиди алоҳидаи низомии таъйиноташ махсус дар ҳайати Вазорати мудофиаи мамлакат фаъолият менамуд.

Дар доираи навсозии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва зимни ворид намудани ислоҳоти ҳарбӣ дар Артиши миллӣ, моҳи сентябри соли 2003 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тобеияти Вазорати мудофиаи мамлакат Қӯшунҳои зудамал таъсис дода шуд.

Маврид ба зикр аст, ки бунёди Қӯшунҳои зудамал бе зиёд намудани шумораи умумии Қувваҳои Мусаллаҳ сурат гирифта, ба ҳайати он ҳама қисмҳои низомии десантӣ, тирандозони кӯҳӣ, воҳидҳои таъйиноти махсус ва як қатор ҷузъу томи дигар шомил гаштанд.

Бригадаи десантӣ-зарбавии Қӯшунҳои зудамал яке аз нерӯҳои эҳтиётии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали Артиш мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, он дар арсаи байналмилаливу минтақавӣ низ як қатор ӯҳдадориҳои муҳимро доро мебошад. Аз ҷумла, се баталиони десантӣ аз ин навъи қӯшун ба ҳайати нерӯҳои зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ ва Бригадаи десантии он бошад, пурра ба ҳайати Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ шомиланд. Ҳама ҳайати ҷузъу томи десантӣ аз рӯйи барномаи махсуси таълимӣ фаъолият намуда, омодагии баланди ҷангӣ доранд. Омодагии муштараки зиддитеррористии худро ҳайати шахсии қисмҳои низомии он чӣ дар машқҳои дохилии кишвар ва ҳам дар машқҳои муштараки кишварҳои ба мо ҳампаймон мунтазам сайқал медиҳанд.

Албатта дар замони муосир қувваи асосие, ки ба амнияти минтақавию ҷаҳонӣ таҳдиди хатар мекунад, ин терроризми байналмилалӣ ва экстремизми сиёсӣ аст. Аз ин рӯ ҳадафи асосии бунёди Қӯшунҳои зудамал ин ҷорӣ намудани усулҳои нави омодагӣ бар зидди ин гуна нерӯҳо ва дар маҷмӯъ зудамал ва қобили ҷангу ҳарб намудани ҳама Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад, то ҳифзи дастовардҳои беназири Истиқлоли давлатӣ аз ҳар гуну хавфу хатар доимо эмин нигоҳ дошта шавад.

Барои боз ҳам таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори мудофиавии кишвар ва баланд бардоштани қобилияти ҷангии десантчиёни тоҷик аз ҷониби ҳайати роҳбариву фармондеҳии ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Зеро масоили вобаста ба пурзӯру тавоно намудани қобилияти ҷангии Артиши миллӣ, бешубҳа аз омодагии доимии ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳ сахт вобастагӣ дорад.

Дар ин замина, мувофиқи нақшаи ягонаи тайёрии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва вобаста ба хусусияти ҳар як навъи қӯшун, бо ҷалби хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногун пайваста дарсҳои мухталифи ҳарбиву назариявӣ ва ҳам дар шароитҳои мухталифи дашту саҳро машғулиятҳои амалӣ доир карда мешаванд. Таълимоти ҳарбиву ҷисмонии ҳайати шахсии ҷузъу томи десантӣ низ мутобиқи нақшаи пешбинишуда ва вобаста ба релефи ҷуғрофии ҳудуди Тоҷикистон, асосан дар дохили қисмҳои низомӣ, роҳҳои душворгузари кӯҳии минтақаҳои ҷумҳурӣ ва дар шароити дашту саҳро, бо ташкилу амалан тарҳрезӣ намудани унсурҳои мухталифи зиддитеррористӣ пайваста сайқал дода мешавад.

Умуман, дар даврони Истиқлоли давлатӣ  ва дар давоми 26 соли мавҷудият десантчиёни тоҷик фаъолияти пурсамар дошта, ҳайати шахсии он борҳо собит намудаанд, ки зимни баргузори ҳама гуна амалиёти мусаллаҳона вазифаҳои хизматӣ ва ҳама супоришҳои махсусан муҳими ҷангиро саривақт, бо маҳорати баланд ва бомуваффақият иҷро менамоянд.

      Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуоти

Вазорати мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник

 

 

Previous Post

ОБ ҲАСТИИ МАВҶУДОТИ ОЛАМ

Next Post

ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ- ОМИЛИ МУВАФФАҚИЯТ ДАР МУОМИЛОТ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ- ОМИЛИ МУВАФФАҚИЯТ ДАР МУОМИЛОТ

ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ- ОМИЛИ МУВАФФАҚИЯТ ДАР МУОМИЛОТ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

СУХАНРОНӢ ДАР МУБОҲИСАҲОИ УМУМИИ ИҶЛОСИ 78-УМИ МАҶМАИ УМУМИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД

СУХАНРОНӢ ДАР МУБОҲИСАҲОИ УМУМИИ ИҶЛОСИ 78-УМИ МАҶМАИ УМУМИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД

22.09.2023
ЧОРАБИНИҲОИ ПЕШАЗДАЪВАТӢ ДАР МАҚОМОТИ ПРОКУРОРӢ

ЧОРАБИНИҲОИ ПЕШАЗДАЪВАТӢ ДАР МАҚОМОТИ ПРОКУРОРӢ

22.09.2023
ИШТИРОК ДАР САММИТИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

ИШТИРОК ДАР САММИТИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

20.09.2023
СУХАНРОНӢ ДАР САММИТИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

СУХАНРОНӢ ДАР САММИТИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

20.09.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj