Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

23 ФЕВРАЛ – РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
14.02.2026
in Мақола
0
23 ФЕВРАЛ – РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
0
SHARES
110
VIEWS
Share on Facebook

Тавре ба ҳамагон маълум аст, ҳамасола рўзи 23 феврал, яъне рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари азизамонро дар саросари кишвар бо як шукуҳи хосса ҷашн мегирем. Ин рӯз рамзи шуҷоат, далерӣ, мардонагӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ мебошад. Бояд қайд намоям, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолу љавони мо пас аз пош хурдани давлати бузурги шӯравӣ дар заминаи холӣ бо талошу кӯшишҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии худро таъсис додааст ва аввалин паради ҳарбӣ 23–юми феврали соли 1993 дар ҷумҳурии тозаистиқлоли мо гузаронида шудааст.

Ҳифзи Ватан қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Ватан барои мо на танҳо як сарзамин, балки макони муқаддас, хонаи умеду орзуҳо ва ояндаи дурахшон мебошад. Аз замонҳои қадим фарзандони содиқи миллат барои ҳимояи марзу буми худ ҷоннисорӣ кардаанд ва имрӯз низ сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ бо садоқат ва бо дарки масъулият хизмати худро иҷро мекунанд.  23 феврал рӯзест, ки мо бо эҳтироми хос ба ҳамаи онҳое, ки дар сафи Артиши миллӣ хизмат мекунанд ё кардаанд, изҳори сипос менамоем. Онҳо ҳомиёни сулҳу оромӣ, амният ва истиқлолияти кишвар мебошанд. Ҷавонони имрӯз – муҳофизони фардои Ватананд. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд ҳисси масъулият, ватандӯстӣ, садоқат ва омодагӣ ба ҳифзи кишварро дар дили ҳар як ҷавони кишвар парвариш намоем. Зеро танҳо бо иттиҳод, ваҳдат ва муҳаббат ба Ватан метавонем давлати ободу пешрафтаи худро ба сӯи ояндаи дурахшон равона созем.

23 – юми феврали соли ҷорӣ аз таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 сол пур мешавад. Дар солҳои аввали таъсисёбӣ вазъият дар ин самт ниҳоят душвор буд. Дар қисмҳои ҳарбӣ шароит он қадар хуб ба чашм намерасид. Хушбахтона, имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама мушкилиҳоро паси сар намуда, ба сӯйи қуллаҳои баланд ҳаракат карда истодааст. Дар тӯли 33- соли фаъолият сохторҳои гуногуни ҳарбӣ ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гадидаанд, ки онро дар чанд ҷумла дарҷ кардан ғайриимкон аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самт назари махсус зоҳир намуда, рушди Қувваҳои Мусаллаҳро пояи асосии давлатдорӣ меҳисобад.

Ватан ноёбтарин сарват ва беҳтарин неъматест, ки Худованд барои мо ато кардааст. Ватан модар аст. Ин ду мафҳум барои шахси бонангу номус азиз ва муқаддас аст.

Гузаштагони мо тавонистаанд бо сеҳри қалами худ ватандӯстию ватанхоҳиро иброз намоянд. Шоири ватандӯсти адабиёти мо Ҳабиб Юсуфӣ умри худро то дами марг баҳри хизмат ба Ватан сипарӣ намуд ва бо ашъори ватандӯстонаи хеш маҳбуби ҳамагон гаштааст. Чуноне шоир гуфтааст:

Қалам ба даст бигирам, ки шеър бинвисам,

Забони ман зи ҳама пештар Ватан гӯяд.

Ҳадаф аз иншои чунин мисраъҳо дар дили ҷавонон бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ мебошад. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки фарзандон ва насли ояндаро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанхоҳӣ, ҷавонмардию далерӣ, одобу ахлоқ ва маърифатнокӣ тарбия намуда, онҳоро аз фиребу найранги душманони хунхор муҳофизат намоем.

Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддаси шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳифзи Ватан уҳдадорӣ ва вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванд аст. Тибқи моддаи 43 – юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад”.

Ҳифзи Ватан яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як инсон ва тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Аҷдодони мо ин ҳуввияти миллиро ҳамеша дар худ тарғибу таблиғ менамуданд ва барои озодӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлати хеш ҷони худро дареғ надоштаанд. Ҷавонмардию ҳимояи Ватан аз ниёгон ба мо мерос буда, муқаддас будани Ватанро аҷдодони мо аз хурдсолӣ ба мо омӯзонидаанд ва мо низ бояд ин анъанаро идома дода, дар роҳи тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ҳамеша талош намоем.

 

Диловар  ОДИЛОВ,

сардори Кафедраи ҳарбии Донишгоҳи техникии

Тоҷикистон  ба номи академик Муҳаммад Осимӣ,

полковник

Previous Post

ХИЗМАТ ДАР САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ–МОЯИ ИФТИХОРУ ВАЗИФАИ ҶАВОНМАРДӢ

Next Post

ҲАНГОМИ ТАРИҚИ БАРНОМАҲОИ «ЗЕҲНИ СУНЪӢ» СОХТАНИ АКСҲОИ ТАБЛИҒОТИИ СОҲАИ НИЗОМӢ, РИОЯИ ТАЛАБОТҲОИ ОИННОМАҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ҲАТМИСТ!

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ҲАНГОМИ ТАРИҚИ БАРНОМАҲОИ «ЗЕҲНИ СУНЪӢ» СОХТАНИ АКСҲОИ ТАБЛИҒОТИИ СОҲАИ НИЗОМӢ, РИОЯИ ТАЛАБОТҲОИ ОИННОМАҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ҲАТМИСТ!

ҲАНГОМИ ТАРИҚИ БАРНОМАҲОИ "ЗЕҲНИ СУНЪӢ" СОХТАНИ АКСҲОИ ТАБЛИҒОТИИ СОҲАИ НИЗОМӢ, РИОЯИ ТАЛАБОТҲОИ ОИННОМАҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ҲАТМИСТ!

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

14.03.2026
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ БАҲОРИИ СОЛИ 2026 БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ БАҲОРИИ СОЛИ 2026 БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

14.03.2026
ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМИИ ЯКРӮЗА БО КОМИССАРОНИ ҲАРБИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МАМЛАКАТ

ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМИИ ЯКРӮЗА БО КОМИССАРОНИ ҲАРБИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МАМЛАКАТ

13.03.2026
ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ НАМОЯНДАГОНИ ВАО АЗ ҶОНИБИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ НАМОЯНДАГОНИ ВАО АЗ ҶОНИБИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

11.03.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook