Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ОБ-МАНБАИ ҲАЁТ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
15.03.2022
in Хабар
0
ОБ-МАНБАИ ҲАЁТ
0
SHARES
432
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам буда, ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Модоме ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олами зинда об аст, пас мо вазифадорем, ки ин маъхази бузургро чун асоси ҳастӣ, чароғи равшандиҳандаи созгори дунёи ҳастӣ эҳтиром намоем ва тозаву озода нигоҳ дорем.

Тибқи таҳлили мутахассисони соҳа, Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби одию маъдании бешумор дорад. Перомуни ин масъала Президенти мамлакат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштаанд ки: «Тоҷикистон, алҳақ, як неъмати худодод, як муъҷизаи табиат, як пора биҳишти рӯйи Замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бои зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надорад. Пас месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем ва шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш бикунем, ин ҳама дороиашро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаю озода нигаҳбон бошем».
Вобаста ба афзоиши аҳолӣ дар ҷаҳон, талабот ба оби ошомиданӣ низ зиёд гаштааст, вале на ҳамаи давлатҳо имкони таъмини аҳолиашонро бо оби тоза доранд. Онҳоро зарур меояд, то бо сарфи маблағи зиёд аз дигар кишварҳо об ворид намоянд. Ҳоло дар ҷаҳон зиёда аз 600 млн нафар аз норасоии оби тоза танқисӣ мекашанд ва ҳамасола зиёда аз 5 млн. нафар аз истеъмоли оби ғайрисанитарӣ ба ҳалокат мерасанд, ки қисми зиёди он ба Африқо, махсусан ба биёбони Саҳрои Кабир рост меояд.
Бо зиёдшавии муассисаҳои истеҳсолӣ ва воситаҳои техникӣ иқлим гарм шуда, боиси хушкшавии дарёҳо ва аз меъёр зиёд об шудани пиряхҳои кӯҳӣ ва материкӣ гаштааст. Агар ин раванд давом кунад, баъди 100-150 сол  90%-и ҳудуди Африқо ба биёбон табдил ёфта, 5 млрд. нафар дар тамоми кураи Замин аз истеъмоли об маҳрум мешаванд.
Моҳияти ин масъаларо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк намуда, соли 1999 дар ҷаласаи 54-уми СММ пешниҳод намуд, то соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» эълон карда шавад. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби кишварҳои аъзои СММ дастгирӣ ёфт. Ҳадафи асосии ин пешниҳод ҳалли проблемаи об дар рӯи Замин буд. Соли 2003 дар Симпозиуми байналмилалие, ки дар шаҳри Токио бахшида ба «Соли оби тоза» гузашт, бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  солҳои 2005-2015 даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон карда шуд.
Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки дар саргаҳи дарёҳои бузург воқеъ буда, дорои захираҳои бузурги обӣ мебошад ва аз рӯи захираи оби тоза дар ҷаҳон дар ҷойи 7-ум ва дар ИДМ дар ҷойи 2-юм (баъд аз Русия) қарор дорад. Захираи умумии обии Тоҷикистон 88,6 млрд м3-ро ташкил медиҳад, ки ин зиёда аз 60%-и захираи обии Осиёи Миёна мебошад.
Бояд қайд кард, ки Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018- 2028”, ки аз ҷониби давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид якдилона қабул шуд, бори дигар эътирофгари созандагӣ ва ташаббускории ин миллат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд ҳар лаҳзаро  ғанимат шумурда, бо роҳи амалисозии қарордодҳои нав, мувофиқати механизмҳои ба ҳамдигар муфид ва аз ҳама муҳим иродаи некхоҳонаи кишварҳоро эҷод намуда, мушкилоти истифодаи обро дар сатҳи байналмилалӣ аз байн барем.

Далер ЁРОВ,

сардори сикли тайёрии

техникии Кафедраи ҳарбии

ДТТ ба ном М. Осимӣ,
подполковник

Previous Post

Боздид аз Пойтахти нави маъмурии Миср

Next Post

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. ҲАБСИ ИФРОТГАРОЕ, КИ АФВ ШУД, ВАЛЕ ИСЛОҲ НАГАРДИД

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. ҲАБСИ ИФРОТГАРОЕ, КИ АФВ ШУД, ВАЛЕ ИСЛОҲ НАГАРДИД

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. ҲАБСИ ИФРОТГАРОЕ, КИ АФВ ШУД, ВАЛЕ ИСЛОҲ НАГАРДИД

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

26.01.2023
МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25.01.2023
РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

24.01.2023
ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

20.01.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj