Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
14.03.2026
in Мақола
0
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

?????????

0
SHARES
95
VIEWS
Share on Facebook

Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад!

 

Таҳияи стратегия бо назардошти таҳдидҳо ва хатарҳои муосир  

«Стратегияи нав оид ба пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»  бо назардошти таҳдидҳо ва хатарҳои муосир, равандҳои вобаста ба тундгароӣ, инчунин таҷрибаи байналмилалӣ дар самти пешгирии экстремизм ва мубориза бо терроризм таҳия гардидааст. Ин санад самтҳои авлавиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин раванд муайян менамояд. Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2026–2030 маҷмуи тадбирҳои амалӣ оид ба татбиқи ҳадафҳои стратегияро дар бар гирифта, аз ҷумла баргузории барномаҳои илмӣ ва маърифатӣ, баланд бардоштани савияи касбии мутахассисон, тақвияти иқтидори таҳлилӣ-мониторингӣ, инчунин таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иттиҳодияҳои диниро пешбинӣ менамояд.

Қабули Қонун «Дар бораи прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»  

Тасдиқи ин санад дар робита ба он аст, ки 14 март кормандони мақомоти Прокуратураи Тоҷикистон иди касбиро таҷлил менамоянд. Бояд гуфт, ки  8 апрели соли 2015 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуд. Тибқи он дар мамлакат 14 март рӯзи касбии кормандони мақомоти прокуратура таъйин шуд. Таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура аз он ибтидо мегирад, ки 14 марти соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, тибқи он вазифаи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Мақомоти прокуратура — сохтори муҳими низоми давлатдорӣ

Мақомоти прокуратура яке аз сохторҳои муҳими низоми давлатдорӣ буда, вазифаи асосии он аз таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи мустақилият ва соҳибихтиёрии мамлакат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ иборат аст.

Истиқлоли давлатӣ — заминаи ташаккули мақомоти прокуратура

Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ мақомоти прокуратураи Тоҷикистон чун дигар сохторҳои давлатӣ таҳаввулоти зиёдро аз cap гузаронида, дар ҷомеа ҳамчун ниҳоди мустақил ва ҷавобгӯ ба принсипҳои демократии давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста касб намуд. Дар ин давра барои фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура заминаҳои устувори ҳуқуқӣ-конститутсионӣ ташаккул ёфта, ваколату салоҳияти назоратию мурофиавии он дақиқ муайян карда шуданд. Самтҳои асосии фаъолияти прокуратура бо назардошти манфиатҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият, вазъи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат мушаххас гардиданд. Заминаҳои рушд ва таҳкими фаъолияти мақомоти прокуратура дар Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди мустақили давлатӣ ба таърихи давлатдории навини тоҷикон, яъне ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ пайванди ногусастанӣ доранд.

Соли 1994 сохтори мақомоти прокуратура тасдиқ гардид

Таърих ва роҳи тайкардаи мақомоти прокуратура дар солҳои Истиқлоли давлатӣ бозгӯи он аст, ки таҳкими фаъолияти ин сохтор таҳти ҳидояту дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гардида, мавқеи он дар низоми ҳуқуқии мамлакат боло рафт. Баъди баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ дар заминаи барқарорсозӣ ва таҳкими сохторҳои давлатӣ 29 январи соли 1994 бо Қарори Раёсати Шурои Олӣ сохтори мақомоти прокуратура тасдиқ шуд.

Рисолат-таҳкими волоияти қонун ва суботи мамлакат

Самтҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратура ба назорати риояи иҷрои якхелаи қонунҳо, таҳкими волоияти қонун ва суботу амнияти мамлакат нигаронида шудаанд. Инчунин назорати риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки арзиши олӣ эътироф гардидаанд, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, манфиатҳои давлат, шаклҳои гуногуни моликияти давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар мурофиаи судӣ, назорат ба риоя ва иҷрои қонунҳо, тафтиши ҷиноятҳо, таҳияи чораҳои пешгирии ҷиноятҳо, мубориза бар зидди коррупсия, терроризм, экстремизм ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо якҷоя бо дигар мақомоти давлатӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии он аз рисолатҳои дигари мақомоти прокуратураи Тоҷикистон мебошанд.

Кормандони мақомоти прокуратура дар душвортарин лаҳзаҳои таърихи давлатдории муосир садоқати худро ба Ватан, арзишҳои миллӣ ва рисолати конститутсионии худ собит намудаанд. Ҳоло дар ҳар саҳифаи таърихи истиқлол нишоне аз талошҳои мақомоти прокуратура дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини субот дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ сабт шудааст.

Дар назди кормандони мақомоти прокуратура бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон ва афзоиши таҳдиду хатарҳои нав, бахусус терроризму экстремизм, ки метавонанд ба амният ва манфиатҳои миллию давлатии мо низ таъсир гузоранд, масъулияти бештар меистад. Дар чунин вазъ барои ҳифзи волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, муқовимат ба терроризму экстремизм, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои давлат, ҷомеа ва шаҳрвандон масъулияти баланд тақозо мегардад.

 

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

 

Previous Post

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ БАҲОРИИ СОЛИ 2026 БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

Next Post

КУМАКИ БАШАРДӮСТОНА БА МАРДУМИ ЭРОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
КУМАКИ БАШАРДӮСТОНА БА МАРДУМИ ЭРОН

КУМАКИ БАШАРДӮСТОНА БА МАРДУМИ ЭРОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НАҚШАИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 10-РӮЗИ АВВАЛ БЕШ АЗ 80 ФОИЗ ИҶРО ШУД

НАҚШАИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 10-РӮЗИ АВВАЛ БЕШ АЗ 80 ФОИЗ ИҶРО ШУД

11.04.2026
МАҶЛИСИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

08.04.2026
ҶАЛАСАИ 86-УМИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ

ҶАЛАСАИ 86-УМИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ

03.04.2026
ХИЗМАТ БА ВАТАН БУЗУРГТАРИН РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДИСТ!

ХИЗМАТ БА ВАТАН БУЗУРГТАРИН РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДИСТ!

02.04.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook