Ҷаласаи комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2026 ба хизмати ҳарбӢ

Дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ баргузор шуд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаро оғоз намуда, дар он ду масъала — рафти омодагӣ ба даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, риояи интизоми ҳарбӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Муовини Сарвазири кишвар, раиси комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ дар оғози ҷаласа соли 2026-ро бо назардошти рушди дигар соҳаҳо ва дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми Тоҷикистон соли муқаддас маънидод намуда, дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нишонаи масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ ва ҳувияти баланди миллии хизматчиёни ҳарбӣ арзёбӣ намуд.
Таваҷҷуҳу дастгириҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба хизматчиёни низомӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи кору хизмат дар баромади вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Собирзода Эмомалӣ, ба таври васеъ шарҳ ёфт.
Вазири мудофиа дар идомаи баромади худ ҳамзамон қайд намуд, ки даъвати шаҳрвандон ба сафи Артиши миллӣ чорабинии муҳими давлатӣ ва сиёсӣ буда, он ҳамасола дар ду мавсим — баҳорӣ ва тирамоҳӣ — баргузор карда мешавад.
Бо мақсади иҷрои саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999–2008-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» то ин ҷониб аз тарафи Вазорати мудофиа дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Дар ин замина, ҳамкории комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шаҳрвандон, сохторҳои марбутаи ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ хуб ба роҳ монда шудааст.
Дар идомаи ҷаласа роҳбарияти мақомоти назоратӣ баромад намуда, риояи интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҳайати шахсӣ, тақвияти ҳамкориҳои судманд бо сохторҳои марбута, баргузории суҳбату вохӯриҳо ва чорабиниҳои гуногуни ташвиқотиву тарбиявиро омили муҳими рушди соҳа ва бартараф гардидани камбудиҳои мавҷуда арзёбӣ намуд.
Қисмати дигари ҷаласа ба муҳокимаи масъалаҳои муҳими вобаста ба даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бахшида шуд.
Дар ин қисмат муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ Дилрабо Мансурӣ баромад намуда, аз роҳбарияти сохторҳои марбута иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандонро ба сафи Артиши миллӣ талаб намуд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҷиҳати муоинаи дақиқ ва дурусти тиббӣ комиссияҳои даъватӣ аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳаи тандурустӣ интихоб гардида, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои қабули навдаъватшавандагон дар ҷойҳои муайянгардида шароити мусоид фароҳам намоянд.
Баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ дар миёни ҷавонон, омӯзиши дақиқи захираҳои даъватӣ, вусъат бахшидани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ, беҳтар намудани вазъи гузаронидани дарсҳои дифои ҳарбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз масъалаҳои дигар ва муҳими ҷаласа буданд.
Показать меньше





