Аз 17 то 19 сентябри соли равон дар Пекин 12-умин Форуми амнияти Сяншан баргузор мегардад. Дар Форуми мазкур, ки дар мавзӯи «Ҳифзи тартиботи байналмилалӣ ва мусоидат ба рушди сулҳомез» пешбинӣ шудааст, тақрибан 2000 нафар иштирокчӣ, махсусан намояндагони вазоратҳои мудофиа, таҳлилгарони низомӣ, олимон ва коршиносони зиёда аз 100 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок хоҳанд кард.

Бояд қайд кард, ки дар ин Форум ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сардори Ситоди Генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми вазири мудофиа, генерал-лейтенант Бобоҷон Саидзода иштирок мекунад.
Тибқи иттилои масъулин имсол дар ҳамоиши байналмилалии муколамаи коршиносони низомӣ ва мақомоти мудофиа чаҳор ҷаласаи умумӣ ва ҳашт баҳс баргузор мешавад, ки дар он масоил, аз қабили идораи амнияти ҷаҳонӣ, ҳамкориҳои Осиё ва уқёнуси Ором, назорати аслиҳа ва таъсири фанновариҳои нав ба амнияти ҷаҳон баррасӣ мешаванд. Гуфтугӯҳои сатҳи баланд ва семинари афсарону донишмандони ҷавони низомӣ низ таваҷҷӯҳи зиёдро ҷалб мекунанд. Ба гуфтаи кумитаи тадорукот, анҷумани имсола бо ширкати афзояндаи вакилони кишварҳои пешрафта, иқтисодҳои рӯ ба тараққӣ, кишварҳои хурду миёна ва давлатҳои минтақаҳои низоъ фарқ мекунад.

Ву Цзянган, роҳбари Бюрои ҳамоҳангсозии Кумитаи тадорукоти Форуми Сяншан дар Пекин, гуфт: «Барои беҳтар инъикос кардани ошкорбаёнӣ ва фарогир будани форум ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар ба иштирокчиён барои баёни андешаҳои сиёсии худ, мо дар давоми ҷаласаҳои пленарӣ бахшҳои нави интерактивиро илова кардем».
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон





