11 — март ҳамасола дар кишвар ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Сол аз сол нақш ва ҷойгоҳи матбуот дар ҷаҳон васеъ гардида, аз ҳар як телевизион, радио, газета ва дигар расонаҳои хабарӣ баҳри ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ масъулияти бузургро тақозо менамояд.
Рӯзи матбуоти тоҷик падидаи даврони соҳибистиқлолии мамлакат мебошад. Он бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994 инҷониб таҷлил карда мешавад. Рӯзи матбуоти тоҷик ба чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ — «Бухорои шариф», ки шумораи аввалинаш 11 марти соли 1912 интишор ёфта, дастраси хонандагон гардида буд, иртибот дорад.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавҷуд будани санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ имрӯз ваъолияти ВАО – и кишвар озод буда, намояндаҳои онҳо масъулияти хешро сарбаландона иҷро намуда истодаанд.
Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо ВАО, аз ҷумла телевизионҳои давлатӣ, рӯзномаву маҷалла, сомонаҳои расмӣ, марказ ва хадамотҳои матбуотии сохторҳои қудратӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо қаноатманд буда, дар фаъолияти минбаъдаашон барору комёбӣ, саломатии бардавом, қалами бурро ва музаффариятҳои беназир таманно менамояд.
Рӯзи матбуоти тоҷик муборак, ҳамкасбони гиромӣ!
Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон





