Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

1-УМИ ИЮЛ ДАВРИ ДУЮМИ ТАҲСИЛ ДАР ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БО РИОЯИ ҚОИДАҲОИ САНИТАРӢ-ГИГИЕНӢ ОҒОЗ ГАРДИД

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
01.07.2021
in Хабар
0
1-УМИ ИЮЛ ДАВРИ ДУЮМИ ТАҲСИЛ ДАР ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БО РИОЯИ ҚОИДАҲОИ САНИТАРӢ-ГИГИЕНӢ ОҒОЗ ГАРДИД
0
SHARES
179
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Барои маълумот хотиррасон мекунем, ки ҳамасола дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду давраи омӯзишӣ пешбини шудааст, ки яке аз якуми январ оғоз гардида, он то охири моҳи май ҷамъбасту натиҷагирӣ карда мешавад. Даври дуюми таҳсил бошад, аз 1-уми июл дар Артиши миллии мамлакат шурӯъ гардида, он дар охири моҳи ноябр пурра ба анҷом мерасад. Зимни оғози ҳар як даври таҳсил ҷамъомаду машғулиятҳои гуногуни назариявию амалӣ ва баромадҳои саҳроӣ ба нақша гирифта шуда, он бо ҷалби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣ ташкилу ба роҳ монда мешавад.

Имсол низ дар рӯзи нахустини оғози даври дуюми омӯзишӣ, бо андешидани тамоми татбирҳо вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии ҳамагуна бемориҳои сироятиву мавсимӣ ва риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ, чун оини доимии низомиён ин чорабинии муҳим дар Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии  Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томҳои навъи қӯшунҳо ва қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ бо сафороии ҳайати шахсӣ ва дар фазои тантанавӣ баргузор гардид. Масъулини вазорати мудофиа ва намояндагони навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ки сарпарастии бевоситаи  ҷузъу томҳоро бар уҳда доранд, дар ин чорабиниҳои ҷашнӣ, вобаста ба оғози даври дуюми таҳсил ширкат намуда, доир ба ҳадафу моҳияти дарсу машғулиятҳои омӯзишӣ баромад карданд ва ба ҳайати шахсӣ хониши аълоро орзу  намуданд. Илова бар ин, дар чунин чорабиниҳо роҳбарони машғулиятҳо дар саҳни ҳавлии тамоми қисмҳои низомӣ ва дигар нуқтаҳои таълимӣ ашёву лавозимоти намунавии даври омӯзиширо дар назди ҳайати шахсӣ мегузоранд. Ҳамзамон барои омӯзиши фанҳои дақиқи низомӣ тамоми нуқтаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои тобистонаи қисмҳои ҳарбиро ба таври доимӣ бо асбобҳои аёнии дарсӣ ва дигар дасгоҳу лавозимоти омӯзишӣ, ки ба иҷрои вазифаҳои ҳар як навъи қӯшун нигаронида шудаанд, муҷаҳҳаз менамоянд. Ба зами ин, дар қисмҳои низомӣ барои ташкилу баргузории машғулиятҳои назариявию амалии саҳроӣ, ки он мувофиқи нақша аз рӯи мавзӯъҳои омодагии ҷангӣ, тактикию тирандозӣ, муҳандисию оташфишонӣ, рондани техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҳарбӣ, дарсҳои тайёрии ҷамъиятӣ-давлатӣ ва маълумот бардоштан аз авзои сиёсии дохиливу бурунмарзӣ, ки ғайр аз вақтҳои истироҳатии сарбозон дар дигар рӯзҳо давоми 6 соат муқаррар шудааст, афсарони пуртаҷриба вобаста мегарданд. Рафти таълимоти фанҳои низомии ҳайати шахсӣ аз ҷониби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа ва афсарони масъули навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ пайваста назорат карда мешаванд ва натиҷаи таълимот ва дониши андӯхтаи хизматчиёни ҳарбӣ, зимни анҷоми даври муайяншудаи омӯзишӣ мавриди санҷиш қарор мегирад.

 Бояд тазаккур дод, ки барои гузаронидани чунин машғулиятҳои намунавӣ вобаста ба оғози давраҳои омӯзишӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, муовинони вазири  мудофиа, сардорони раёсатҳои дахлдори ин ниҳоди қудратӣ, ҳар як фармондеҳи навъи қӯшун, командирони қисмҳои низомӣ ва афсарону сарбозони вобастаи ҷузъу томҳо, бо кумаку дастгирии роҳбарият ва хадамоти дахлдори Вазорати мудофиа тамоми кушишу ғайрати хешро ба он равона мекунад, то дар муддати як моҳе, ки барои тайёрӣ ба даври навбатии омӯзишӣ пешбини мешавад, тамоми шароитҳои зарурии таълимиро муҳайё созанд. Дар ин замина, баҳри тақвият бахшидани донишу малакаи касбии низомиён, такмили маҳорати соҳавӣ ва сайқал додани таҷрибаи пешқадам дар самти пешбурди хизмати шабонарӯзии ҳайати шахсӣ, тамоми шароити хизмативу маишӣ, таълимиву фароғатӣ ва заминаҳои хуби моддиву техникӣ фароҳам оварда мешаванд.

Фаридун Маҳмадализода

сардори Маркази матбуоти

Вазорати мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

полковник

Previous Post

ҶАВОНОНРО ГУМРОҲӢ БА ИФРОТГАРОӢ МЕБАРАД

Next Post

Далерони матиниродаи Ватан

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
Далерони матиниродаи Ватан

Далерони матиниродаи Ватан

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

26.01.2023
МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25.01.2023
РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

24.01.2023
ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

20.01.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj