Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ТАҶЛИЛИ ИДИ ДЕСАНТЧИЁН ДАР БРИГАДАИ ҲАМЛАОВАРИ ДЕСАНТИИ ҚӮШУНҲОИ ЗУДАМАЛИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
02.08.2025
in Хабар
0
ТАҶЛИЛИ ИДИ ДЕСАНТЧИЁН ДАР БРИГАДАИ ҲАМЛАОВАРИ ДЕСАНТИИ ҚӮШУНҲОИ ЗУДАМАЛИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ
0
SHARES
135
VIEWS
Share on Facebook

 

28 сол муқаддам бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бригадаи ҳамлаовари десантӣ – зарбавии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Ба муносибати таҷлили сазовор аз ин санаи муҳим дар пойгоҳи бригадаи мазкур чорабинии тантанавӣ баргузор карда шуд, ки дар он роҳбарияти Вазорати мудофиа, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, ҳайати фармондеҳии ин навъи қӯшун, масъулин ва намояндагони сохторҳои низомӣ, собиқадорон, наздикону пайвандони сарбозон ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.

Қабл аз оғози чорабинӣ аз ҷониби вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар иштирокчиён ҳамчун нишони эҳтиром ва пос доштани хотираи неки хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ фавтидаанд, дар назди лавҳаи ёдгорӣ гулчанбар гузошта шуд.

Чорабинии тантанавӣ таҳти навои Сурудӣ миллӣ ва бо ворид намудани Парчами давлатӣ ва Байрақи ҷангӣ ба майдон оғоз гардид.

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода зимни суханронии худ оид ба таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба низомиён ибрози назар намуда, аз рӯзҳои таъсиси бригадаи десантӣ, дастоварду муваффақияти ҳайати шахсии он дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ёдовар шуд ва тамоми десантчиёни тоҷикро бо иди касбиашон табрик намуд.

Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода низ зимни баромади худ тамоми десантчиёни ғаюру диловари меҳанро бо иди касбияшон табрику муборакбод намуда, саҳми онҳоро дар сулҳу суботи мамлакат муҳим арзёбӣ намуд.

Чанд рӯз қабл яъне то баргузории ҷашн як зумра мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ доир гардида буд, ки он дар ҷараёни чорабинӣ ҷамъбаст ва ғолибон бо Ҷом, диплом ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамзамон як қатор афсарони Бригадаи ҳамлаовари десантӣ барои хизматҳои содиқонаву софдилона бо медалу ифтихорнома ҳавасманд гардонида шуданд.

Дар идома бахшида ба ҷашни десантчиёни меҳан чорабиниҳои гуногуни ҳарбӣ, намоиши силоҳу аслиҳаҳои замони муосир, техникаҳои низомӣ, ҷанги тан ба тан бо усули Шарқӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ташкилу баргузор карда шуд, ки он боиси ифтихор ва рӯҳбаландии ҳар як хизматчии ҳарбӣ гардид.

Бояд ёдовар шуд, ки Бригадаи ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамал, яке аз нерӯҳои эҳтиётии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, он дар арсаи байналмилаливу минтақавӣ як қатор уҳдадориҳои муҳимро доро мебошад.

Аз ҷумла, се баталиони десантӣ аз ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳайати нерӯҳои зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ ва Бригадаи десантии он бошад, пурра ба ҳайати Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ шомиланд.

Дар давоми 28 соли мавҷудият, десантчиёни тоҷик дар ҳамоҳангӣ бо дигар воҳидҳои таъйиноти махсуси сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат борҳо дар амалиёти мухталифи ҷангӣ иштироки фаъолона карда, вазифаҳои дар назди онҳо гузошташударо сарбаландона иҷро намудаанд.

Мавриди зикр аст, ки имрӯз дар ҳайати Бригадаи ҳамлаовари десантӣ, қисму воҳидҳои низомии Қӯшунҳои зудамали ҷумҳурӣ ва умуман дар сафи Артиши миллӣ хизматчиёни ҳарбии қавииродаву ватандӯст хизмат мекунанд, ки дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, барои ҳифзи марзу бум ва ҳимояи ҳар зарра хоки поку муқаддасӣ ин сарзамини аҷдодӣ доимо омодаанд.

Маркази матбуот ва иттилооти

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Previous Post

МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Next Post

ИШТИРОК ДАР МУЛОҚОТИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ИШТИРОК ДАР МУЛОҚОТИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ИШТИРОК ДАР МУЛОҚОТИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИФТИТОҲИ БИНОИ РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГУРӮҲИ НОҲИЯҲОИ ВОДИИ ҲИСОР ВА ТАҚДИМИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТИИ ХИЗМАТӢ БА КОРМАНДОНИ ОН

ИФТИТОҲИ БИНОИ РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГУРӮҲИ НОҲИЯҲОИ ВОДИИ ҲИСОР ВА ТАҚДИМИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТИИ ХИЗМАТӢ БА КОРМАНДОНИ ОН

09.12.2025
КОРРУПСИЯ-ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

КОРРУПСИЯ-ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

09.12.2025
ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

06.12.2025
ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

05.12.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook