Дар асоси Нақшаи маҷмӯи ягонаи Вазорати мудофиа барои соли 2025 рӯзҳои 18–19-уми июли соли ҷорӣ бо ҷалби ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати мудофиа ва фармондеҳони навъҳои қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади дурӯзаи таълимӣ-методӣ доир гардид. Омодагӣ ба марҳилаҳои ташкилу баргузории ҷамъомад бо сафороиву вазифагузории иштирокчиёни он дар пойгоҳи қисми ҳарбии 02615-и Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат оғоз ёфт.
Сипас, дар доираи машғулиятҳои назариявии рӯзи аввали ҷамъомад ҳайати шахсӣ дар толори асосии вазорат ба омӯзиши мавзӯъҳои мубраму зарурӣ, аз қабили истифодаи ҷузъу томҳои қӯшунҳои ракетӣ-артиллерӣ, ташкили таъминоти муҳандисӣ ва ташкили фаъолият оид ба нигоҳ доштани ҳолати рӯҳӣ-равонии хизматчиёни ҳарбӣ фаро гирифта шуданд.
Ҳамин тавр, баҳри дар сатҳи баланд ташкилу роҳандозӣ намудани ҷамъомади мазкур пойгоҳҳои моддӣ-таълимии қисмҳои ҳарбии ба ҷамъомад пешбинигардида ва машқгоҳи “Сумбула”-и гарнизони Хатлон ҳамаҷониба омода карда шудаанд.

Зимни оғози рӯзи дуюми ҷамъомад дар машқгоҳи “Сумбула” вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба татбиқи сиёсати ҳарбии Ҳукумати кишвар, таъмини мудофиаи давлат ва дар ин замина баланд бардоштани иқтидору тавонии ҷангии Арнтиши миллӣ, вазири мудофиаи мамлакат дар назди ҳайати шахсии иштирокчиёни ҷамъомади таълимӣ-методии навбатӣ баромад карда, масъулини роҳбарикунандаи ҷузъу томи ин ниҳоди қудратии кишварро бо дастуру супоришҳои мушаххас дар самти иҷрои вазифаҳои пурмасъули бар ӯҳдадошта вазифагузорӣ намуд. Ҳамзамон, дар робита ба ҳадафу моҳияти ҷамъомади мазкур таъкид карда шуд, ки иштирокчиёни ҷамъомадро зарур аст, ки тамоми мавзӯву масъалаҳои пешбинигардида дар ин ҷамъомадро ба таври мушаххас мавриди омӯзиш қарор дода, онро дар таҷрибаву фаъолияти идории худ истифода намоянд.

Пас аз таҳлилу баррасии масъалаҳои дахлдори соҳавӣ ва вазифагузориҳо дар ин самт ҳайати шахсӣ ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, дар нуқтаҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва тактикии машқгоҳи “Сумбула” ба машғулиятҳои амалии тирпарронӣ аз навъҳои гуногуни аслиҳаҳои ҷангӣ фаро гирифта шуданд.
Қобили қайд аст, ки ин гуна машқу тамринҳо дар ҷузъу томи Артиши миллӣ бо иштироки хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногун бо истифода аз силоҳҳои оташфишони сабуки ҷангӣ, мошинҳои махсуси низомӣ ва техникаҳои вазнину зиреҳпӯши ҳарбӣ пайваста ташкилу гузаронида мешавад, то ки афсарону сарбозон баҳри иҷрои саривақтии вазифаҳои пурмасъули низомии хеш ҳамеша дар сатҳи баланди омодабош қарор дошта бошанд. Маҳз бо ҳамин мақсад ҳайати шахсии навъҳои қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳ низ вобаста ба ҳадафу таъиноти вазифавии худ чунин машғулиятҳои амалии таълимиро дар пойгоҳи қисму воҳидҳои низомӣ ва машқгоҳҳои ҳарбии ҳудуди гарнизонҳои ҷумҳурӣ мунтазам доир менамоянд.

Бояд гуфт, ки чунин ҷамъомадњои таълимӣ-методӣ бо дарнанзардошти вазъи ноороми минтақаву ҷаҳон ва торафт густариш ёфтани мафкураҳои номатлуби фаромиллӣ, аз қабили экстремизм ва зуҳуроти нави террористӣ, ки дар замони муосир яке аз мушкилоти умдаи сайёра гаштаву рӯз аз рӯз доираи фарогириаш васеъ шуда истодааст, роҳандозӣ карда мешавад. Машқҳои тактикиву намоишии доиргардида дар марҳилаи асосии ҷамъомади навбатии ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати мудофиа ва фармодеҳони навъҳои қӯшуни Артиши миллӣ дар тамрингоҳи “Сумбула”-и гарнизони Хатлон аз чунин ҳадафу моҳият иборат буд, ки ҳайати шахсӣ бо истифода аз дастгоҳу лавозимоти ҳозиразамони ҳарбӣ, аслиҳаву мошинҳои махсуси ҷангӣ ва дигар техникаҳои низомӣ вазифаҳои худро дар сатҳи баланди масъулият ва маҳорати ҷангӣ иҷро намуданд.
Тибқи матлаб машқҳои мазкур ҷанбаҳои муҳим, пеш аз ҳама ҳамоҳангсозии амалиёт, истифодаи самараноки силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ва посух ба вазъиятҳои ногаҳониро дар бар мегирифт.

Маврид ба зикр хос аст, ки машқҳои тактикӣ яке аз унсурҳои асосии баланд бардоштани омодагии ҷангии афсарону сарбозон ба шумор меравад. Зимни ҷамъбасту натиҷагирии машқҳои намоишӣ ва марҳилаҳои амаливу тактикии ҷамъомади навбатӣ дар қароргоҳи яке аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар гарнизони Хатлон аз ҷониби масъулини роҳбарикунандаи ҷамъомад қайд карда шуд, ки омодабошии доимии ҷангӣ ва дар ин замина мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат аз фаъолияти ҳамешагии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳисоб меравад. Ҷиҳати ҳимоя аз шаъну шарафи ҳамватанон ва таъмини якпорчагии Тоҷикистони азиз дар баробари ҳар як афсару сарбоз, инчунин шаҳрвандони комилҳуқуқи кишварро низ зарур аст ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон





