Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ҶАЛАСА ОИД БА ДАЪВАТИ БАҲОРӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
07.03.2022
in Хабар
0
ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ МОДАР”
0
SHARES
330
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Барои сифатан хуб ташкилу ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватӣ дар пойгоҳи яке аз қисмҳои низомии тобеи Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ бо ҷалби комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ машғулиятҳои методӣ-таълимӣ доир гардид. Қабл аз оғози машғулиятҳои таълимӣ, роҳбарияти Вазорати мудофиа дар назди онҳо суханронӣ намуда, нахуст доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар самти баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, тақвият бахшидани ҳайати захираҳои сафарбарӣ, омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани талаботи Нақшаи мудофиаи ҳудудӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва дигар масъалаҳои вобаста ба тайёрии масъулин дар самти боз ҳам беҳтар ва сифатан хуб ташкилу ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ изҳори назар кард. Ва аз иштирокчиёни ҷамъомади таълимӣ, баҳри дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ муносибати ҷиддиро талаб намуд.

Аз ҷумла, дар ҷамъомад қайд карда шуд, ки ҳамасола новобаста  аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва дигар пешравиҳои назаррас дар ин самт, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи беэътиноӣ зоҳир намудани масъулини мақомоти вобастаи даъват дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат мушкилиҳои ҷиддӣ низ ба назар мерасанд, ки саривақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта аз масъулин диққати ҷиддиро тақозо мекунад.  Дар ҷамъомад ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки шумораи ҷавонони синну соли даъватӣ нисбат ба талаботи Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҷумҳурӣ хеле зиёд аст ва ин имконият медиҳад, ки аз байни ҷавонони ҳама табақаҳои аҳолии қишвар, беҳтаринҳо интихоб ва ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда шаванд.

Вазири мудофиа бо ёдоварӣ аз муроҷиати шаҳрвадон ба унвонии ӯ таъкид намуд, ки ҳамкориро бо мардум ва аҳли ҷомеа боз ҳам ҷоннок намуда, бобати ҳалли мушкилот, муроҷиати онҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба даъвати ҷавонписарон марбут мебошад, дар чаҳорчӯбаи қонун саривақт қарори дахлдор қабул намоянд.

Илова бар ин, қатъӣ супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори шаҳриву ноҳиявӣ таваҷҷуҳи зиёд ба масоили омӯзиши шахсияти даъватшавандаҳо, таъмиру тармим намудани бинову иншооти комиссариатҳои ҳарбӣ, саҳмгузорӣ дар ободонӣ ва сабзу хуррамгардонии муҳити зист, сифатан хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватӣ, пешгирӣ намудани сатҳи содиршавии ҳар гуна қонуншиканиҳо ба хусус, ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва бо масъулияти баланд муносибат намудан дар самти иҷрои нақшаи даъвати шаҳрвандон бояд диқати ҷиддӣ равона карда шавад.

Баъд аз анҷоми ҷаласа, бо ҷалби комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ҷамъомади таълимӣ доир гардида, он рӯз аз ҷониби сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, муовинони вазири мудофиа, сардорони раёсатҳои дахлдори ин ниҳоди қудратӣ, намояндагон аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, аз ҷониби Сарпрокуратураи ҳарбӣ ва дигар афсарони масъули вобаста оид ба  мавзӯъҳои гуногуни соҳавӣ машғулиятҳо гузаронида шуданд. Ва дар даври ниҳоии ҷамъомади таълимӣ иштирокчиёни он бо супоришҳои мушаххас вазифадор гардиданд.

Қобили зикр аст, ки санаи 4-уми марти соли равон, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёнии ҳарбие, ки муҳати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004-ум ба тасвиб расид.

 Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуот,

 полковник

 

Previous Post

ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ МОДАР”

Next Post

ТЕРРОРИЗМ-ЗУҲУРОТИ ХАРОБИОВАРИ ЗАМОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
Мубориза бо терроризм дар партави суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

ТЕРРОРИЗМ-ЗУҲУРОТИ ХАРОБИОВАРИ ЗАМОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН

28.09.2023
МАШВАРАТИ КОРӢ

МАШВАРАТИ КОРӢ

28.09.2023
МАРҲИЛАИ ТАШАККУЛЁБӢ ВА ДАСТОВАРДҲОИ ДОНИШКАДАИ ҲАРБӢ

МАРҲИЛАИ ТАШАККУЛЁБӢ ВА ДАСТОВАРДҲОИ ДОНИШКАДАИ ҲАРБӢ

26.09.2023
ҚӮШУНҲОИ ЗУДАМАЛ НЕРЎИ ШИКАСТНОПАЗИР

ҚӮШУНҲОИ ЗУДАМАЛ НЕРЎИ ШИКАСТНОПАЗИР

25.09.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj