Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

ҶОН БА РАҲИ ВАТАН НИСОР, МО НАКУНЕМ, КИ МЕКУНАД?

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
03.10.2024
in Мақола
0
ҶОН БА РАҲИ ВАТАН НИСОР, МО НАКУНЕМ, КИ МЕКУНАД?
0
SHARES
396
VIEWS
Share on Facebook

Тавре маълум аст, инсон ҳамагӣ як маротиба ба дунё омада, дар он ҷавонӣ давраи асосиву беҳтарини ҳаёти одамӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҷавонӣ ҳар яки мо имтиҳонҳои ҷиддиро паси сар карда, дар давоми умрамон борҳо гаштаву баргашта лаҳзаҳои ширину талхи зиндагиро ба ёд меоварем. Имрӯз, бо гузашти солҳо мо лаҳзаҳои ширини умри ҷавониро ба ёд оварда, мехоҳем дар тарбияи дурусти фарзандону ҷавонон гом гузорем.

Аз оғози пайдоиши ҷомеаи инсонӣ ҷавонон нерӯйи фаъол, пешбарандаву созанда мебошад. Амалҳои диловариву шуҷоат ва қаҳрамониву корнамоиҳои инсон низ маҳз ба ҳамин давра рост меояд. Мо ҳам дар як гӯшаи зебои Ватан ба олами ҳастӣ омада, тамоми шириниҳои давраи аввали ҳаётамон дар он гузаштааст. Ёд дорам, ки ба воя расида мактабхон шудам. Гарчанд вобаста ба душвориҳои баъдиҷангӣ мактабамон начандон шароитҳои хуб дошт, бо навбат дар синфхона, гоҳо дар суфаи лойини паси мактаб ва миёни дарахтони боғ дарс мехондем. Лаҳзаҳои ширини он давра басо хотирмон буда, дар лавҳи хотир умрбод нақш бастааст. Ба норасогии омӯзгорону китоби дарсӣ нигоҳ накарда, бо шавқ китобу маҷаллаҳои бударо мехондем ва орзу мекардем баъди хатми мактаб дар муассисаи олӣ соҳиби касби муносиб мешавем. Эҳ, ёди он рӯзҳо, ёди солҳои ҷавонӣ. Бехабар аз он, ки дар пеш тақдиру қисмат бароямон чӣ рӯзҳоро раво дидааст…

Баъд, таҳсил дар мактаби олӣ ва хизмати ҳарбӣ буд. Он солҳо номуси ҷавонӣ хеле баланд буда, дар таҳсилу хизмати ҳарбӣ мекӯшидем ба номи миллату Ватан лоиқи Тоҷикистони биҳиштосо бошем. Дар ҷумҳуриҳои дурдаст миёни ҷавонони гуногунмиллат аз зебоию табиату мардуми кишварамон қиссаҳо мекардем. Бо гузашти солҳо, бисёр шарикдарсу ҳамхизматон аз Тоҷикистон дидан карданд, ки ин боиси ифтихори мо буд…

Ҳангоми хизмати ҳарбӣ ва вохӯрӣ бо сарбозони миллатҳои дигар дар бораи кишварамон қиссаҳо карда, бо либосҳои миллӣ ва урфу одатҳоямон шинос мекардем. Бо дидани либосҳои миллӣ ва расмҳо онҳо хоҳиш мекарданд дар бораи Тоҷикистон ҳарчи маълумоти зиёд диҳем. Яъне, мо дар мактаби олӣ ва ҳам адои хизмати ҳарбӣ обутоб ёфта, дар роҳи пурпечутоби зиндагӣ бемайлон пеш ҳаракат мекардем. Ба андешаи банда, дар мавриди мо шояд масали «касе донишҷӯ набуд чӣ будани ҷавонӣ ва касе хизмат накард, чӣ будани зиндагиро намедонад» хеле мувофиқ буд.

Ёди солҳои ҷавонӣ… Ҳеҷ аз ёдам намебарояд, чӣ тавр дар хиёбонҳои Душанбеи азиз дарахтони ороишӣ шинонда, барои нигоҳубини онҳо вобаста мешудем ва аз ин кор ифтихор ҳам мекардем. Бо гузашти солҳо ин мавзеву дарахтонро ба фарзандону наберагон нишон дода, бо мисоли амалҳои неки даврони ҷавонӣ онҳоро ба эҳтироми меҳнати гузаштагон ва дӯст доштани пойтахти зебоямон даъват мекардем.

Дар ҷавонӣ ҳангоми бақайдгирии ҳарбӣ ба комиссариати ҳарбӣ рафтан одатан моро устодону духтарони шарикдарс гусел мекарданд. Хизмати ҳарбӣ барои мо ҷавонон боиси ифтихор буда, кӯшиш мекардем аз комиссияи тиббӣ сарбаландона гузарем. Барои насли мо бемору ба хизмати ҳарбӣ ношоям донистани ҷавон шармандагӣ ҳисоб шуда, боиси хандаи духтарону писханди мардум мешуд. Аз ин рӯ мекӯшидем худро солиму омодаи хизмат нишон диҳем.  Ёд дорам, ки он руз ягон дӯстамон бемору ношоям дониста нашуд ва баъди даҳсолаҳо мо он лаҳзаҳои фаромӯшнопазири ҷавониро бо ифтихори бепоён ёд мекунем.

Албатта, солҳои ҷавонӣ бо ишқу муҳаббат ширин аст. Ҳар як ҷавон бо шарики умр маҳз дар ҷавонӣ шинос шуда, ба лаҳзаҳои ширини ҳаёти оилавӣ асос мегузорад, соҳиби фарзандон шуда, баҳри ҳифзу шукуфоии Ватан камари ҳиммат мебандад. Маҳз ғурури ҷавонӣ водор кард, ки манфиатҳои давлату миллат ва Истиқлолияти давлатиро ҳифз намоем ва имрӯз виҷдонамон дар назди фарзандону зиндагӣ дар сарзамини аҷдодӣ пок аст. Аз ин рӯ, мо бо ёди ҷавонӣ аз умри саршору бобаракат меболем, ба ҷавонони имрӯз нигариста, ёди солҳо мекунем ва ононро ба таҳсилу дӯст доштани зиндагӣ, расидан ба қадри ҷавонӣ, меҳнати созанда ва ҳифзи Ватану музаффариятҳои соҳибистиқлолӣ ҳидоят мекунем. Даъват мекунем, ки Ватанро дӯст дошта, ба қадри ҷавониву зиндагӣ дар ин сарзамини биҳиштосои аҷдодӣ бирасед ва барои наслҳои оянда мулки ободу зиндагии шоистаро мерос гузоред.

Бинед, ки имрӯз қисми асосии сокинони кишвар аз ҷавонон иборат буда, мавқеашон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа назаррас аст. Роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон низ нисбат ба ҷавонон, марому манзалати онҳо дар ҷомеа ва корҳои давлатӣ ҳамчун нерӯйи ояндаву созанда эътибор дода, ҷиҳати ташаккули онҳо тамоми шароитҳоро фароҳам овардааст. Имрӯз барномаҳои давлатию миллӣ низ бо такя ба ҳамин нерӯйи созанда тарҳрезӣ шуда, дар меҳвари сиёсати давлат ҷой гирифтааст. Аз ин хотир, ҳифзи Ватан ва музаффариятҳои Истиклолият, таъмини сулҳ, амнияти давлату ҷомеа ва меҳнату зиндагии мардум низ вазифаи муқаддасу ҷонии шумост. Ба мисли солҳои ҷавонии хеш мо аз саҳми арзандаи шумо дар ҳифзи Ватан, таъмини суботу амнияти ҷомеа ва зиндагии халқамон ифтихор мекунем. Мо бовар дорем, ки шумо-ҷавонони азиз бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дарк мекунед, ки Тоҷикистон нигарони хизмати мардонаи шумо буда, ҳифзи Ватан ва музаффариятҳои истиқлолият, таъмини сулҳ, амнияти давлату ҷомеа ва меҳнату зиндагии мардум мароми ҳамешагии шумост. Охир Ватан макони шодию нишот, бахт, сарзаминест, ки ҳар ваҷаб хокаш азизу муқаддас буда, ҳамаи мо дар қолини махмалинаш ба воя мерасем, аз обҳои зулолу меваҳои шаҳдбораш нӯши ҷон мекунем. Ватан ғамхори ҳар яки мо буда, дар оғӯшаш бо ноз мепарварад, ба камол мерасонаду хушбахт мегардонад. Маврид ба зикр аст, ки бо хизмати софдилонаи шумо аллагӯиҳои ширини модаронамон, хандаҳои беғаши додаракону хоҳараконамон танинандоз гашта, амният, истиқлолият ва ҳифзи манфиатҳои халқаамон таъмин мегардад. Шукр бояд кард, ки шумо хизмати ҳарбиро дар Ватани худ ба ҷо оварда, барои хизмати шоиста тамоми шароитҳои мувофиқ фароҳам оварда шудааст. Аз ин рӯ, ба ҷавонони кишвар муроҷиат карда мегӯем: бо хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ меҳану дастовардхои истиқлолият, ҳаёти осоиштаи моро ҳифз намоед, ин вазифаи муқаддаси шумост.

Мо, ки як замон ҷавон будему лаҳзаҳои нотакрори он давраро бо хушнудӣ ёд мекунем, бо ҷавонони Тоҷикистон фахр мекунем, дӯст медорем, боварию эътимоди комил дорем. Агар дар гузашта мо нерӯйи ҷавонӣ ва ҳаётамонро ба хизмати Ватан бахшида бошем, пас умеду итминон дорем, ки Шумо-фарзандони азизи мо низ ҳамчун ояндаи давлату миллатамон анъанаҳои аҷдодон, падарону бародаронро ба таври шоиста идома хоҳед дод…

Ҳайдар ХУДОЙҚУЛОВ,

раиси Шӯрои собиқадорон,

полковники мустаъфӣ

Previous Post

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Next Post

РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКИӢ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКИӢ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКИӢ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

23.06.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

22.06.2025
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2025
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

19.06.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook