Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ҶОИЗАСУПОРӢ БА ВАРЗИШГАРОНИ АРТИШ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
19.02.2021
in Хабар
0
ҶОИЗАСУПОРӢ БА ВАРЗИШГАРОНИ АРТИШ
0
SHARES
144
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

 

 Тарбияи ҷисмонӣ ва рушду нумўи варзиш дар Қувваҳои Мусаллаҳ, баробари ташвиқу таблиѓи тарзи ҳаёти солим, инчунин ба сатҳи тайёрии ҷангии ҳайати шахсии ҷузъу томҳо таъсири мусбат расонида, омодагии хизматчиёни ҳарбиро дар самти иҷрои тамоми вазифаву уҳдадориҳои ҷангӣ боз ҳам афзун мегардонад. Чанде пеш вобаста ба ин масъала, дар “Кохи афсарон”-и Вазорати мудофиаи  мамлакат маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтарин варзишгарони ин ниҳоди қудратӣ баргузор гардид.

Маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтарин варзишгарони низомӣ бо садои Суруди миллӣ ва бо иштироки ҳайати роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи мамлакат дар фазои тантанавӣ баргузор гардид. Дар оѓози ин ҳамоиш, нахуст тавассути видеороликҳо доир ба дастоварду комёбиҳои Клуби марказии варзишии артиши Вазорати мудофиа сухан рафта, фаъолият ва бурду бохти он бисёр назаррас арзёбӣ карда шуд.

Роҳбарияти Вазорати мудофиа,  зимни суханронии  худ дар доираи ироаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат иброз намуданд, ки Сарвари давлат ба масоили рушди соҳаи варзиш, оммавигардонии он, ташаккули тарзи ҳаёти солим, дарёфту дастгирӣ намудани истеъдодҳои ҷавон ва бунёди инфрасохтори замонавии муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ барои ҷавонон диққати аввалиндараҷа равона менамоянд. Аз ин рў, қайд карда шуд, ки Вазорати мудофиаи мамлакат низ дар партави пешбурди сиёсати роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти оммавигардонии варзиш тадбирҳои муҳимро амалӣ намуда, баҳри дастгирии ҳамаҷонибаи варзишгарон, рушду нумўи варзиш дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва ташвиқу таблиѓи тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

Дар ҷараёни чорабинии мазкур, инчунин муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Назаров низ оид ба дастовардҳои назарраси варзишгарони кишвар дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ибрози назар карда, изҳор дошт, ки варзишгарони Тоҷикистон зимни иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар 70 соли даврони Шўравӣ, агарчи соҳиби 133 медал гардида бошанд ҳам, лек дар 30 соли соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ, ин нишондод ба 5 ҳазор медал расидааст.

Баъд аз суханрониҳо ва табрикоту таманниёт, маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтарин варзишгарони Вазорати мудофиа ва ҳайати дастаҳои Клуби марказии варзиши артиши ин ниҳоди қудратӣ шуруъ гардид. Зимни ин маросим, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати мудофиа, муовинони ў, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва дигар ҳайати фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ ба беҳтарин варзишгарони Вазорати мудофиа  ва дастаҳои Клуби зикргардида, ки дар соли 2020-ум бо иштироки фаъолонаи худ дар мусобиқаҳои дохилӣ ва берун аз кишвар ҷойҳои намоёнро ишѓол намуда буданд, бо ифтихорномаву сипосномаҳо, нишонаҳои сарисинагӣ, ҷому дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Баро маълумот, хотиррасон мекунем, ки Клуби марказии варзиши артиш, як шохаи варзиши ҷумҳури буда, он аз соли 2003-юм инҷониб дар тобеияти Вазорати мудофиаи мамлакат амал менамояд. Ҳайати варзишгарони ин клуб, дар баробари рушду нумўи варзиш дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва таблиѓи тарзи ҳаёти солим, инчунин дар самти тайёрии ҷангии ҳайати шахсии ҷузъу томҳо мусоидат менамоянд.

Боиси хушнудист, ки ҳайати дастаҳои Клуби марказии варзиши артиши Вазорати мудофиа аз замони ташкилёбӣ ва зимни иштироки фаъолонаи худ дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилаливу дохилии кишвар 570 медали тилло, 371 медали нуқра, 407 медали биринҷӣ ва дар маҷумўъ, соҳиби 1348 ҷоизаи ифтихорӣ гардида, обрўю нуфузи Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилаливу минтақавӣ баланд бардоштаанд.

Дар фарҷоми маросими ҷоизасупорӣ ва баҳри рангину хотирмон баргузор намудани ин чорабинӣ, аз ҷониби ҳунармандони ансамбли “Шараф”-и Вазорати мудофиа  барномаи хуби консертӣ намоиш дода шуд.

Next Post

ТАЪРИХИ ТАШАККУЛЁБӢ ВА МАРҲИЛАҲОИ РУШД ДАРАРТИШИ МИЛЛӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ТАЪРИХИ ТАШАККУЛЁБӢ ВА МАРҲИЛАҲОИ РУШД ДАРАРТИШИ МИЛЛӢ

ТАЪРИХИ ТАШАККУЛЁБӢ ВА МАРҲИЛАҲОИ РУШД ДАРАРТИШИ МИЛЛӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

26.01.2023
МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25.01.2023
РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

24.01.2023
ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

20.01.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj