Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ҶОИЗАСУПОРӢ БА ВАРЗИШГАРОНИ АРТИШ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
21.01.2025
in Хабар
0
ҶОИЗАСУПОРӢ БА ВАРЗИШГАРОНИ АРТИШ
0
SHARES
173
VIEWS
Share on Facebook

Соли 2024 барои варзишгарони Вазорати мудофиа, хоса Клуби марказии варзиши артиш ба мисли солҳои қаблӣ соли бобарор ва пур аз дастоварду комёбиҳои арзандаи варзишӣ арзёбӣ мегардад. Зеро, варзишгарони артиш давоми соли сипаригардида дар 13-мусобиқаи шаҳрӣ, 35-мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, 1-Ҷоми Осиё, 2-Чемпионати Ҷаҳон ва 4-мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 62-медали тилло, 48-медали нуқра ва 57-медали биринҷӣ гардидаанд. Дар маҷмӯъ, шумораи умумии медалҳои ба даст овардаи варзишгарони Вазорати мудофиа дар соли 2024 ба 167 адад баробар мебошад, ки албатта, ин аз рушди бемайлони варзиш дар Қувваҳои Мусаллаҳ дарак медиҳад. Ин ҳама заҳмату талошҳо ва хизматҳо дар самти муаррифии давлату миллат мавриди таваҷҷӯҳ аст ва варзишгарон барои муваффақиятҳои арзанда қадрдонӣ карда мешаванд.

Ба ин муносибат дар “Кохи афсарон” бо иштироки масъулини Вазорати мудофиа, фармондеҳони навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, мураббиёну варзишгарон, афсарони Дастгоҳи марказии вазорат ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, маросими ҷоизасупориву ҳавасмандгардонии варзишгарон дар соли 2024 баргузор гардид. Дар оғоз вобаста ба масъалаҳои дахлдор дар самти оммавигардонии варзиш, таблиѓи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони соҳа, ки он дар партави таваҷҷӯҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, масъулини Вазорати мудофиаи мамлакат баромад намуда, бо изҳори хушнудӣ аз муваффақияту дастовардҳои арзандаи варзишгарони Вазорати мудофиа қайд карданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолии кишвар заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва ташкиливу инфрасохтории соҳаи варзишро фароҳам овардааст. Аз ҳамин ҷост, ки варзишгарони тоҷик пайваста дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ иштирок намуда, дар арсаи байналмиллалӣ давлату миллати хешро муаррифӣ менамоянд. Албатта, ин шарафу ифтихори ҳар як фард пеш аз ҳама мо низомиёни мамлакат мебошад.

Тавре дар оғоз қайд гардид, ҳадаф аз ташкили маросими пуршукӯҳ ин ҷоизасупориву ҳавасмандгардонии варзишгарони Вазорати мудофиа ва дастаҳои варзишии қисму воҳидҳои низомӣ дар соли 2024 буд. Аз ин рӯ, дар қисмати асосӣ аз ҷониби масъулини Вазорати мудофиа ба варзишгарони муваффақ сипосномаву ифтихорномаҳо ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ дар фазои тантанавӣ тақдим карда шуд.

Дар ин рӯз дастаҳои варзишии Бригадаи ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва Баталиони сулҷӯёнаи Тоҷикистон низ барои ноил гардидани ба натиҷаҳои хуби варзишӣ дар соли 2024 бо медалу ифтихорномаҳо ва ҷом сарфароз гардонида шуданд.

Фазои шодиву сурури варзишгарон ва кулли иштирокчиёни маросими навбатии ҷоизасупориро дар фарҷом суруду оҳангҳои ватанпарастонаи ҳунармандони ансамбли “Шараф”-и Вазорати мудофиа боз ҳам рангинтар гардонид.

Боқӣ ШАРИФӢ,

подполковник

Previous Post

УСУЛҲОИ МУОСИРИ МЕТОДӢ ДАР ҶАМЪОМАДИ НАВБАТӢ

Next Post

ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ СИЁСӢ-ТАРБИЯВӢ ДАР АРТИШИ МИЛЛӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ СИЁСӢ-ТАРБИЯВӢ ДАР АРТИШИ МИЛЛӢ

ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ СИЁСӢ-ТАРБИЯВӢ ДАР АРТИШИ МИЛЛӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook