Дар баробари дигар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин афсарону сарбозони қисму воҳидҳои ҳарбии Вазорати мудофиа дар гарнизони Хоруғ низ ҷашни бошукӯҳу фарҳангии Наврӯзро бо рӯҳияи баланд ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ таҷлил намуданд.

Ҷашни Наврӯзи низомиён дар ин гӯшаи зебоманзару биҳиштосои Ватан бо рӯҳияи баланд ва муҳаббати самимӣ баргузор гардид.
Дар радифи анъанаҳои неки аҷдодӣ афсарону сарбозон бо ҳам ҷамъ омада, дастархони идона оростанд, ки дар он хӯрокҳои миллӣ, аз ҷумла суманак ва дигар таомҳои суннатӣ ҷой дода шудаанд.

Дар баробари ин, барномаҳои фарҳангӣ низ ташкил карда шуда, сурудхонӣ, қироати шеърҳо дар васфи баҳор ва Ватан, инчунин миёни сарбозони далеру шуҷои меҳан бозиҳои варзишӣ низ гузаронида шуд. Ҳамаи ин чорабиниҳо ба баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии хизматчиёни ҳарбӣ ва фароҳам овардани фазои идона мусоидат мекунанд.

Ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбиро ба муносибат ва шарафу ифтихори ин ҷашни ҷаҳонӣ, фармондеҳи Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, генерал — майор Ҳӯсейн Шокирзода бо самимияти хос муборакбод намуда, ҳамзамон паёми табрии роҳбарияти Вазорати мудофиаро ба ҳомиёни Ватан расонид ва ба онҳо дар иҷрои вазифаҳои пуршарафи хизматӣ барору муваффақиятҳо таманно кард.

Таъкид карда шуд, ки таҷлили Наврӯз дар қисмҳои ҳарбӣ нишон медиҳад, ки эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва анъанаҳои ниёгон рисолати муҳим аст ва баҳри ҳифзи он аз ҷониби фарзандони сарбаланди Ватан масъулияти баланд зоҳир мегардад. Воқеан, ҷашни Наврӯз ва таҷлили шукӯҳманду хотирмони он барои сарбозон манбаи илҳом ва нерӯи нав баҳри идомаи хизмати содиқона ба Ватан мебошад.






