Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМИИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
01.07.2026
in Хабар
0
ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМИИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
0
SHARES
51
VIEWS
Share on Facebook

Ҷамъомади таълимии мудофиаи ҳудудӣ дар шаҳри Панҷакент ҳамчун рамзи ифтихор ва сарбаландиву сарфарозӣ аз давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо садо додани Суруди миллӣ аз ҷониби иштирокчиён ва ҳайати шахсии шаҳрвандони дар эҳтиётқарордошта оғоз гардид.

Майдони фурудгоҳи шаҳр дар баробари ҳузури зиёди сокинон, инчунин бо парчамҳои давлатӣ ва шиору овезаҳо оро дода шуда, мавзеи баргузории ҷамъомадро фазои идона фарогир буд.

Масъулини Ситоди генералии ҚМ ҶТ, роҳбарияти шаҳр ва мақомотҳои дахлдор дар нуқтаи ҷамъшавӣ бо шаҳрвандон аз наздик сӯҳбат намуда, дар баробарӣ баҳогузорӣ ба ҳолати омодагии сокинон ба иҷрои ӯҳдадориҳои шаҳрвандӣ, инчунин сатҳи тайёрии қувваю воситаҳо ва техникаҳои хоҷагии халқро низ санҷиш намуданд. Барои омодагии сатҳи баланд, нишон додани масъулияти фарзандӣ дар назди Модар-Ватан, арҷгузорӣ ба хизматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва рушду инкишофи ҳамаҷонибаи он, ба ҳар як иштирокчӣ сипосу миннатдорӣ баён карда шуд

Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Бобоҷон Саидзода ва роҳбарияти шаҳри Панҷакент баъди боздид аз сафороии даъватшудагон, дар назди ҳозирин сухан гуфта, зимни шарҳи моҳияту аҳамияти бо қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудани ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» таваҷҷӯҳи онҳоро ба вазъи мураккаби сиёсии минтақа ва ҷаҳон, зарурати боз ҳам баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат, таъмини ягонагии ҳудудиву марзии кишвар, осоишу амнияти аҳолӣ, пешгирии амалҳои душманонаи созмонҳои террористию экстремистӣ, гароиши ҷавонон ба ақидаҳои ифротӣ, ичунин боз ҳам боло бурдани обрӯю эътибори Тоҷикистони азизамон дар арсаи байналмилалӣ ҷалб намуданд.

Сокинон низ омодагии худро барои ҳимоя аз Ватан ва ҳифзи дастоварҳои беназири даврони 35- соли соҳибистиқлоли кишвари азизамон иброз доштанд. Дар идомаи ҷамъомад барои чунин омодагӣ ва шукргузориҳои пайваста чанде аз иштирокчиёни фаъол ва падару модарони сарбозон бо сипосномаҳои Вазорати мудофиа ва мақомоти иҷроияи Ҳокимияти маҳалли шаҳри Панҷакент қадрдонӣ карда шуданд.

 

Ситоди мудофиаи ҳудудии шаҳр бо таҳлилу натиҷагирии ҷамъомади мазкур идома ёфта, зимнан масъалаҳои марбут ба даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар шаҳри Панҷакент баррасӣ карда шуд.

  

 

Previous Post

МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Next Post

МУЛОҚОТ БО ДИРЕКТОРИ ИҶРОИЯИ БУНЁДИ ИҚЛИМИ САБЗ ХОНУМ МАФАЛДА ДУАРТЕ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МУЛОҚОТ БО ДИРЕКТОРИ ИҶРОИЯИ БУНЁДИ ИҚЛИМИ САБЗ ХОНУМ МАФАЛДА ДУАРТЕ

МУЛОҚОТ БО ДИРЕКТОРИ ИҶРОИЯИ БУНЁДИ ИҚЛИМИ САБЗ ХОНУМ МАФАЛДА ДУАРТЕ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

МУЛОҚОТ  БО РОҲБАРОНУ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯИ КИШВАР

МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНУ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯИ КИШВАР

14.07.2026
МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНИ БИНОИ НАВИ ВАЗОРАТИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНИ БИНОИ НАВИ ВАЗОРАТИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

14.07.2026
ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ БО ҲАЙАТИ РОҲБАРИКУНАНДАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ БО ҲАЙАТИ РОҲБАРИКУНАНДАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

10.07.2026
МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ СЕ ШИРКАТИ МЕТАЛЛУРГИИ ЧИН

МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ СЕ ШИРКАТИ МЕТАЛЛУРГИИ ЧИН

09.07.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook