Дар яке аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии қабули савганди ҳарбӣ аз ҷониби сарбозони даъвати ҳайати захираҳои сафарбарӣ, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони раёсати Қӯшунҳои хушкигард ва роҳбарияти қисми ҳарбӣ иштирок намуда, ба сатҳи омодагии ҳарбӣ ва маҳорату малакаи сарбозон, ки дар давраи хизмат аз худ кардаанд, баҳои баланд доданд. Таъкид гардид, ки хизмати ҳарбӣ барои ҳар як ҷавон мактаби муҳими тарбия, масъулиятшиносӣ ва обутоби ҷисмониву маънавӣ буда, дар ташаккули ҳисси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан нақши муҳим дорад.

Зикр гардид, ки баргузории маросими қабули савганди ҳарбӣ дар рӯзҳои таҷлил аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хос дошта, барои таҳкими боз ҳам бештари ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дар миёни ҷавонон замина фароҳам меорад. Истиқлоли давлатӣ ҳамчун асоси мавҷудияти давлат барои ҳар як шаҳрванди кишвар масъулияти ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва саҳмгузорӣ дар таҳкими пояҳои давлатдориро ба миён мегузорад.

Бояд қайд намуд, ки сарбозони мазкур дар баробари адои хизмати ҳатмии муқарраргардида, дар Паради ҳарбии ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанде пеш бо иштироки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ баргузор гардид, фаъолона ширкат намуда, бо омодагии баланди ҳарбӣ ва ҳисси масъулиятшиносӣ дар назди Ватан садоқати худро баҳри хизмат ба он нишон доданд.

Зимни чорабинӣ ба ҳамаи сарбозон барои хизмати намунавию софдилона, риояи интизоми ҳарбӣ ва иҷрои масъулиятҳои ба зиммаашон вогузоргардида изҳори сипосу миннатдорӣ карда шуд.
Маросими тантанавӣ бо қадамзании мутантани сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ ҷамъбаст гардид.






