Ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ аз маљмӯи чорабиниҳои ҳарбие маҳсуб меёбад, ки он ҳамасола дар асоси Нақшаи ягонаи омодагии љангӣ ба роҳ монда мешавад. Чунин як ҷамъомад бо ҷалби захираҳои сафарбарӣ ва ҳайати эҳтиётии ноҳияи Файзобод ташкилу ба роҳ монда шуд.

Сокинони шарафманди ноҳия бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва иљрои вазифаи муҳими конститутсионии хеш даъвати мақомоти масъулро оид ба иштирок дар љамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва машѓулиятҳои омодагии сафарбарӣ бо амри дилу виљдон пазироӣ намуда, дар вақту соати муайян, дар варзишгоҳи марказӣ ҷамъ омаданд.

Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва дигар шахсони масъул бо ҳайати шахсии сафороста ва қувваҳои эҳтиётии Артиши миллӣ аз наздик суҳбат намуда, бо ҳолати омодагӣ, донишу ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи тайёрии ҳарбии онҳо шинос гардиданд.

Сокинони касбу кори гуногун ва шаҳрвандони дар эҳтиётқарордошта аз рӯйи ихтисосҳои ҳарбии худ тибқи қойида ва талаботи низомномаи ташкили ҷамъомади мазкур ҷобоҷагузорӣ карда шуда, майдони баргузории чорабиниро ба як машқгоҳи ҳарбии таълимӣ табдил доданд.

Масъулин зимни суханронии худ баргузории чунин ҷамъомадҳоро заруру саривақтӣ шуморида, ба ширкаткунандагон ҷиҳати омодагӣ, донишу ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи тайёрии ҳарбӣ изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.

Дар ҷараёни чорабинӣ як қатор шаҳрвандони фаъол ва волидайне, ки фарзандонашон ба ҳайси сарбоз дар сафи Артиши миллӣ хизмат менамоянд, бо ифихорномаву сипосномаҳои Вазорати мудофиа сарфароз гардонида шуданд.

Дар идома бо таҳлили масъалаҳо дар самти санҷиши омодагии захираҳои сафарбарӣ, тайёрии шаҳрвандон ба мудофиаи ҳудудӣ ва ташкили бомароми чорабиниҳои даъвати шаҳрвандон дар ситоди Комиссариати ҳарбии ноҳия ҷаласа баргузор гардид.






