Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини мудофиаи давлат, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва дар маҷмуъ баланд бардоштани қудрати дифоии мамлакат муддати чанд рӯз мешавад, ки бо иштироки роҳбарияти Вазорати мудофиаи кишвар дар шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Хатлон санҷиши омодагии ҳайати захираҳои сафарбарӣ, қувва ва воситаҳои ҳудудӣ идома дорад.
Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал–лейтенант Эмомалӣ Собирзода зимни баргузории ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ дар ноҳияи Панҷ таъкид намуд, ки рушди ҳама соҳаҳои давлатдорӣ аз таъмини сулҳу субот, ҳифзи марзу буми мамлакат ва зиндагии осоиштаи мардум вобаста аст ва саҳми сокинони меҳанпараст дар самти мазкур муҳим мебошад.
Дар ин ҷамъомад, ки сокинони ҷинси марди аз 18 то 55 сола даъват гардида буданд, бо иштироки фаъолонаи хеш исбот намуданд, ки баҳри татбиқи сиёсати мудофиавии Ҳукумати кишвар, дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳимояи марзу буми Ватани азизу маҳбуби хеш ҳамеша омода ҳастанд.
Зимни санҷиши ҳолати омодагии қувва ва воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон миқдори зиёди техникаҳои хоҷагии халқ ҷамъ оварда шуда, бо омодагии ҳамаҷониба ба ҷамъомаду машғулиятҳои пешбинигардида ҷалб карда шуданд.
Ҳадаф аз мунтазам ташкилу баргузор намудани чунин ҷамъомаду машғулиятҳои таълимӣ, агар аз як тараф санҷидани қувва ва воситаҳои моддӣ–техникӣ бошад, аз дигар ҷониб, ин баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷузъу том ва захираҳои сафарбарӣ дар тамоми гарнизонҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи ҷамъомад волидони сарбозоне, ки имрӯз фарзандонашон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар адои хизмат менамоянд, бо сипосномаҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ гардиданд.
Ёдрас мешавем, ки ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ дар ноҳияҳои Қубодиён, Панҷ ва Дӯстӣ доир гардида, дар назар аст ба ин чорабиниву машғулиятҳои таълимии ҳарбӣ шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордоштаи ноҳияҳои Ҷайҳун ва Ҷалолиддини Балхӣ низ фаро гирифта шаванд.
Илҳом АЛИЗОДА,
Сардори Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
капитан