Ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ-як шакли машқҳои амалии омодагӣ мебошад, ки дар он кормандони муассисаҳо, намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва шаҳрвандон иштирок менамоянд. Дар ҷараёни ин ҷамъомад иштирокчиён тарзи амал кардан дар ҳолатҳои зарурӣ, ҳимояи иншооти ҳаётан муҳим, расонидани кӯмаки аввалия, пуррагардонӣ ва сафарбаркунӣ дар ҳайати ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳро меомӯзанд.
Маҳз, бо ана ҳамин мақсад марҳилаи навбатии баргузории ин гуна ҷамъомадҳо дар ҳудуди вилояти Хатлон, аз ноҳияи Фархор оғоз гардида, дар назар аст, ки ба ҳамин тартиб то санаи 20-уми июни соли ҷорӣ ба ин машқҳои амалии ҳарбӣ қувва ва воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ, захираҳои сафарбарӣ ва шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордоштаи шаҳру ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Кӯлоб, Шамсиддини Шоҳин, Данғара, Темурмалик, Балҷувон ва Ховалинг фаро гирифта шаванд.
Бо тартиб ва низоми ташкили чорабинии мазкур дар қаламрави ҷумҳурӣ сокинони сарбаланди ноҳияи Фархор низ бо гирифтани даъватномаҳои комиссариати ҳарбии ноҳия аз соати 6-и субҳ дар мавзеи муайянгардида ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ-ҷамъиятӣ ҷамъ омаданд. Афсарони масъули Раёсати ташкил ва сафарбарии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ва Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон дар асоси муқаррароти Оинномаи сафороии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат иштирокчиёни ҷамъомадро ҷобаҷогузорӣ намуда, қоидаҳои сафороӣ ва меъёрҳои пешбинигардида ба онро мавриди бозомӯзии ҳозирин қарор доданд.
Ҳамин тавр, шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта таҳти шиори «Ҳама дар саф як» дар ин ҷамъомади таълимӣ иштирок намуда, аз ҷониби масъулини Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ҷиҳати нишон додани масъулият ва омодагии сатҳи баланд доштан, дар иҷрои вазифаҳои муҳими шаҳрвандӣ сипосгузорӣ карда шуданд. Ҳамзамон, иштирокчиён дар самти омодагии ҳамаҷониба ба ҳифзу ҳимояи марзу буми Ватан, муҳофизати сарҳади давлатӣ ва дар робита ба ин, такмили донишҳои ҳарбӣ-сиёсӣ вазифадор гардиданд.
Пас аз шарҳи моҳияти баргузории ҷамъомаду машғулиятҳои мудофиаи ҳудудӣ ва омодагӣ ба сафарбарӣ бо ҷалби шаҳрвандони эҳтиётӣ, дар қисмати қадрдониву ҳавасмандгардонии чорабинӣ як қатор падару модарони сарбозон ва афсарони дар эҳтиёт қарордошта ҷиҳати саҳмгузорӣ дар таълиму тарбияи ҷавонон ва иштироки фаъолона дар чунин ҷамъомадҳои таълимии ҳарбӣ бо рутбаҳои навбатии ҳарбӣ ва сипосномаҳои Вазорати мудофиа сарфароз гардонида шуданд.
Ситоди минтақаи мудофиаи ҳудудӣ, ки дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор бо иштироки васеи ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия доир карда шуд, дар рафти он масъалаҳои дахлдори соҳа, муваффақияту пешравиҳо ва камбудиву монеаҳои ҷойдошта дар самти фаъолияти сохторҳои зикргардида, мавриди омӯзиш ва таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.