Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ҶАМЪОМАДИ МЕТОДӢ-ТАЪЛИМИИ АФСАРОНИ САМТИ КОРҲОИ СИЁСӢ-ТАРБИЯВӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
25.06.2022
in Хабар
0
ҶАМЪОМАДИ МЕТОДӢ-ТАЪЛИМИИ АФСАРОНИ САМТИ КОРҲОИ СИЁСӢ-ТАРБИЯВӢ
0
SHARES
245
VIEWS
Share on Facebook

Корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба шумор меравад. Ҳадаф аз ба роҳ мондани ин самти фаъолият дар Артиши миллӣ, пеш аз ҳама таҳкими интизоми ҳарбӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, психологӣ ва пешгирии рафторҳои ғайриойинномавӣ мебошад. Маҳз, бо анаҳамин мақсад, яъне пешгирӣ аз қонунвайронкуниҳо ва ҳамзамон баланд бардоштани руҳияи ахлоқию психологии хизматчиёни ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат афсарон оид ба корҳои сиёсӣ тарбиявӣ амал менамоянд. Фаъолияти афсарони самти мазкур пеш аз ҳама дар доираи Консепсияи корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он аз 20-уми феврали соли 2015 қабул гардидааст, амалӣ карда мешавад.

Тибқи талаботи консепсияи мазкур самтҳои асосии корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро пеш аз ҳама, тайёрии ҷамъиятию давлатии ҳайати шахсӣ ва гузаронидани ахбороти сиёсӣ бо онҳо, корҳо оид ба пешгирии қонунвайронкунӣ ва мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ, кор бо ҷавонон, корҳои ҳарбию иҷтимоӣ, психологӣ, фарҳангию маърифатӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро дар бар мегирад.

Бо мақсади тақвияти донишу малака, мубодилаи таҷриба, инчунин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии афсарон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии ҷузъу томи Вазорати мудофиа ва навъҳои қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳ, дар толори «Кохи афсарон» бо ҷалби афсарони соҳа ҷамъомади методӣ-таълимӣ баргузор гардид.

Масъулини Вазорати мудофиа зимни ифтитоҳи ҷамъомад дар назди иштирокчиён баромад намуда, таъкид карданд, ки дар иҷрои вазифаҳои бар зимаашон гузошташуда пурмасъул бошанд ва аз машғулиятҳои пешбинигардида малакаи худро сайқал дода, дар раванди вазифаҳои хизматӣ аз он ба таври самаранок истифода намоянд.

Дар қисмати назариявии ҷамъомади методӣ-таълимӣ мутахассисони як қатор вазорату идораҳо аз ҷумла, Академияи миллии илмҳо, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Сарпрокуратураи ҳарбӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар мавзуъҳои «Терроризм ва экстремизм ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеа», «Аҳамияти таърихии китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров», омӯзиши талаботи «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва расонидани муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олӣ маърӯзаҳои пурмазмун намуданд.

Бо дарназардошти оне, ки қисми асосии ҳайати афсарону сарбозони Артиши миллии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, баромадкунандагон қайд карданд, ки тарбияи ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳимест, ки ба он мебояд бо масъулияти баланд муносибат кард. Зеро аз муносибати мо, ояндаи ҷавонон, яъне чӣ гуна шаклгирии шахсияти онҳо ва ҳам саҳмгириашон дар пешравии ҷомеа вобаста аст.

Дар идома ҳайати шахсии иштирокчиёни ҷамъомади методӣ -таълимӣ аз Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон дидан намуда, бо таърихи гузашта ва пурифтихори давлату миллати хеш шинос гардиданд. Ҳадаф аз боздиди осорхона агар аз як ҷиҳат баланд бардоштани сатҳи донишу тафаккури афсарон бошад, аз ҷониби дигар онҳоро водор месозад, то ки сарбозонро аз  мавзеъҳои таърихию  сайёҳии  наздик ба маҳалли хизмати ҳарбияшон ошно гардонида, дар ташаккули тафаккури таърихии ҳайати шахсӣ саҳми арзанда гузоранд.

Дар идома ҳайати иштирокчиёни ҷамъомади методӣ-таълимӣ аз қисми ҳарбии 07033-и Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳ дидан намуда, машғулияти назариявии азхуднамудаашонро дар амал тадбиқ намуданд. Иштирокчиён аз китобхона, хонаҳои фароғативу хизмати маишӣ, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва дигар нуқтаҳои вобаста ба самти фаъолияти корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дидан намуда, вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати пешбурди фаъолияти пурсамари хеш аз чунин тартиби пешбинигардида кор баранд.

Дар қисмати хотимавии ҷамъомад, ки дар толори қисми ҳарбӣ гузаронида шуд, масъулини вобастагардида баромад намуда, ба иштирокчиён доир ба самти фаъолияташон маъруза карданд.

Ҳамин тавр, аз ҷониби масъулини Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии Вазорати мудофиа фаъолияти афсарони соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар фарҷом ҷиҳати боз ҳам самарабахш ба роҳ мондани фаъолияти хизматияшон, иштирокчиёни ҷамъомади мазкур бо супоришҳои мушаххас вазифагузорӣ карда шуданд.

Шоҳин ШАРИФОВ

Previous Post

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ КИШВАР

Next Post

ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 25 СОЛАГИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 25 СОЛАГИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 25 СОЛАГИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

23.06.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

22.06.2025
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2025
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

19.06.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook