Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ҶАМЪОМАДИ МЕТОДӢ-ТАЪЛИМИИ АФСАРОНИ САМТИ ТАЙЁРИИ ҶАНГИИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
02.07.2025
in Хабар
0
ҶАМЪОМАДИ МЕТОДӢ-ТАЪЛИМИИ АФСАРОНИ САМТИ ТАЙЁРИИ ҶАНГИИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА
0
SHARES
38
VIEWS
Share on Facebook

Дар доираи ҷамъбасти даври якуми омӯзиш дар Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагиҳо ба даври якуми он, ки шурӯъ аз якуми июли соли ҷорӣ дар Артиши милии мамлакат оғоз гардид, бо ҷалби афсарони самти тайёрии ҷангии Вазорати мудофиа, сохторҳои зертобеи он, навъҳои қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳ, қисму воҳидҳои ҳарбӣ ва дигар ҷузъу томи алоҳидаи низомӣ, дар пойгоҳи қисми ҳарбии 08010-и Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа  дар гарнизони Душанбе ҷамъомади методӣ-таълимӣ доир карда шуд.

Дар оғози ҷамъомад масъулини ин ниҳоди қудратии кишвар оид ба ҳадафи ташкили ҷамъомади мазкур ва ҷалби афсарони соҳа дар он баромад намуда, машғулиятҳои пешбинишударо ҷиҳати баланд бардоштани донишу таҷрибаи онҳо муњим арзёбӣ карданд.

Машғулиятҳо дар асоси фанҳои таълимии ба ин самт равонагардида ва вобаста ба мавзуву масъалаҳои ҷамъомади мазкур, ки он аосан тайёрии ҳарбии ҳайати шахсӣ, дар ҳолати дуруст нигоҳ доштани пойгоҳҳои моддӣ-таълимӣ, интизоми ҳарбӣ, тартиботи дохилӣ, тайёр намудани мутахссисон ва амсоли инро дар бар мегирифт ба таври назариявӣ мавриди омӯзишу баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар шароити муосири омодагии ҷангӣ ва амалиётҳои ҳарбӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти афсарони масъули тайёрии ҷангӣ ин таъмини расонидани саривақтии кӯмаки аввалияи тиббӣ ба маҷрӯҳон мебошад.

Аз ин рӯ, дар баробари омодагии ҷисмонӣ ва тактикӣ, омӯзиши малакаҳои наҷот ва кӯмакрасонӣ низ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Бо назардошти муҳимияти ин матлаб қисмати амалии ҷамъомади навбатиро пеш аз ҳама расонидани кумак ба маҷрӯҳон ва ҳимояи хизматчиёни ҳарбӣ аз таъсири радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизмативу ҷангӣ ташкил медод.

Зимни ташкили машқҳои тиббӣ дар доираи тайёрии ҷангӣ роҳбарони машғулиятҳо таъкид карданд, ки афсарон бояд мунтазам машқҳои омодагӣ барои расонидани кӯмаки аввалияро ташкил намоянд, ки дар онҳо сарбозон бо тарзҳои бастани захм, расонидани кӯмак дар ҳолати хунравӣ, шикастагӣ, безраргардонии ҷароҳат ва интиқоли маҷрӯҳон шинос шаванд.

Дар рафти машқҳои амалӣ вобаста ба дастовардҳои назарраси соҳа ва омӯзиши таҷрибаҳои байналмилалӣ зикр гардид, ки дар аксари кишварҳо, махсусан дар нерӯҳои муосири ҳарбӣ, стандартҳои кӯмакрасонии тактикии тиббӣ риоя карда мешаванд. Хушбахтона, афсарони тоҷик низ ин таҷрибаро доранд ва онро дар раванди машқҳо татбиқ менамоянд.

Умуман, расонидани кӯмак ба маҷрӯҳон на танҳо як вазифаи тиббӣ, балки як унсури муҳими амнияти ҳарбӣ ва масъулияти ҳар як афсари самти тайёрии ҷангӣ мебошад.

Ҳимояи хизматчиёни ҳарбӣ аз таъсири радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологӣ яке аз ҷанбаҳои муҳимтарини таъмини амнияти шахсият дар шароити ҷанг ва ҳолатҳои фавқулода ба ҳисоб меравад.

Яке аз воситаҳои асосии ҳимоя ин истифода ниқобҳои муҳофизатӣ мебошад. Дар робита ба ин зимни ҷамъомад аз ҷониби афсарони соҳибтаҷриба сохт, намуд ва тарзи истифода бурдани ниқобҳо ва дигар лавозимоти муҳофизатӣ, машқҳои мунтазам барои пӯшидан ва истифодаи дурусти ниқобҳо, қобилияти муҳофизатӣ, огоҳӣ аз аломатҳои заҳролудшавиву сироятёбӣ ва роҳҳои паст кардани хавфи онҳо фаҳмонида шуд. Воқеан, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ дар ҳимояи хизматчиёни ҳарбӣ аз таъсири радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологӣ нақши асосӣ мебозад.

Ҳамзамон, дар рафти ин ҷамъомад аз ҷониби сарбозони қисми ҳарбӣ машқҳо бо силоҳ нишондодашуда, зимнан ҳайати шахсӣ аз пойгоҳи моддӣ-таълимӣ, ки ба даври навбатии таҳсил дар ин қисми низомӣ пешбинӣ гардидааст дидан намуданд.

Боқӣ ШАРИФӢ,

подполковник

Previous Post

ДАВРИ ДУЮМИ ХОНИШ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Next Post

ҶАМЪОМАДИ АФСАРОНИ КОРҲОИ СИЁСӢ-ТАРБИЯВӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ҶАМЪОМАДИ АФСАРОНИ КОРҲОИ СИЁСӢ-ТАРБИЯВӢ

ҶАМЪОМАДИ АФСАРОНИ КОРҲОИ СИЁСӢ-ТАРБИЯВӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

08.07.2025
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

07.07.2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

04.07.2025
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

04.07.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook