Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ҶАМЪОМАДИ МЕРГАНЧИЁН ВА ЭКИПАЖИ МОШИНҲОИ МАХСУСИ ҶАНГӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
17.09.2024
in Хабар
0
ҶАМЪОМАДИ МЕРГАНЧИЁН ВА ЭКИПАЖИ МОШИНҲОИ МАХСУСИ ҶАНГӢ
0
SHARES
92
VIEWS
Share on Facebook

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳар як афсару сарбоз масъулияти баланди шаҳрвандӣ, садоқат ба халқу Ватан, иҷрои бечунучарои оинномаҳои умумиҳарбӣ ва дигар талаботи хосро тақозо менамояд. Албатта, иҷрои чунин вазифаҳои масъулиятнок дар заминаи донишу малакаи баланди касбӣ ва омодабошии доимии ҷангӣ ба даст меояд. Аз ин рӯ, ҷиҳати сайқали донишу таҷриба хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ба машғулиятҳои таълимӣ ва тамринҳои гуногуни омӯзишӣ ба таври назариявӣ ва ҳам амалан фаро гирифта мешаванд.

Бо ин мақсад ва дар доираи амалинамоии нақша-чорабиниҳои омодабошии ҷангӣ чанде қабл мутахассисони хурди низомӣ, аз ҷумла мерганчиён ва ронандагону нишонгирони мошинҳои махсуси ҳарбии навъҳои қӯшуни Артиши миллӣ пас аз ба анҷом расонидани машғулиятҳои назариявӣ дар пойгоҳи яке аз марказҳои таълимии Қӯшунҳои хушкигард, дар машқгоҳи саҳроии “Фахробод” ба тамринҳои амалӣ ҷалб карда шуданд.

Дар ҳамаи марҳилаҳои баргузории ҷамъомади навбатӣ, пеш аз ҳама зимни гузаронидани машқҳои тирпарронӣ аз милтиқии мергании Драгунов ё худ снайпер ба иштирокчиёни он, сараввал аз ҷониби роҳбарони машғулиятҳо талаботи бехатарӣ ва риояи ҳатмии он фаҳмонида шуд.

Сипас, мерганчиён дар мавзеъҳои таъийиншуда бо истифода аз силоҳи вобастагардида ба худ ба сӯйи ҳадафҳо ва дар масофаҳои гуногун тирпарронии ҷангӣ доир намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки сарбозони иштирокчии машқҳои таълимии навбатӣ бори дигар собит намуданд, ки онҳо ҳамчун тирандозони касбии ҳарбӣ нозукиву махсусиятҳои силоҳи ҷангии худро хуб медонанд, омодагии махсус доранд ва дар иҷрои вазифаҳои оташфишонӣ дар масофаҳо ва шароите, ки маҳорати махсус ва дараҷаи баланди тирандозӣ доштанро талаб мекунад, сарбаландона баромада метавонанд.

Дар ҷамъомади экипажи мошинҳои махсуси ҷангӣ низ ҳайати таъйингардида ё худ мутахассисони хурди низомӣ бо маҳорати баланди касбӣ иштирок намуда, вазифаҳои худро дар самти рондану идора намудан ва тиркушоӣ аз силоҳҳои ин навъ мошинҳои ҳарбӣ сарбаландона иҷро карданд.

Зимни ҷамъбасту натиҷагирии ҷамъомади таълимӣ роҳбарони машғулиятҳо ҳадаф аз ташкилу роҳандозӣ намудани ин тамринҳоро такмил додани донишу таҷриба ва қобилияти ҳайати шахсӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ арзёбӣ намуданд.

Боқӣ ШАРИФӢ,

подполковник

Previous Post

ШОДАМ, КИ НАЯМ БАНДАИ АВҲОМУ ХУРОФОТ

Next Post

ИШТИРОК ДАР НИШАСТИ ДУЮМИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ОЛМОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ИШТИРОК ДАР НИШАСТИ ДУЮМИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ОЛМОН

ИШТИРОК ДАР НИШАСТИ ДУЮМИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ОЛМОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

06.12.2025
ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

05.12.2025
ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БАХШИДА БА СОЛГАРДИ ТАЪСИСИ ВОҲИДҲОИ ТАЪИНОТИ МАХСУСИ МИЛИТСИЯ

ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БАХШИДА БА СОЛГАРДИ ТАЪСИСИ ВОҲИДҲОИ ТАЪИНОТИ МАХСУСИ МИЛИТСИЯ

05.12.2025
ИЗҲОРОТИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ИЗҲОРОТИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

04.12.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook