Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ҶАМЪОМАДИ АФСАРОНИ САМТИ КОРҲОИ СИЁСӢ-ТАРБИЯВӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
29.01.2024
in Хабар
0
ҶАМЪОМАДИ АФСАРОНИ САМТИ КОРҲОИ СИЁСӢ-ТАРБИЯВӢ
0
SHARES
260
VIEWS
Share on Facebook

Афсарон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар замони осоишта ва ҳолати ҷанг ба риояи интизоми ҳарбӣ, ҳолати ахлоқию равонӣ ва тайёрии ҷамъиятию гуманитарии ҳайати шахсӣ масъул буда, ҳамзамон фаъолияти босамари корҳои марбут ба ҳимояи иҷтимоиву ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ, аъзои оилаҳои онҳо, афроди ғайринизомӣ, таъминоти иттилоотӣ ва фарҳангиву фароғатиро низ ба зима доранд.

Ин аст, ки бо мақсади таъмини ҳолати ахлоқиву равонии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ афсарони соҳа пайваста дар пойгоҳи қисму воҳидҳои низомӣ ва муассисаҳои таълимии ҳарбӣ чорабиниҳои гуногуни низомӣ, ҷамъомадҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва тарбиявию маърифатӣ доир намуда, ҳамчунин бо ҷалби намояндагони аҳли зиё, сохторҳои гуногуни давлативу қудратӣ ва дигар қишри фаъоли ҷомеа форумҳо, ҷаласаву чорабиниҳои корӣ ва конфронсҳои илмӣ-амалиро ташкилу ба роҳ мемонанд.

Ҷамъомади методӣ-таълимии навбатӣ бо иштироки ҳайати роҳбарии мақомоти корҳои сиёсӣ-тарбиявии Вазорати мудофиа, навъи қӯшунҳо, қисму воҳидҳои низомӣ, муассисаҳои таълимӣ ва дигар ҷузъу томи низомӣ доир гардид ва зимни оғоз дар “Кохи Афсарон”-и Вазорати мудофиа аз ҷониби намояндагони бахшу соҳаҳои гуоногун ва олимону муҳаққиқон як қатор мавзӯъҳои соҳавӣ мавриди омӯзишу баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Иштирокчиёни ҷамъомад бо пешниҳоди маърӯзаҳо дар мавзӯи баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ, ғуруру ифтихори миллӣ, риояи интизоми ҳарбӣ ва тартиботу волоияти қонун дар байни хизматчиёни ҳарбӣ баромад намуда, ҳамзамон бо дарназардошти вазъи ҳарбӣ-сиёсии минтақа ва ҷаҳон масоили марбут ба ин самтро низ муҳокима намудаанд.

Тавре қайд карда шуд, афсарон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаҳои пурмасъулро ба зима доранд. Зеро, корҳои тарбиявӣ воситаи таъсиррасонии равонӣ ба шуур ва рафтори шахс мебошад. Дар раванди тазодҳои сиёсӣ ва бӯҳронҳои маънавӣ масъалаи мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқӣ, интизоми ҳарбӣ, ташаккули маърифати ҳуқуқию сиёсӣ ва дар ин замина баланд бардоштани эҳсоси худшиносиву худогоҳии ҳайати шахсӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи афсарони  ин самти фаъолият гардидааст. Аз ин ҷост, ки дар доираи баргузории ҷамъомади навбатӣ, афсарони соҳаи корҳои сиёсӣ-тарбиявии Вазорати мудофиа ва навъҳои қӯшуни он, аз мавзеъҳои таърихиву диданибоби пойтахти азизмон-шаҳри Душанбе, аз ҷумла “Кохи Наврӯз”, дидан намуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳар дафъа зимни баргузории чунин ҷамъомадҳо афсарон оид ба корҳои сиёси-тарбиявии қисму воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, аз маконҳои таърихӣ ва ёдгориҳои арзишманди фарҳангии кишвар дидан менамоянд. Албата, ин имконе хубе аст барои афсарони соҳа, то ки бо ин гуна мавзеъҳо аз наздик шинос шуда, сарбозонро дар рӯҳияи пос доштани муқаддасоти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз тарбия намоянд.

Зимни натиҷагирии ҷамъомади методӣ-таълимии навбатӣ масъулини роҳбарикунандаи ин самти фаъолият дар Қувваҳои Мусаллаҳ, вобаста ба баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ, садоқат ба Ватан ва Савганди ҳарбӣ ибрози андеша намуда, таъкид карданд, ки масъалаи таълиму тарбияи ҳаматарафаи ҳайати шахсӣ, такмили маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҳар як хизматчии низомӣ дар шароити феълӣ аз ҳар як афсари соҳа, ки пешбурди таълиму тарбияро миёни ҳайати шахсӣ бар зима доранд, масъулияти баланд дар хизмат ва фаъолияти ҳамарӯзаро тақозо менамояд.

Боқӣ  ШАРИФОВ

майор

Previous Post

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ САДА

Next Post

САЙҚАЛИ ТАҶРИБАИ ТАБИБОНИ НИЗОМӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
САЙҚАЛИ ТАҶРИБАИ ТАБИБОНИ НИЗОМӢ

САЙҚАЛИ ТАҶРИБАИ ТАБИБОНИ НИЗОМӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ТАВЗЕҲОТ БА ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ САТҲИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ВА ЗИЁД НАМУДАНИ МАОШИ АМАЛКУНАНДАИ ВАЗИФАВИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ, КОРМАНДОНИ МУАССИСАЮ ТАШКИЛОТҲОИ БУҶЕТӢ, АНДОЗАИ НАФАҚА ВА СТИПЕНДИЯ»

ТАВЗЕҲОТ БА ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ САТҲИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ВА ЗИЁД НАМУДАНИ МАОШИ АМАЛКУНАНДАИ ВАЗИФАВИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ, КОРМАНДОНИ МУАССИСАЮ ТАШКИЛОТҲОИ БУҶЕТӢ, АНДОЗАИ НАФАҚА ВА СТИПЕНДИЯ»

14.01.2026
ТАШАББУСИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ ТАВАССУТИ ЭҲЁИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ

ТАШАББУСИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ ТАВАССУТИ ЭҲЁИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ

13.01.2026
ТАЪИНОТИ КАДРӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

12.01.2026
ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРҲОИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРҲОИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ

09.01.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook