Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ҶАМЪОМАДИ АФСАРОНИ КОРҲОИ СИЁСӢ-ТАРБИЯВӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
03.07.2025
in Хабар
0
ҶАМЪОМАДИ АФСАРОНИ КОРҲОИ СИЁСӢ-ТАРБИЯВӢ
0
SHARES
38
VIEWS
Share on Facebook

Бо мақсади таъмини ҳолати ахлоқиву равонии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ афсарони самти корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ пайваста дар пойгоҳи қисму воҳидҳои низомӣ ва муассисаҳои таълимии ҳарбӣ чорабиниҳои гуногуни низомӣ, ҷамъомадҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва тарбиявиву маърифатӣ доир намуда, ҳамчунин бо ҷалби намояндагони аҳли зиё, сохторҳои гуногуни давлативу қудратӣ ва дигар қишри фаъоли ҷомеа форумҳо, ҷаласаву чорабиниҳои корӣ ва конфронсҳои илмӣ-амалиро ташкилу ба роҳ мемонанд.

Ҷамъомади дурӯзаи методӣ-таълимие, ки бо роҳбарият ва афсарони корҳои сиёсӣ-тарбиявии Вазорати мудофиа, навъи қӯшунҳо, қисму воҳидҳои низомӣ, муассисаҳои таълимӣ ва дигар ҷузъу томи низомӣ доир гардид, зимни оғози он дар толори қисми низомии 02615 аз ҷониби масъулин ва меҳмонони иштирокдошта як қатор мавзӯъҳои соҳавӣ мавриди омӯзишу баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Иштирокчиён бо пешниҳоди маърӯзаҳо дар мавзӯи баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ, ғуруру ифтихори миллӣ, риояи интизоми ҳарбӣ, тартиботу волоияти қонун дар байни хизматчиёни ҳарбӣ ва татбиқи бомароми сиёсати давлатии ҷавон баромад намуда, ҳамзамон бо дарназардошти вазъи ҳарбӣ-сиёсии минтақа ва ҷаҳон масоили марбут ба ин самтро низ муҳокима намудаанд.

Дар идома ҳайати иштирокчиёни ҷамъомади методӣ-таълимӣ дар яке аз марказҳои таълимии Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳ машғулияти назариявии азхуднамудаашонро дар амал тадбиқ намуданд. Иштирокчиён аз китобхона, хонаҳои фароғативу хизмати маишӣ, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва дигар нақтаҳои вобаста ба самти фаъолияти корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дидан намуда, вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати пешбурди фаъолияти пурсамари хеш аз чунин тартиби пешбинигардида кор баранд.

Зимни ҷамъбасту натиҷагирии ҷамъомади методӣ-таълимии навбатӣ масъулини роҳбарикунандаи ин самти фаъолият дар Қувваҳои Мусаллаҳ, вобаста ба баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ, садоқат ба Ватан ва Савганди ҳарбӣ ибрози андеша намуда, таъкид карданд, ки масъалаи таълиму тарбияи ҳаматарафаи ҳайати шахсӣ, такмили маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҳар як хизматчии низомӣ дар шароити феълӣ аз ҳар як афсари соҳа, ки пешбурди таълиму тарбияро миёни ҳайати шахсӣ бар зима доранд, масъулияти баланд дар хизмат ва фаъолияти ҳамарӯзаро тақозо менамояд.

Шоҳин ШАРИФЗОДА

Previous Post

ҶАМЪОМАДИ МЕТОДӢ-ТАЪЛИМИИ АФСАРОНИ САМТИ ТАЙЁРИИ ҶАНГИИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Next Post

НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҲКИМИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҲКИМИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҲКИМИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

08.07.2025
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

07.07.2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

04.07.2025
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

04.07.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook