Ҳамасола вобаста ба рушди илми ҳарбӣ, навгониҳои соҳаи низомӣ дар замони муосир, навовариҳо дар фаъолияти корӣ ва пеш аз ҳама авзои ҳарбӣ-сиёсии минтақаву ҷаҳон ҷамъомадҳои методӣ – таълимӣ бо ҷалби афсарони масъули соҳаи корҳои сиёси ва тарбиявӣ ташкил ва баргузор мегардад.

Ин навбат рӯзҳои 17-ум, 18-уми декабри соли равон ҷамъомади таълимӣ – методӣ дар самти корҳои сиёсӣ ва тарбиявӣ дар толори қисми ҳарбии 02615 бо иштироки афсарони масъул баргузор гардид.

Муҳтаво ва ҳадафи асосии ҷамъомади методӣ-таълимии навбатӣ низ аз ҳамин гуна мавзуву машғулиятҳо иборат буд.






