Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ҶАМЪБАСТУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАВӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
22.07.2024
in Хабар
0
ҶАМЪБАСТУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАВӢ
0
SHARES
192
VIEWS
Share on Facebook

Татбиқи амалии нақша-чорабиниҳои сохторҳои зертобеи Вазорати мудофиа, навъи қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ ва дигар ҷузъу томи ин ниҳоди қудратӣ доимо таҳти назорати Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, фаъолият ва бурду бохти ҳайати шахсии Артиши миллӣ аз ҷониби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии ин мақомоти баландпояи қудратӣ, пайваста мавриди таҳлилу баррасӣ ва ҷамъбасту натиҷагирӣ қарор дода мешавад.

Дар робита ба ин, дар толори асосии Вазорати мудофиа бо иштироки котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ, ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа, сарпрокурори ҳарбӣ, масъулини Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиа, намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Агентии таъминоти амволи махсус ҷаласаи ҳайати мушовара доир гардид.

Доир ба масъалаҳои дар ҷаласа пешбинигардида, масъулини Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, муовинони вазири мудофиа ва сарпрокурори ҳарбӣ, бо таҳлилу баррасии ҳамаҷониба баромад карда, барои рафъи мушкилоти ҷойдошта ва баҳри боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти рӯзмарра таклифу пешниҳоди мушаххасро ироа намуданд.

Аз ҷумла, дар ҷаласа бурду бохти сохторҳои таркибии навъи қӯшунҳо, беҳдошти вазъи иҷтимоии афсарону сарбозони ҷузъу том, таҳлили барномаҳои таълимии самти омодабошии ҷангӣ, тайёрии амалиётӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, натиҷаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, ҳолати нигаҳдорӣ ва самаранок истифода бурдани техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву автомобилӣ, таъмини воситаҳои моддӣ-техникӣ, омодагии масъулин ба фасли сармо, таъминоти ҳамаҷонибаи соҳаи ақибгоҳӣ, ҷамъовариву захира намудани маҳсулоти кишоварзӣ, вазъи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, пешгириву коҳиш додани сатҳи содиршавии қонуншиканӣ, ба хусус ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва як қатор масъалаҳои муҳими низомии дигар, ки марбут ба самтҳои фаъолияти ин ниҳоди қудратӣ мебошанд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Баъд аз таҳлилу баррасии масъалаҳои ба миён гузошташуда, роҳбарияти Вазорати мудофиа иброз дошт, ки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дарки амиқи вазъияти зудтағйирёбандаи минтақа ва ҷаҳон пайваста таъкид менамоянд, ки дар раванди тазодҳои пешгӯинашавандаи ҷомеаи муосир, имрӯз ҳар як афсару аскар ва ҳар як фарди баномуси кишвар аз ҳарвақта дида, бо масъулияти ватандорӣ, барои баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар ва баҳри таъмини ҳаёти осоиштаи мардумони он бояд ҷаҳду талош намояд ва доимо дар ҳолати омодабош қарор дошта бошад.

Дар баробари ҷамъбасту натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳавӣ, муҳокимаи маҷмӯи масъалаҳои муҳими низомӣ ва зимни таҳлилу вазифагузории воҳидҳои сохтории зертобеи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, талаб карда шуд, ки барои ташкили машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ, аз байн бурдани рафторҳои ғайриоинномавӣ, саривақт мусоидат намудан ба ҳалли ҳама мушкилоти афсарону сарбозон дар қисмҳои низомӣ, таҳти назорати доимӣ қарор додани дарсу машғулиятҳои рӯзмарраи таълимӣ, тақвият бахшидани фаъолияти касбиву соҳавӣ, самаранок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ, чораҳои пешгирӣ аз сӯхтор, ташкили тадбирҳои бехатарӣ, таъминоти ҳамаҷонибаи соҳаи ақибгоҳӣ, рушди хоҷагиҳои ёрирасон, дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ ва баҳри ташкилу баргузор намудани дигар маъракаҳои муҳими сиёсӣ, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шавад.

Дар охири ҷаласа оид ба дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ баромад карда, фаъолият ва бурду бохти Вазорати мудофиаро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуд ва дар заминаи пешниҳоду ислоҳот, баҳри боз ҳам таҳким бахшидани сатҳи омодабошии ҷангӣ, муҷаҳҳаз намудани сохторҳои зертобеи Вазорати мудофиа бо техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ, омодагиву истодагарӣ намудан бар зидди ҳама таҳдиди хатарҳои воқеӣ ва дар доираи бунёду азнавсозӣ амалишавии нақша-чорабиниҳоро дар рушду нумӯи минбаъдаи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуд.

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуоти

Вазорати мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник 

Previous Post

ВАЗОРАТИ МУДОФИА ХОҲИШМАНДОНРО БА КОР ДАЪВАТ МЕНАМОЯД!

Next Post

ФАЪОЛИЯТИ НАЗАРРАСИ ВАРЗИШГАРОНИ АРТИШ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ФАЪОЛИЯТИ НАЗАРРАСИ ВАРЗИШГАРОНИ АРТИШ

ФАЪОЛИЯТИ НАЗАРРАСИ ВАРЗИШГАРОНИ АРТИШ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook