Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ҶАМЪБАСТУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
18.12.2024
in Хабар
0
ҶАМЪБАСТУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ
0
SHARES
138
VIEWS
Share on Facebook

Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду мавсим даъвати ҷавонписарони аз 18 то 27 сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст, ки шаҳрвандон дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат шомил карда мешаванд.

Ин навбат низ дар давоми моҳҳои октябр ва ноябри соли равон даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, чун даъвати баҳории имсола пеш аз муҳлат ва дар сатҳи зарурӣ ба анҷом расид.

Дар ин радиф ҳамасола зимни ҷамъбасту натиҷагирӣ намудани ду мавсими даъват, марҳилаҳои омодагӣ ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ, ҷараёни даъвату гусели ҷавонписарон ба сафи Артиши миллӣ, пешравию муваффақиятҳо, монеаву мушкилоти ҷойдошта дар ин самт ва умуман ҳама масъалаҳои марбут ба ҷалби шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ аз ҷониби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи мамлакат мавриди омӯзиш ва таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор дода мешаванд.

Дар ин замина бо мақсади таҳлил ва ҷамъбасту натиҷагирӣ намудани фаъолияти мақомоти масъули даъват ва комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру навоҳии мамлакат, дар толори асосии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид.

Дар ҷамъомад нахуст сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ дар назди иштирокчиён доир ба талаботи нақшаи пешбинишудаи даъвати тирамоҳӣ, татбиқи амалии чорабиниҳои дар ин самт муайянгардида, бурду бохти комиссариатҳои ҳарбӣ, монеаву мушкилоти онҳо ва дар маҷмуъ оид ба натиҷаҳои фаъолияти масъулини вобастаи ин маъракаи муҳими сиёсӣ ба таври муфассал маърӯза намуд.

Дар идомаи ҷамъомад инчунин муовинони вазири мудофиа ва масъулини чанде аз раёсатҳои дахлдори ин ниҳоди қудратӣ низ доир ба вазъи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирӣ аз сатҳи содиршавии ҷинояту қонуншиканӣ, сифати даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизматӣ ҳарбӣ, пешравию камбудиҳои ҷойдошта, амалан татбиқ намудану тақвият бахшидани машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва мудофиаи ҳудудӣ, ташкили машғулиятҳои пайвастаи соҳавӣ, ҷобаҷогузории кадрҳои кордону лаёқатманд дар комиссариатҳои ҳарбӣ, пуррагардонии воҳидҳои штатӣ бо мутахассисони варзидаи низомӣ ва оид ба як қатор масъалаҳое, ки ба даъвату гусели ҷавонписарон мансуб мебошанд, бо таҳлили мушаххас баромад карданд ва барои бартараф кардани мушкилоти ҷойдошта ва беҳдошти вазъи даъват дар солҳои минбаъда таклифу пешниҳоди ҳалталабро ироа намуданд.

Баъд аз баррасиву муҳокимаи масъалаҳо вобаста ба натиҷаҳои даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо зимни суханронӣ, нахуст оид ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти андешидани татбирҳои зарурӣ, баҳри боз ҳам баланд бардоштани қудрати дифоии кишвар, сифатан хуб ташкилу ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватӣ, пуррагардонии сафҳои артиш бо ҷавонписарони солиму бардам ва баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ибрози назар кард ва шахсони мутасаддии ин чорабинии муҳими сиёсиро бо супоришҳои мушаххас вазифадор намуд.

Дар ин замина таъкид карда шуд, ки масъулини дахлдор дар навбати аввал ҳамкориро бо мардум ва аҳли ҷомеа боз ҳам вусъат бахшида, дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти дахлдори шаҳриву ноҳиявӣ ба масъалаи омӯзиши шахсияти даъватшавандаҳо ва ба қайди ҳарбӣ гузоштаи онҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кунанд, тамоми камбудиҳои ҷойдоштаро дар муҳлатҳои муайяншуда пурра бартараф карда, самтҳои фаъолияти соҳавии худро боз ҳам ҷоннок намоянд ва муҳимтар аз ҳама нисбат ба иҷрои вазифаву уҳдадориҳои хизматӣ бо масъулияти баланд муносибат намоянд.

Дар ҷараёни вазифагузорӣ ба масоили муайян ва мушаххас намудани шумораи захираҳои сафарбарӣ таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир гардида, супориш дода шуд, ки бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо баҳри таъмини ҳайати қувваҳои эҳтиётӣ бо лавозимоти зарурӣ, тадбирҳои бетаъхирро фавран амалӣ созанд.

Тайёрии ҳамаҷониба ба даври якуми омӯзишӣ, тибқи талаботи оинномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои роҳбарикунанда, ташкили пайвастаи дарсҳои соҳавӣ, вусъат додани корҳои ташфиқотиву тарғиботӣ, баргузор намудани чорабиниҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ, баҳри пешгирӣ аз содиршавии ҳар гуна қонуншиканиҳо, ба хусус ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, роҳнамои фаъолияти худ қарор додани “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва диқати ҷиддӣ равона намудан ба сифати даъвати навбатии шаҳрвандон низ яке аз масъалаҳои муҳими ҷаласа ба ҳисоб мерафт.

Дар охири ҷамъомад комиссарони ҳарбие, ки дар даъвати тирамоҳии соли равон нақшаи ба онҳо пешбинигардидаро дар доираи талабот ва сатҳу сифати зарурӣ ба анҷом расонидаанд, бо фармоиши роҳбарияти Вазорати мудофиа бо Ифтихорномаву Сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон масъулини комиссариатҳои ҳарбие, ки зимни ташкили ин чорабинии муҳими сиёсӣ баръакс ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ додаву хунукназарӣ зоҳир намуда буданд, ба ҷазоҳои интизомӣ кашида шуданд.

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуоти

Вазорати мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Previous Post

ТАНЗИМ ОМИЛИ ТАШАККУЛИ МАЪРИФАТИ САРФАКОРӢ

Next Post

МУБОРИЗА БА КОРРУПСИЯ БОЯД АМАЛИ ДАСТАҶАМЪОНА ВА ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ ҲАР ФАРД БОШАД

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МУБОРИЗА БА КОРРУПСИЯ БОЯД АМАЛИ ДАСТАҶАМЪОНА ВА ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ ҲАР ФАРД БОШАД

МУБОРИЗА БА КОРРУПСИЯ БОЯД АМАЛИ ДАСТАҶАМЪОНА ВА ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ ҲАР ФАРД БОШАД

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook