Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ҶАМЪБАСТУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
20.06.2024
in Хабар
0
ҶАМЪБАСТУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ
0
SHARES
140
VIEWS
Share on Facebook

Ҷаласае, ки дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, дар он фаъолияти комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳии мамлакат, дар самти даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ҷамъбасту натиҷагирӣ карда шуд.

Дар ҷаласа сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, муовинони вазири мудофиа ва сардорони чанде аз раёсатҳои дахлдори ин ниҳоди қудратӣ дар назди иштирокчиён бо таҳлили ҳамаҷониба баромад намуда, зимни он пешравию камбудиҳои ҷойдоштаро дар даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизматӣ ҳарбӣ, амалан татбиқ намудану тақвият бахшидани мудофиаи ҳудудӣ, мушаххас намудани шумораи қувваҳои эҳтиётӣ, ҳайати захираҳои сафарбарӣ, таъмини онҳо бо лавозимоти зарурӣ, ташкили машғулиятҳои соҳавӣ, вазъи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, бартараф намудани ҳама мушкилоти мавҷуда дар фаъолияти масъулини вобастаи ин соҳа, пуррагардонии воҳидҳои штатӣ бо мутахассисони варзидаи низомӣ ва дар ин радиф ҷобаҷогузории кадрҳоро дар комиссариатҳои ҳарбии ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ, муҳокима ва натиҷагирӣ қарор доданд.

Дар рафти ҷаласа доир ба дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазири мудофиаи мамлакат ба сухан баромада, изҳор дошт, ки баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар аз тақвият бахшидани тамоми самту соҳаҳои Қувваҳои Мусаллаҳ вобастагии зиёд дорад.

Аз ин рӯ таъкид карда шуд, ки ҳайати шахсии комиссариатҳои ҳарбӣ дар якҷоягӣ бо масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар навбати аввал тамоми камбудиҳои ҷойдоштаро пурра таҳлил ва бартараф намуда, ҳамкориро бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва аҳли ҷомеа боз ҳам вусъат бахшанд. Инчунин, дар ҳамоҳангӣ бо сохтору мақомоти давлативу қудратӣ, нуқтаҳои идоракуниро дар пойгоҳи тамоми комиссариатҳои ҳарбӣ муҷаҳҳаз намуда, тарзи бақайдгирии шаҳрвандонро дуруст ба роҳ монанд ва рӯйхати қувваҳои эҳтиётиро тартиб дода, шумораи захираҳои сафарбарӣ ва теъдоди техникаҳои хоҷагии халқро мушаххасан аниқ намоянд.

Тайёрии ҳамаҷониба ба даври навбатии омӯзишӣ, тибқи талаботи оинномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои роҳбарикунанда, ташкили пайвастаи дарсҳои соҳавӣ, вусъат додани корҳои ташфиқотиву тарғиботӣ, баргузор намудани чорабиниҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ, пешгирӣ намудани сатҳи содиршавии ҳар гуна қонуншиканиҳо, ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, ба хусус роҳнамои фаъолияти худ қарор додани «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи мазкур барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)» ва диқати ҷиддӣ равона намудан ба сифати даъвати навбатии шаҳрвандон низ яке аз масъалаҳои муҳими ҷаласа ба ҳисоб мерафт.

Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Вазорати мудофиаи мамлакат иштирокчиёни ҷаласаро бобати иҷрои саривақтии тамоми супоришҳо, омодагӣ ба ҷашни 30–солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, ҷашни Ваҳдати миллӣ, 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва баҳри таҷлил аз дигар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ мушаххасан вазифадор намуд.

Дар охири ҷаласа комиссарони ҳарбие, ки дар даъвати баҳории соли равон, нақшаи ба онҳо пешбинигардидаро дар доираи талабот ва дар сатҳи зарурӣ ба анҷом расонида буданд, бо Раҳматнома, Ифтихорнома ва Сипоснома сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон дар робита ба фаъолияти сусти масъулини комиссариатҳои ҳарбие, ки дар ташкили ин чорабинии муҳими сиёсӣ, бемасъулиятӣ зоҳир намудаву баръакс ба камбудиҳо роҳ дода буданд, нисбаташон чораҳои интизомиро татбиқ намуданд.

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуоти

Вазорати мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник 

Previous Post

ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ТАҲКИМБАХШИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Next Post

ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН МАРБУТ БА МАСЪАЛАҲОИ ОБ ВА ЧАНД ПАҲЛӮИ ИНЪИКОСИ ОН ДАР ВАО-И ИТТИҲОДИ АВРУПО

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН МАРБУТ БА МАСЪАЛАҲОИ ОБ ВА ЧАНД ПАҲЛӮИ ИНЪИКОСИ ОН ДАР ВАО-И ИТТИҲОДИ АВРУПО

ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН МАРБУТ БА МАСЪАЛАҲОИ ОБ ВА ЧАНД ПАҲЛӮИ ИНЪИКОСИ ОН ДАР ВАО-И ИТТИҲОДИ АВРУПО

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

08.07.2025
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

07.07.2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

04.07.2025
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

04.07.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook