Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ҶАМЪБАСТУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАВРИ ДУЮМИ ОМЎЗИШӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
13.12.2023
in Хабар
0
ҶАМЪБАСТУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАВРИ ДУЮМИ ОМЎЗИШӢ
0
SHARES
344
VIEWS
Share on Facebook

Ҳамасола дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи ягонаи тайёрии ҷангӣ ду давраи таҳсил роҳандозӣ мегардад, ки даври якуми омўзишӣ аз аввали моҳи январ оғоз ёфта, то охири моҳи май идома меёбад ва даври дуюми таълимӣ бошад аз якуми июл шурӯъ гардида, дар интиҳои моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

Дар ҳафтаи аввал оғози ҳар як давраҳои омўзишӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ бо ҷамъомади тантанавӣ ва машғулиятҳои намунавии намоишӣ ҷараён мегирад, ки зимни он роҳбарони таъйингардида ба иштирокчиён ва ҳайати шахсии ҷалбгардида тартиб ва роҳу усулҳои доир намудани дарсу машғулиятҳои таълимиро дар давраи таҳсили навбатӣ муайян ва мушаххас менамоянд.

Ба чунин дарсу машғулиятҳои таълимии давраҳои омўзишӣ хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногун ҷалб карда мешаванд. Вақту соат, мавзеи баргузорӣ, мавзӯи дарсу машғулиятҳои таълимӣ, барои хизматчиёни ҳарбии Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, раёсатҳои навъи қўшунҳо, қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ, ҷузъу том ва взводу ротаҳои алоҳида, асосан тибқи фармоишҳои ба имзо расида ва дар асоси нақшаҳои тасдиқгардида бо хусусиятҳои фарқкунандаи вазифаҳои ҳамарўзаи хизматӣ ва тибқи талаботи муқарраргардида дар замони осоишта ва ҳолати ҷанг коркард ва мавриди омўзиш қарор дода мешаванд.

Зеро, фаъолияти рўзмарраи Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, раёсатҳои навъи қўшунҳо, қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ, агарчӣ бо якдигар ҳамоҳанг бошанд ҳам, вале бо назардошти хусусиятҳои таркибии навъи қӯшунҳо дарсу машғулиятҳои таълимии онҳо аз ҳамдигар фарқ менамоянд. Ба ибораи дигар, ӯҳдадорӣ ва функсияҳои Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ аз Қӯшунҳои хушкигард вобаста ба ҳадафу вазифаҳои таъйиноташон тафовути зиёд дорад. Аз ин рў, ҳар як сохтори зертобеи Вазорати мудофиа фаъолияти ҳамарўзаи хизматӣ ва таълимоти нақшавии ҳайати шахсии зертобеони худро дар доираи вазифаву ӯҳдадориҳои соҳавӣ ташкилу ба роҳ мемонанд.

Ин нукта қобили зикр аст, ки машғулиятҳои таълимии хизматчиёни ҳарбӣ мувофиқ ба талаботи давру замон, пешрафти илму технологияи муосир ва вобаста ба тактикаҳои нави ҷангӣ дар минтақа ва ҷаҳон пурра коркард ва аз ҷониби афсарони ботаҷрибаву соҳибмалака мавриди омўзиши ҳайати шахсӣ қарор дода мешаванд.

Илова бар ин, бо оғоз гардидани давраҳои омўзишӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷиҳати дар сатҳи баланд ва сифтан хуб роҳандозӣ намудани машғулиятҳои пешбинигардида ба он, дар пойгоҳи таълимии қисму воҳидҳои низомӣ ва дигар ҷузъу томи ҳарбӣ, тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад, то ки хизматчиёни ҳарбӣ бо истифода аз аёнияту таҷҳизоти дарсӣ ва бо омўзиши хосияту тактикаи ҷангии силоҳу муҳиммот ва техникаҳои вазнини ҳарбӣ сатҳи тайёрии касбии худро ба таври васеъ такмил диҳанд.

Зеро, машғулиятҳои таълимии низомиён дар ҳар як даври омўзишӣ асоси тайёрии ҷангӣ ва дар сатҳи баланди омодабош қарор доштани ҷузъу томро ташкил медиҳад.

Баъди пурра ба анҷом расонидани барномаҳои таълимӣ, хизматчиёни ҳарбии ҳама зинаҳо ва мартабаҳо аз генерал то сарбози қаторӣ, вобаста ба мавзӯҳои амалиётӣ-сафарбарӣ, маҳорату малакаи касбӣ-вазифавӣ, сатҳу сифати омодабошии ҷангӣ, дарсҳои тайёрии ҷамъиятӣ-давлатӣ, қобилияти варзишӣ ва аз рўйи дигар фанҳои дақиқи низомӣ, дар назди афсарони масъули раёсатҳо ва роҳбарону командирони бевоситаи худ санҷишу имтиҳон месупоранд.

Чунин тартибу низом бо риояи реҷаи рўз ва татбиқи амалии ҷадвали дарсу машғулиятҳо ба он равона шудааст, ки ҳар як афсару сарбоз пеш аз ҳама вазифаву ӯҳдадориҳои хизматии худро дар замони осоишта ва ҳам ҳолати ҷанг ба таври назариявӣ ва ҳам амалӣ пурра аз худ намояд, аз дарсу машғулиятҳои соҳавӣ самаранок истифода барад, донишу малакаи касбии худро такмил диҳад, омодабошии ҳарбии хешро тақвият бахшад ва муҳимтар аз ҳама дар ҳама гуна вазъияти ғайричашмдошт доимо тайёр бошад ва вобаста ба ҳолати ба амал омада қарори дахлдор қабул карда тавонад.

Инак, даври дуюми омўзишӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат низ ба анҷом расид. Моҳи декабр мӯҳлати тайёрӣ ба даври навбатии таҳсил дар Артиши миллӣ муқаррар гаштааст, ки дар ин муддат ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа, навъи қўшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, командирони қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ ва сардорони дигар сохторҳои зертобеи ин ниҳоди қудратӣ, бо мақсади дар сатҳи баланди омодабошӣ баргузор намудани давраи омўзишӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодаанд.Омодагии масъулин ва хизматчиёни ҳарбии ҳама зинаҳо ва мартабаҳои Артиши миллӣ асосан дар самти таҳлилу натиҷагирӣ намудани камбудиву норасоии даври сипарӣ, муайяну мушаххас намудани барномаҳои навбатии таълимӣ, ба тасвиб расонидани фармоишҳои соҳавӣ, тасдиқ намудани нақшаҳои рўзмарраи хизматӣ, баргузории дарсу машғулиятҳои низомӣ, тайёр намудани пойгоҳҳои таълимӣ, синфхонаҳои дарсӣ, ба талабот ҷавобгў намудани майдончаҳои тактикиву тирандозӣ, шаҳракҳои ҳарбиву варзишӣ, нуқтаҳои таълимӣ, хонаҳои хизмативу майишӣ, мавзеъҳои фароғатӣ, таъмини афсарону сарбозон бо ашёву лавозимоти зарурӣ, аёниятҳои омўзишӣ ва ташкили дигар чорабиниҳои соҳавиро дар бар мегирад, то ки дар рафти таҳсили навбатӣ ягон монеаву мушкилот сади роҳи омўзиши фанҳои дақиқи низомии ҳайати шахсӣ нагардад.

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

полковник

Previous Post

«ҲОМИИ ВАТАН» 30 СОЛ БО МУҲОФИЗОНИ МЕҲАН

Next Post

ҶАЛБИ НАВБАТИИ МУТАХАССИСОНИ ВАРЗИДА БА ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ҶАЛБИ НАВБАТИИ МУТАХАССИСОНИ ВАРЗИДА БА ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ҶАЛБИ НАВБАТИИ МУТАХАССИСОНИ ВАРЗИДА БА ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИЗҲОРОТИ МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ИЗҲОРОТИ МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

18.01.2026
МУАРРИФИИ КАДРҲОИ НАВТАЪИН ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

МУАРРИФИИ КАДРҲОИ НАВТАЪИН ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

16.01.2026
ТАЪИНОТИ КАДРӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

16.01.2026
ТАВЗЕҲОТ БА ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ САТҲИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ВА ЗИЁД НАМУДАНИ МАОШИ АМАЛКУНАНДАИ ВАЗИФАВИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ, КОРМАНДОНИ МУАССИСАЮ ТАШКИЛОТҲОИ БУҶЕТӢ, АНДОЗАИ НАФАҚА ВА СТИПЕНДИЯ»

ТАВЗЕҲОТ БА ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ САТҲИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ВА ЗИЁД НАМУДАНИ МАОШИ АМАЛКУНАНДАИ ВАЗИФАВИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ, КОРМАНДОНИ МУАССИСАЮ ТАШКИЛОТҲОИ БУҶЕТӢ, АНДОЗАИ НАФАҚА ВА СТИПЕНДИЯ»

14.01.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook