Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ҶАМЪБАСТУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАВРАҲОИ ОМӮЗИШӢ ДАР АРТИШИ МИЛЛӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
07.12.2022
in Хабар
0
ҶАМЪБАСТУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАВРАҲОИ ОМӮЗИШӢ ДАР АРТИШИ МИЛЛӢ
0
SHARES
474
VIEWS
Share on Facebook

Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ҳамасола ду давраи омӯзишро сипарӣ менамоянд, ки даври якуми он аз аввали моҳи январ оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад ва даври дуюми соли хониш бошад, шурӯъ аз моҳи июл то охири моҳи ноябр ҷараён мегирад. Дарсу машғулиятҳои соҳавии ду даври таҳсилро хизматчиёни ҳарбӣ ба таври назариявӣ ва ҳам амалан аз худ намуда, бо ташкилу баргузории машқҳои тактикӣ, ҷамъомаду машғулиятҳои амалии таълимӣ ва супоридани санҷиш аз фанҳои омӯзишии ихтиссосиву касбӣ бошад, давраи пешбинигардидаи таълимиро ҷамъбаст менамоянд. Савияи донишу малакаи такмилдодаи ҳайати шахсӣ дар давараи ҷамъбастӣ аз ҷониби масъулини роҳбарикунандаи ҷузъу том ва ҳайати фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ натиҷагирӣ карда мешавад.

Ин нукта қобили зикр аст, ки дар давраи дуюми соли омӯзиш, ба ғайр аз таълимгирандагони муассисаҳои таълимии ҳарбӣ ва донишҷӯёни кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои олии касбии кишвар, дигар хизматчиёни ҳарбии ҳама сатҳу зинаҳои Вазорати мудофиа, навъи қӯшунҳо, қисмҳои ҳарбии зертобеи онҳо ва ҷузъу томи алоҳидаи низомӣ вобаста ба вазифаву таъйиноти касбиии хеш ба машғулиятҳои таълимӣ ҷалб гардида, дар баробари омӯзиши дарсу таълимоти соҳавӣ, инчунин ба омӯзиши машғулиятҳои умумиҳарбии тайёрии ҷамъиятӣ-давлатӣ, касбӣ — вазифавӣ, омодагии ҷангӣ, тайёрии ҷисмонӣ ва тактикиву оташфишонӣ фаро гирифта шудаанд.

Афсарони Дастгоҳи марказии вазорат ва Ситоди генералӣ, ҳамчун ниҳоди идоракунадаи тамоми ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои зертобеъ, барномаҳои мукаммали дарсӣ ва дастурамалҳои методӣ-таълимиро коркарду таҳия намуда, дар доираи машғулиятҳои пешбинигардидаи худ ба ин даври омӯзиш, ҳамчунин мавзӯву масъалаҳои мухаталифро аз фанҳои таълимии низомӣ ва ҷамъиятиву давлатии дар боло зикргардида, мавриди омӯзишу баҳрабардорӣ қарор додаанд. Машғулиятҳои даври ҷамъбастии онҳо низ ба таври амалӣ бо тирпарронии ҷангӣ аз силоҳҳои штатӣ дар пойгоҳи машқгоҳу маразҳои таълимии ҳарбӣ ташкилу ба роҳ монда шуда, ҳамзамон дар ҷараёни ин гуна машғулиятҳо аз навъҳои дигари техникаву мошинҳои махсуси низомӣ ва аслиҳаҳои ҷангӣ истифода мегарданд.

Афсарону сарбозони ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳ вобаста ба ҳадафу таъйиноти ҳар як навъи қӯшун, ки дарсу таълимоташон аз ҳам тафовут доранд, машғулиятҳои ин даври омӯзишро тибқи вазифаҳои ҷангӣ аз худ намуда, сатҳи донишу малакаи касбии худро боз ҳам такмил додаанд.

Қобили қайд аст, ки ҳайати шахсӣ дар ҳар як давраи таълимӣ аввалан тамоми машғулиятҳои фаннии пешбинигардидаро ба таври назариявӣ дар синфхонаҳои муҷаҳҳази таълимӣ аз худ намуда, сипас онро дар шаҳракҳои тактикиву оташфишонии қисму воҳидҳои низомӣ амалан такмилу тақвият мебахшанд. Пас аз омӯзиши ҳаматарафаи фанҳои тахассусӣ ва сайқали донишу маҳорати касбӣ, инчунин дар раванди таълим, ҳайати шахсии сарбозони қисму воҳидҳои ҳарбӣ имкон доранд, ки тибқи таъйиноти навъҳои қӯшун ва аз рӯйи ихтисоси низомии хеш зимни баргузории машқҳои тактикӣ ва калонмиқёси ҳарбӣ низ иштирок намуда, дар ин замина қобилияти касбӣ ва сатҳи тайёрии ҷангии худро баҳри иҷрои вазифаҳои хизматӣ, баланд бардоранд. Айни ҳол, ҳайати шахсии Артиши миллии мамлакат дар арафаи ҷамъбасти даври дуюми омӯзиш ва умуман анҷоми соли таҳсил қарор доранд. Дар даври ҷамъбастӣ, имрӯзҳо мутобиқи Нақшаи маҷмӯи ягонаи Қувваҳои Мусаллаҳ барои соли 2022 ва Барномаи тайёрии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз хизматчиёни ҳарбии ҳамаи сатҳу зинаҳо санҷиш қабул карда мешавад, ки мақсад аз он муайян намудани ҳолати тайёрии ҷангӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсил мебошад.

Санҷиши ҳолати омодабошӣ, тайёрии ҷангӣ, ҷамъиятӣ давлатӣ ва дигар самтҳои хизмат тибқи нақшаҳои алоҳида дар қисмҳои низомӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ ва кафедраҳои ҳарбӣ низ ташкилу ба роҳ монда шуда, дар баробари санҷиши савияи донишу малакаи афсарону прапоршикон ва қабули имтиҳонҳо аз фанҳои омӯзишӣ, аз ҷумла тайёрии тактикӣ-махсус, оташфишонӣ, варзиш ва ойинномаҳои умумиҳарбӣ, инчунин ҳолати иҷроиши нақшаи чорабиниҳои асосӣ ва барномаҳои таълимӣ низ мавриди санҷиш қарор мегиранд.

Ҳамчунин, дар давраи ҷамъбасти машғулиятҳои таълимӣ бо ҷалби ҳайати шахсии қисму воҳидҳои ҳарбии Артиши миллӣ чорабиниҳо оид ба ҳамоҳангсозии отделенияву взводҳо, машқҳои ротавӣ-тактикӣ ва баталионӣ-тактикӣ ташкилу гузаронида мешавад, то ки сатҳи донишу таҷрибаи афсарону прапоршикон ба таври амалӣ мавриди санҷиш ва омӯзишу баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Вобаста ба самтҳои дигар хизмат бошад, бо ҷалби афсарони масъул дар пойгоҳи қисмҳои низомӣ, марказҳои таълимӣ ва машқгоҳҳои ҳарбии ҳудуди гарнизонҳои ҷумҳурӣ, ҷамъомадҳои методӣ-таълимӣ ташкилу роҳандозӣ карда мешавад, ки ҳадаф аз ташкили ин ҷамъомадҳо низ санҷиши ҳолати омодабошӣ ва такмили маҳорати касбии афсарони соҳа доир ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаи муосир мебошад.

Умуман, вобаста ба ҷараён, раванди машғулиятҳои таълимии ҳарбӣ ва ҷамъбасти давраи таълимӣ дар Артиши милии кишвар, қайд кардан ба маврид аст, ки ҳайати шахсӣ тамоми дарсу таълимоти низомии пашбинигардидаро бо муваффақиятҳои касбиву соҳавӣ, омӯзишу баҳрабардорӣ намуда, айни ҳол онро бо нишондодҳои баланд дар самти таъмини аминяти давлату миллат, ҳаёти осоиштаи мардум ва суботи комили сиёсӣ дар ин сарзамин, ҷамъбасту натиҷагирӣ менамоянд.

Боқӣ ШАРИФОВ,

майор

Previous Post

ВАЗОРАТИ МУДОФИА ХОҲИШМАНДОНРО БА КОР ДАЪВАТ МЕНАМОЯД!

Next Post

МАШҚҲОИ БАТАЛИОНӢ-ТАКТИКӢ ДАР ФАХРОБОД

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МАШҚҲОИ БАТАЛИОНӢ-ТАКТИКӢ ДАР ФАХРОБОД

МАШҚҲОИ БАТАЛИОНӢ-ТАКТИКӢ ДАР ФАХРОБОД

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook