Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ҶАМЪБАСТИ МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ-СТРАТЕГӢ ДАР “ҲАРБМАЙДОН”-И ГАРНИЗОНИ ХАТЛОН

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
11.04.2025
in Хабар
0
ҶАМЪБАСТИ МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ-СТРАТЕГӢ ДАР “ҲАРБМАЙДОН”-И ГАРНИЗОНИ ХАТЛОН
0
SHARES
193
VIEWS
Share on Facebook

Имрӯз дар машқгоҳи низомии “Ҳарбмайдон”-и гарнизони Хатлон даври ниҳоии маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россия, бо истифодаи авиатсияи ҷангӣ, танку тӯп ва бо ҷалби ҷузъу томи пиёданизоми мусаллаҳу муҷаҳҳаз бо силоҳу муҳиммоти мухталифи ҳарбии ду давлат ҷамъбаст карда шуд.

Бо мақсади натиҷагирӣ намудани даври ниҳоии машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ, ё худ марҳилаи 5-уми ин размоиши низомӣ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода, ҳайати фармондеҳии ҳавзаи марказии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия генерал-лейтенант Дмитрий Глушенков, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии 25 шаҳру навоҳии гарнизони Хатлон, роҳбарони сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин минтақа ва дигар шахсони расмӣ ба машқгоҳи “Ҳарбмайдон” омаданд.

Амалиёти муштараки ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россия, аз рӯйи мавзӯи пешгирӣ намудани убури ѓайриқонунии марз дар мавзеъҳои стратегӣ, торумор кардани душманони шартӣ дар бинову иншооти муҳими давлатӣ, дастгиру безарар намудани афроди сарҳадшиканро дар шароити дашту саҳро, маҳаллаҳои аҳолинишин ва роҳҳои душворгузари кӯҳистони ҳудуди ҷумҳурӣ дар бар мегирифт.

Бо мақсади дар сатҳи баланд иҷро намудани вазифаҳои ҷангӣ дар ин размоиши муштараки амалиётӣ-стратегӣ, теъдоди муайяншудаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистону Россия ҷалб гардида, ҳамзамон миқдори зиёди техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву махсус, воситаҳои гуногуни артиллерӣ, силоҳу муҳиммоти мухталифи ҳозиразамони ҳарбӣ, авиатсияи ҷангиву нақлиётӣ, аз ҷумла чархболҳои МИ-8, МИ-24, ҳавопаймоҳои бомбаандози қиркунанда, техникаҳои автомобилӣ ва дигар лавозимоти махсуси низомӣ дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон” алайҳи душманони эҳтимолӣ истифода шуданд.

Зимни ҷамъбасти даври ниҳоии машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ, вазири мудофиаи кишвар, Эмомалӣ Собирзода ва ҳайати фармондеҳии ҳавзаи марказии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия Дмитрий Глушенков дар назди ҳайати иштирокчиёни тамринҳои васеи низомӣ баромад карда, вобаста ба таваҷҷӯҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими сулҳу суботи мамлакат, амнияти давлату миллат, сиёсати дифоии кишвар, таҳдиди хатарҳои эҳтимолӣ, аз даст надодани ҳушёриву зиракӣ, сайқали маҳорати касбиву омодабошии доимии ҷангӣ ва баҳри боз ҳам баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат ибрози андеша намуданд. Ҳамзамон, оид ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди низомии Тоҷикистону Россия, дар самти пайваста ташкилу ба роҳ мондани тамринҳои васеи низомӣ ва саҳмгузорӣ дар муборизаи муштараки зиддитеррористӣ, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Баъд аз тақдими медалу ифтихорномаҳо ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ ба иштирокчиёни фаъоли ин чорабинии ҳарбӣ, гузашти низомии ҳайати шахсӣ ё худ ҷузъу томи дар ин размоиш ширкатнамуда доир шуд, ки он анҷомбахши даври ҷамъбастии маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ дар гарнизони Хатлон гардид.

 

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуот ва иттилооти

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник

Previous Post

НАҚШАИ ДАЪВАТ БА САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ БЕШ АЗ 80 ФОИЗ ИҶРО ШУД

Next Post

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК ЭМОМАЛӢ СОБИРЗОДА БО ВАЗИРИ ФЕДЕРОЛИИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН ҶАНОБИ ХОҶА МУҲАММАД ОСИФ

ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК ЭМОМАЛӢ СОБИРЗОДА БО ВАЗИРИ ФЕДЕРОЛИИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН ҶАНОБИ ХОҶА МУҲАММАД ОСИФ

14.11.2025
ТАЪИНОТИ КАДРӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

14.11.2025
МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО РАИСИ КУМИТАИ МУШТАРАКИ САРДОРОНИ СИТОДҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН

МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО РАИСИ КУМИТАИ МУШТАРАКИ САРДОРОНИ СИТОДҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН

13.11.2025
НАТИҶАИ 40-РӮЗАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

НАТИҶАИ 40-РӮЗАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

11.11.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook