Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ҶАМЪБАСТИ МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ-СТРАТЕГӢ БО ҚӮШУНҲОИ ГАРНИЗОНИ СУҒД

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
24.07.2026
in Хабар
0
ҶАМЪБАСТИ МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ-СТРАТЕГӢ БО ҚӮШУНҲОИ ГАРНИЗОНИ СУҒД
0
SHARES
97
VIEWS
Share on Facebook
Дар машқгоҳи «Чоруқ-Дарон»-и гарнизони Суғд марҳилаи ниҳоии машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ бо ҷалби қӯшунҳои гарнизони Суғд ҷамъбаст гардид.
 
Машқҳои мазкур дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкими иқтидори мудофиавии давлат ва таъмини ҳифзи боэътимоди марзу буми кишвар аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор карда шуданд.
Бо мақсади назорат ва баҳогузорӣ ба сатҳи омодагии ҷангӣ, маҳорату малакаи ҳайати шахсӣ ва ҳамоҳангии фаъолияти ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ дар марҳилаи ниҳоии машқҳо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Собирзода Эмомалӣ, намояндаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва намояндагони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят дар машқгоҳ ширкат доштанд.
Машқҳои муштарак аз 20 то 24 июл дар чор марҳила ва аз рӯйи 15 амали тактикӣ гузаронида шуда, дар онҳо ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохторҳои қудратии гарнизони Суғд иштирок намуданд.
Дар рафти машқҳо бо дарназардошти таҷрибаи муосири ҷангӣ амалиёти муштараки ҷузъу томҳо барои муқовимат ба таҳдидҳои шартӣ дар шароити баландкӯҳ, ҳифзи марзи давлатӣ, истифодаи техникаву воситаҳои муосири ҳарбӣ ва таҳкими ҳамоҳангии байни сохторҳои қудратӣ амалӣ карда шуданд.
Ҳайати шахсии иштирокчии машқҳо бо истифода аз техникаву воситаҳои муосири ҳарбӣ, аз ҷумла техникаи зиреҳпӯш, артиллерия, чархболҳои ҷангӣ сатҳи омодагии касбӣ ва қобилияти иҷрои вазифаҳои муштараки ҷангиро нишон доданд.
Дар маҷмӯъ, тамоми марҳилаҳои машқҳо дар сатҳи баланди касбӣ гузаронида шуда, иштирокчиён вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо бо масъулияти баланд ва ҳамоҳангии зарурӣ иҷро намуданд. Гузаронидани чунин машқҳо барои баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангӣ, сайқал додани маҳорати касбӣ ва таҳкими ҳамкории сохторҳои қудратӣ аҳамияти муҳим дорад.
Дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба анҷоми машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ роҳбарияти Вазорати мудофиа, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дигар сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, хизматчиёни ҳарбӣ барои ҳифзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ ва марзу буми кишвар бояд пайваста омодагии худро такмил диҳанд.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ҳифзи суботу оромӣ, таъмини амнияти миллӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ масъулияти баланд, зиракии сиёсӣ ва садоқати бепоён ба Ватанро тақозо менамояд.
Дар фарҷоми ҷамъомад барои иҷрои бомуваффақияти вазифаҳои ҷангӣ, нишон додани маҳорати баланди касбӣ ва омодагии ҳамаҷониба як гурӯҳ иштирокчиёни машқҳо ва масъулини сохторҳои қудратӣ бо сипосномаву ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ бо гузашти низомии ҳайати шахсии иштирокчии машқҳо ҷамъбаст гардиданд.
Қобили зикр аст, ки чунин машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ бо ҷалби ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ қаблан дар дигар минтақаҳои кишвар низ баргузор гардида буданд. Гузаронидани онҳо ба таҳкими ҳамоҳангии байни сохторҳо, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангӣ ва такмили донишу таҷрибаи ҳайати шахсӣ дар самти ҳифзи амнияти миллӣ мусоидат менамояд.
Previous Post

СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ УЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ

Next Post

МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

БАРҚИЯИ ШОДБОШИИ ДАБИРИ КУЛЛИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД АНТОНИУ ГУТЕРРИШ БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

БАРҚИЯИ ШОДБОШИИ ДАБИРИ КУЛЛИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД АНТОНИУ ГУТЕРРИШ БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

08.08.2026
САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

06.08.2026
САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

06.08.2026
АНҶОМИ САФАРИ КОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН

АНҶОМИ САФАРИ КОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН

01.08.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook