Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ҶАМЪБАСТИ МАШҚҲОИ БАТАЛИОНӢ-ТАКТИКИИ ТОҶИКИСТОНУ РОССИЯ ДАР “ҲОМИЁН”-И КӮЛОБ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
23.10.2021
in Хабар
0
ҶАМЪБАСТИ МАШҚҲОИ БАТАЛИОНӢ-ТАКТИКИИ ТОҶИКИСТОНУ РОССИЯ ДАР “ҲОМИЁН”-И КӮЛОБ
0
SHARES
174
VIEWS
Share on Facebook

Имрӯз дар машқгоҳи ҳарбии “Ҳомиён”-и минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, бо ҷалби беш аз ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россия, маҷмӯи машқҳои муштараки баталионӣ-тактикӣ, ки аз 12 то 22-юми октябри соли равон идома дошт, ҷамъбасту натиҷагирӣ карда шуд.

Барои дар сатҳи баланд ташкилу ба роҳ мондани машқҳои муштарак, дар машқгоҳи низомии “Ҳомиён” ду бино бо тарҳи замонавӣ сохта шудааст, ки дар дохили он мавзеи махсус барои назорати машқҳо, толори хурди алоҳида барои суҳбату машварат, утоқҳои кориву хизматӣ муҳайё карда шуда, бинои дуюм бошад, аз нуқтаи тиббӣ, ошхона, ҳаммомхона ва аз дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Илова бар ин, дар атрофи бинову иншооти мазкур, барои фаъолияти мунтазами гурӯҳҳои амалиётӣ нуқтаи фармондеҳии саҳроӣ ва баҳри муайян ва мушаххас намудани матлаби ба машқҳо пешбинигардида тамсила, ё худ макет низ бунёд карда шудааст.

Бо ҳамин тартиб, размоиши муштараки низомӣ дар машқгоҳи ҳарбии “Ҳомиён” аз рӯйи мавзӯи пешгирӣ намудани убури ғайриқонунии марз, дастгиру безарар гардонидани афроди сарҳадшикан, торумор намудани душманони шартӣ дар шароити дашту саҳро, мавзеъҳои стратегӣ ва роҳҳои душворгузари кӯҳистони ҷумҳурӣ сурат гирифта, ҳайати таъйиншудаи низомиёни ду кишвар дар ҳамоҳангӣ, вазифаҳои ҷангиро дар сатҳи баланд иҷро намуданд.

Ҷараёни баргузории машқҳои муштараки ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистону Россия, дар машқгоҳи низомии “Ҳомиён”-и минтақаи Кӯлоб, аз ҷониби котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ, роҳбарияти Вазорати мудофиаи кишвар, сардори Ситоди муттаҳидаи СААД, муовини фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбии Федератсияи Россия, намояндагони ВАО-и дохиливу хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ назорат гардид.

Дар размоиши муштараки баталионӣ-тактикӣ аз ҳарду ҷониб ҳазор нафар ҳайати шахсии ҷузъу томи пиёданизоми мусаллаҳу муҷаҳҳаз, бо силоҳу муҳиммоти ҳарбӣ ва дигар лавозимоти мухталифи ҷангии Тоҷикистону Россия ширкати фаъолона намуда, дар он техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, чархболу ҳавопаймоҳои ҳарбиву нақлиётӣ, воситаҳои гуногуни артиллерӣ ва дигар аслиҳаи оташфишони муосири низомӣ истифода шуданд.

Машқҳои муштараки ҳарбӣ, ки ҳимояи марзҳои қисмати ҷанубиву шарқии кишварро вобаста ба релефи ҷуғрофӣ бо ҳисоби хати марзҳои давлатии Тоҷикистон дар масоҳати беш аз 200 километр дарозӣ ва 35 километр самти умқӣ аз таҳдиди хатарҳои эҳтимолӣ дар бар мегирифт, ки низомиёни тоҷику рус тибқи матлаби амалиёт, вазифаҳои ҷангии дар наздашон гузошташударо бо маҳорати баланди касбӣ иҷро намуда, ҳама ҳадафҳои ниҳоиро, ки таҷассумгари душманони шартӣ буданд, бе хато зада афтонданд.

Зимни натиҷагирӣ аз даври ниҳоии маҷмӯи машқҳои муштараки Тоҷикистону Россия оид ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар самти сиёсати дифоии кишвар, омодагӣ баҳри пешгирӣ аз таҳдиди хатарҳо, вазъи зудтағйирёбанда ва бисёр ҳассосу пешгӯйинашавандаи минтақа ва ҷаҳон, номуътадилӣ дар Афғонистон ва роҷеъ ба сатҳи боз ҳам баланд бардоштани иқтидори мудофиавии давлат, котиби Шӯрои амният, вазири мудофиаи мамлакат дар назди иштирокчиёни ин чорабинии муҳими низомӣ ибрози андеша кард.

Инчунин, сардори Ситоди муттаҳидаи СААД, фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбии Федератсияи Россия низ дар навбати худ моҳият ва ҳадафи баргузории чунин тамринҳои васеи низомиро барои таъмини амнияти давлату миллат муҳиму манфиатбахш арзёбӣ намуданд. Ҳамзамон, оид ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди низомии Тоҷикистону Россия  вобаста ба ташкилу пайваста ба роҳ мондани тамринҳои васеи низомӣ ва саҳмгузорӣ дар муборизаи муштараки зиддитеррористӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар охир, фаъолони машқҳои муштараки низомӣ бо медалу ифтихорномаҳо ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Расми гузашти низомӣ бошад, анҷомбахши машқҳои васеи низомии Тоҷикистону Россия дар машқгоҳи низомии “Ҳомиён”-и минтақаи Кӯлоб гардид.

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

 сардори Маркази матбуот,

полковник

Previous Post

20 РӮЗИ ДАЪВАТ ИҶРОИ НАҚШАРО БА 52 ФОИЗИ БАРОБАР НАМУД

Next Post

МАШҚҲОИ СААД ДАР “ҲАРБМАЙДОН” ВА РАЗМОИШИ БАТАЛИОНӢ-ТАКТИКӢ ДАР “ҲОМИЁН”

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МАШҚҲОИ СААД ДАР “ҲАРБМАЙДОН” ВА  РАЗМОИШИ БАТАЛИОНӢ-ТАКТИКӢ ДАР “ҲОМИЁН”

МАШҚҲОИ СААД ДАР “ҲАРБМАЙДОН” ВА РАЗМОИШИ БАТАЛИОНӢ-ТАКТИКӢ ДАР “ҲОМИЁН”

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

23.06.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

22.06.2025
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2025
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

19.06.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook