Барои сифатан хуб ташкилу ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватӣ дар пойгоҳи яке аз қисмҳои низомии тобеи Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ бо ҷалби комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ машғулиятҳои методӣ-таълимӣ доир гардид. Қабл аз оғози машғулиятҳои таълимӣ, роҳбарияти Вазорати мудофиа дар назди онҳо суханронӣ намуда, нахуст доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, тақвият бахшидани ҳайати захираҳои сафарбарӣ, омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани талаботи Нақшаи мудофиаи ҳудудӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва дигар масъалаҳои вобаста ба тайёрии масъулин дар самти боз ҳам беҳтар ва сифатан хуб ташкилу ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ изҳори назар кард. Ва аз иштирокчиёни ҷамъомади таълимӣ, баҳри дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ муносибати ҷиддиро талаб намуд.
Аз ҷумла, дар ҷамъомад қайд карда шуд, ки ҳамасола новобаста аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва дигар пешравиҳои назаррас дар ин самт, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи беэътиноӣ зоҳир намудани масъулини мақомоти вобастаи даъват дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат мушкилиҳои ҷиддӣ низ ба назар мерасанд, ки саривақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта аз масъулин диққати ҷиддиро тақозо мекунад. Дар ҷамъомад ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки шумораи ҷавонони синну соли даъватӣ нисбат ба талаботи Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҷумҳурӣ хеле зиёд аст ва ин имконият медиҳад, ки аз байни ҷавонони ҳама табақаҳои аҳолии қишвар, беҳтаринҳо интихоб ва ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда шаванд.
Вазири мудофиа бо ёдоварӣ аз муроҷиати шаҳрвадон ба унвонии ӯ таъкид намуд, ки ҳамкориро бо мардум ва аҳли ҷомеа боз ҳам ҷоннок намуда, бобати ҳалли мушкилот, муроҷиати онҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба даъвати ҷавонписарон марбут мебошад, дар чаҳорчӯбаи қонун саривақт қарори дахлдор қабул намоянд.
Илова бар ин, қатъӣ супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори шаҳриву ноҳиявӣ таваҷҷуҳи зиёд ба масоили омӯзиши шахсияти даъватшавандаҳо, таъмиру тармим намудани бинову иншооти комиссариатҳои ҳарбӣ, саҳмгузорӣ дар ободонӣ ва сабзу хуррамгардонии муҳити зист, сифатан хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватӣ, пешгирӣ намудани сатҳи содиршавии ҳар гуна қонуншиканиҳо ба хусус, ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва бо масъулияти баланд муносибат намудан дар самти иҷрои нақшаи даъвати шаҳрвандон бояд диқати ҷиддӣ равона карда шавад.
Баъд аз анҷоми ҷаласа, бо ҷалби комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ҷамъомади таълимӣ доир гардида, он рӯз аз ҷониби сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, муовинони вазири мудофиа, сардорони раёсатҳои дахлдори ин ниҳоди қудратӣ, намояндагон аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, аз ҷониби Сарпрокуратураи ҳарбӣ ва дигар афсарони масъули вобаста оид ба мавзӯъҳои гуногуни соҳавӣ машғулиятҳо гузаронида шуданд. Ва дар даври ниҳоии ҷамъомади таълимӣ иштирокчиёни он бо супоришҳои мушаххас вазифадор гардиданд.
Қобили зикр аст, ки санаи 4-уми марти соли равон, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёнии ҳарбие, ки муҳати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004-ум ба тасвиб расид.
Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,
сардори Маркази матбуот,
полковник