18 июн дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 6-уми Гурӯҳи кории байнидавлатӣ оид ба татбиқи тадбирҳои низоми ягонаи фарогирии техникии роҳи оҳани кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ оғоз гардид.
Дар кори ҷаласа намояндагони кишварҳои аъзои СААД, аз ҷумла Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Котиботи СААД ва Ситоди муштараки СААД ширкат намуданд.
Зимни ҷаласаи Гурӯҳи кории байнидавлатӣ аз номи роҳбарияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Одиназода Мусо Неъмат бо сухани ифтитоҳӣ баромад кард.
Ҳамзамон, сардори Ситоди муштараки СААД генерал-полковник Андрей Николаевич Сердюков низ андешаҳои худро тавассути видеоконфронс ба иштирокчиёни ҷаласа иброз намуд.
Дар рафти ҷаласа аз ҷониби иштирокчиён ва меҳмонон оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди фарогирии техникии роҳи оҳан маърӯзаҳо пешниҳод гардида, байни намояндагони кишварҳои узви ин Созмон оид ба масъалаҳои гуногун мубодилаи судманди афкор сурат гирифт.
Бояд қайд намуд, ки ҷаласа то 19-уми июн идома меёбад.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон