Дар толори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Шурои амнияти ҷумҳурӣ, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, масъулини Вазорати мудофиа ва сардорони ситоди сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷаласа баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба амнияту субот ва баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар таҳқиқ ва мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зимни ҷаласа, ки он тибқи дастури Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии амалиёти стратегияи Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохторҳои мудофиаи ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, масъалаҳои вобаста ба омодагии сохторҳои дахлдор ба мудофиаи давлат, таҳкими ҳамоҳангии сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва вазорату идораҳои марбутаи кишвар дар самти ташкили ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, таъмини онҳо бо воситаҳои моддӣ-техникӣ, фаъолияти назаррас дар самти чорабиниҳои даъватӣ ва дигар масъалаҳое, ки баҳри боз ҳам баланд бардоштани иқтидори мудофиавии давлат мусоидат менамояд, мавриди муҳокима ва баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

Дар ин радиф, қайд карда шуд, ки роҳбарияти олии кишвар доимо дар ҳалли ҳама масъалаҳои амниятӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир намуда, фаъолият ва бурду бохти сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатро таҳти назорати пайвастаи худ қарор додаанд. Зеро, авзои пуртазоди ҷаҳони муосир, зуҳури амалҳои номатлуб ва вазъияти ниҳоят мураккабу зудтағйирёбандаи ҳарбӣ-сиёсии як қатор кишварҳои сайёра, тақозо менамояд, ки роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар, татбиқи амалии нақша-чорабиниҳои пешбинишудаи амниятиро бо дарки масъулияти баланду иродаи қавӣ иҷро намоянд.







