Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ҶАЛАСАИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ СОХТОРҲОИ ҚУДРАТӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
29.03.2022
in Хабар
0
ҶАЛАСАИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ СОХТОРҲОИ ҚУДРАТӢ
0
SHARES
245
VIEWS
Share on Facebook

Дар Вазорати мудофиаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардорони ситод ва сарситоди сохторҳои қудратии мамлакат ҷаласаи ҳамоҳангсозӣ доир гардид, ки дар он вазъияти ҳарбӣ-сиёсии минтақа ва ҷаҳон, омодагӣ ба даъвати баҳории шаҳрвандон, тақвият бахшидани захираҳои сафарбарӣ, ташкилу ба роҳ мондани машқҳои муштараки васеи низомӣ ва баргузории як қатор чорабиниҳои муҳимми низомии нақшавии дигар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷаласаи ҳамоҳангсозии сохторҳои қудратии мамлакат иштирокчиёни он вазъи ҳарбӣ-сиёсии минтақа ва ҷаҳонро байни ҳам муҳокима намуда, вобаста ба дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкиму тақвият бахшидани қудрати дифоии мамлакат таъкид карданд, ки дар шароити рӯзафзуни ҷаҳонишавӣ, авҷ гирифтани ҳар гуна зуҳуроту хатарҳои глобалӣ ва вазъи ноорому пешгӯйинашавандаи ҷаҳони муосир, хизматчиёнии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро зарур аст, ки дар иҷрои вазифаҳои касбиву хизматии хеш масъулияти баланд зоҳир намуда, чун ҳарвақта ҳушёру зирак бошанд ва бо ҳамкориву ҳамгироии муштарак дар таъмини амният, пойдории сулҳу субот ва ҳифзи марзу буми Ватан аз худ саҳми арзанда гузоранд.

Вобаста ба даъвати баҳори шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар мамлакат, ки аз якуми апрели соли равон оғоз мегардад, масъулини Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ оид ба натиҷаҳои даъвати солҳои пешин ва омодагиҳо ба даъвати навбатӣ суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки мақомати далатии даъват ва дигар ниҳодҳои вобастаи ин чорабинии муҳимми сиёсӣ-ҷамъиятиро зарур аст, ки фаъолияти хеш ва кори комиссияҳои даъватиро дар асоси талаботи дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии мамлакат ва қонунҳои амалкунандаи соҳа ба роҳ монда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар ва сифатан хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Зимни баррасии масъалаҳо дар самти мудофиаи ҳудудӣ ва омодагии захираҳои сафарбарӣ бошад, ҳамоҳангии сохторҳои марбута дар таъмин ва омӯзиши ҳаматарафаи захираҳои сафарбарӣ муҳимму зарурӣ арзёбӣ гардид. Аз ин ҷост, ки дар ҷаласа аз ҷониби масъулини сохторҳои қудратии мамлакат ба масоили ҷамъомаду машғулиятҳои сафарбарӣ бо ҷалби қувва ва воситаҳои мудофиаи ҳухудӣ, захираи шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта, муайян намудани теъдоди мушаххаси онҳо, ҳангоми баргузории машғулиятҳо, баланд бардоштани масъулият ва вазифаву уҳдадориҳои иштирокчиён дар замони осоишта ва ҳолати ҷанг, сафарбарии техникаҳои хоҷагии халқ, дар пойгоҳи тамоми комиссариатҳои ҳарбӣ муҷаҳҳаз намудани нуқтаҳои идоракунӣ, тақвият бахшидани мудофиаи ҳудудӣ, тибқи талаботи ойинномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои роҳбарикунанда ташкили пайвастаи дарсҳои соҳавӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Ҳамин тавр, дар охир иштирокчиёни ҷамъомад вобаста ба масъалаҳои баррасигарда ва ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкилу гузаронидани ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки васеи низомӣ, ки бо ҷалби ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат дар якҷоягӣ бо пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми шашмоҳаи соли равон ба нақша гирифта шудааст, бо супоришҳои мушаххас вазифадор гардиданд.

Боқӣ ШАРИФЗОДА

Previous Post

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АРТИШИ МИЛЛӢ

Next Post

ГАНДУМ АЗ ГАНДУМ БИРӮЯД ҶАВ ЗИ ҶАВ…

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ГАНДУМ АЗ ГАНДУМ БИРӮЯД ҶАВ ЗИ ҶАВ…

ГАНДУМ АЗ ГАНДУМ БИРӮЯД ҶАВ ЗИ ҶАВ…

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

23.06.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

22.06.2025
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2025
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

19.06.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook