Дар ҷаласаи ҳамоҳангсозии сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, ки дар Вазорати мудофиаи мамлакат бо иштироки намояндаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Вазорати мудофиа ва дигар шахсони масъул доир гардид, зимни он як қатор масъалаҳо доир ба таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори мудофиавии мамлакат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Дар оғоз вобаста ба дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда шуд, ки дар шароити рӯзафзуни ҷаҳонишавӣ, авҷ гирифтани ҳар гуна зуҳуроту хатарҳои глобалӣ ва вазъи ноорому пешгуинашавандаи ҷаҳони муосир, хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки дар иҷрои вазифаҳои касбиву хизматии хеш масъулияти баланд зоҳир намуда, чун ҳарвақта ҳушёру зирак бошанд ва бо ҳамкориву ҳамгироии муштарак дар таъмини амнияти давлату миллат, пойдории сулҳу субот ва ҳифзи марзу буми Ватан аз худ саҳми арзанда гузоранд.

Дар кори ҷаласа аз ҷониби иштирокчиёни он ба масъалаҳои дахлдори соҳа, аз ҷумла даъвати тирамоҳии шарвандон ба хизмати ҳарбӣ, ҳамоҳангии сохторҳои марбута дар таъмин ва омӯзиши ҳаматарафаи захираҳои сафарбарӣ, ташкили ҷамъомадҳои мудофиаи ҳудудӣ, босифат ташкилу гузаронидани ҳама ҷамъомаду чорабиниҳои низомии ба нақша гирифташуда, машқҳои муштараки ҳарбӣ, омодагии ҳамаҷониба дар таъмини боэътимоди хати сарҳарди давлатӣ ва дар маҷмӯъ ҳифзи якпочагии марзу буми Тоҷикистон азиз, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шуд.

Тарҳрези намудани сару либоси ҳайати шахсии Артиши миллӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар шакли ягонаи миллӣ аз масъалаҳои дигари баррасигардида дар ин ҷамъомад буд, ки он бо таклифу пешниҳодҳои мушаххас ҳамаҷониба мавриди омӯзиш қарор гирифт.

Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон





