Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ МАМЛАКАТ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
07.06.2025
in Хабар
0
ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ  МУДОФИАИ МАМЛАКАТ
0
SHARES
201
VIEWS
Share on Facebook

Дар толори маҷлисии Қувваҳои ҳарбӣ — ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаи фаъолияти комиссариатҳои ҳарбӣ барои ҷамъбасти маъракаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2025 бори аввал ба таври васеъ доир гардид.

Дар кори ҷаласа ҳайати роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа, навъҳои қӯшуни Артиши миллӣ, комиссарони ҳарбии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, масъулини қисму воҳидҳои ҳарбӣ ва дигар сохторҳои зертобеи ин ниҳоди қудратии кишвар иштирок доштанд.

Дар ин ҷаласа пеш аз ҳама иҷрои дастуру супоришҳо аз Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ оид ба таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори мудофиавии мамлакат, инчунин вобаста ба рӯзномаи маҷлис масъалаҳои дигари соҳавӣ дар самти фаъолияти комисариатҳои ҳарбӣ, кори комиссияҳои даъват, раванди хизмати афсарону сарбозон дар қисмҳои ҳарбиву сафи ҷузъу томи низомӣ ва ҳамзамон хизмат дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарии Артиши миллӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Масъулини Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсатҳои дахлдори он зимни баромади хеш сараввал даъвати баҳории соли 2025-умро таҳлилу натиҷагирӣ намуда, пеш аз муҳлат иҷро гардидани нақшаи даъват дар қаламрави ҷумҳуриро аз дарки баланди масъулият ва иҷрои вазифаҳои муҳими шаҳрвандӣ арзёбӣ карданд.

Аз ин рӯ, бо мақсади роҳ надодан ба камбудиҳо ва ҷиҳати боз ҳам сифатан хуб ба роҳ мондани даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ таъкид карда шуд, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои пешаздаъватӣ оид ба омӯзиши шахсияти даъватшавандагон ва ташкили босамари кори комиссияҳои даъватӣ дар сатҳи баланд ва мувофиқ ба меъёрҳои қонунҳои амалкунандаи соҳа роҳандозӣ карда шавад.

Зимни баррасии масъалаҳо доир ба ташкили ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ бо ҷалби шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта бошад, таъкид карда шуд, ки ҳангоми баргузории ин қабил ҷамъомаду машғулиятҳои таълимӣ ба масоили муайян намудани теъдоди мушаххасси захираҳои сафарбарӣ, қувва ва воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани масъулият ва вазифаву уҳдадориҳои иштирокчиён дар замони осоишта ва ҳолати ҷанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.

Дар рафти ҷамъомад вазъи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми ҳарбӣ ва пешгирии ҳолатҳои рух додани ҷинояткорӣ, кирдорҳои коррупсионӣ ва дигар рафторҳои ғайриоинномавӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид карда шуд.

Дар рафти ҷамъомад ба масоили таъминоти ақибгоҳии ҷузъу том, сатҳу сифати хизматрасонӣ дар ин самт, истифодаи самараноки қувваи барқ ва пешгирӣ аз ҳолатҳои сухтор дар ҳамаи зерсохторҳои тобеи вазорат диққати махсус равона карда шуд.

Дар робита ба омодагиии қисму воҳидҳои ҳарбӣ ба давраи тирамоҳу зимистони дар пешистода таъкид гардид, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъминоти хизматчиёни ҳарбӣ бо маҳсулоти хӯрока масъулини соҳаро зарур аст, ки ҷиҳати гузаронидани кишти такрорӣ ва ҷамъоварии беталафи маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин дар шароити хуб захира ва нигоҳдории ҳама намуди маҳсулоти ҷамъомавришуда чораҳои заруриву саривақтӣ андешанд.

Вазири мудофиаи мамлакат генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода зимни баромади худ бо таҳлили вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон, инчунин авҷ гирифтани ихтилофу зиддиятҳо дар як қатор кишварҳои алоҳида таъкид кард, ки моро зарур аст аз ҳарвақта бештар ҳушёру зиррак бошем, тамоми вазифаву уҳдадориҳои дар самти таъмини мудофиаи давлат ва амнияти мардум бар уҳдадоштаро бо масъулиятияти баланд иҷро намоем.

Ҳамзамон, ба масъулини ҷузъу том дастур дода шуд, ки дар фаъолияти ҳамарӯза ба сатҳи касбият, донишу таҷрибаи ҳайати шахсӣ, омодабошии доимии ҷангӣ ва сатҳи баланди таъминоту хизматрасонӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолият аҳамияти аввалиндараҷа равона карда шавад.

Дар қисмати дигари ҷамъомад як қатор хизматчиёни ҳарбӣ барои нишондодҳои хубу назаррас дар фаъолияти корӣ ва пеш аз ҳама саҳмгузорӣ дар таъмини амнияту суботи ҷомеа бо ифтихорномаҳои Вазорати мудофиаи мамлакат сарфароз гардонида шуданд.

 

                 Илҳом АЛИЗОДА,

             сардори Маркази матбуот ва иттилооти

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

капитан

Previous Post

ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГЕНЕРАЛ — ЛЕЙТЕНАНТ СОБИРЗОДА ЭМОМАЛӢ ДАР ШАҲРИ БИШКЕКИ ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР ҶАЛАСАИ ШУРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СОЗМОНИ АҲДНОМАИ АМНИЯТИ ДАСТҶАМЪӢ ИШТИРОК НАМУД.

Next Post

СУХАНРОНӢ ДАР КОНФРОНСИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ОИД БА УҚЁНУС

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
СУХАНРОНӢ ДАР КОНФРОНСИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ОИД БА УҚЁНУС

СУХАНРОНӢ ДАР КОНФРОНСИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ОИД БА УҚЁНУС

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

23.06.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

22.06.2025
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2025
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

19.06.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook