Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ ОИД БА ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
21.09.2024
in Хабар
0
ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ ОИД БА ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ
0
SHARES
152
VIEWS
Share on Facebook

Дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идоракунии ҳарбӣ, ки дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе баргузор гардид, дар он татбиқи амалии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми марти соли 2024  “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ”, натиҷаи санҷиши ҳолати риоя ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, “Тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои сафарбарӣ” фаъолияти масъулини вобастаи давлатии даъват ва дигар мақомоти ваколатдор, кор бо захираҳои даъватӣ, пешгирӣ аз роҳҳои ғайриқонунии ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва дигар масоили марбут ба чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, мавриди муҳокима ва натиҷагирӣ қарор дода шуд.

Иштирокчиёни ҷаласа зимни таҳлилу баррасии масъалаҳои ба миён гузошташуда, вобаста ба монеаву мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти баъзе аз мақомоти масъули даъватии шаҳру ноҳияҳо изҳори нигаронӣ карданд. Дар ин замина қайд карда шуд, ки новобаста аз иҷрои нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, санҷишҳои прокурорӣ нишон медиҳанд, ки дар фаъолияти баъзе аз комиссияҳои давлатии шаҳру ноҳияҳо ҳамоно як қатор мушкилиҳо аз қабили наомӯхтани шахсияти даъватшавандаҳо, дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ набудани баъзе аз шаҳрвандон, муоинаи нодурусти ташхиси тиббӣ, сари вақт ҳозир нагардидани ҷавонон ба комиссияҳои даъватӣ ва баъзе аз кирдорҳои коррупсионӣ низ ошкор гардидаанд, ки нисбат ба ин гуна ашхос ҷазоҳои қонунӣ татбиқ карда шудаанд.

Дар охири ҷаласа бо мақсади бартараф намудани камбудиву монеаҳои дар боло зикргардида ва дар доираи қонунҳои амалкунанда баҳри дар сатҳи баланду бо сифати хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои даъвати тирамоҳӣ, иштирокчиёни ҷамъомад ва дигар масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват бо супоришҳои мушаххас вазифадор карда шуданд.

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуоти

Вазорати мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник

Previous Post

ЧОРАБИНИИ ПЕШАЗДАЪВАТӢ ДАР САРПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ

Next Post

ҶАЛАСАИ ПЕШАЗДАЪВАТӢ БО ҶАЛБИ КОМИССАРОНИ ҲАРБӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ҶАЛАСАИ ПЕШАЗДАЪВАТӢ БО ҶАЛБИ КОМИССАРОНИ ҲАРБӢ

ҶАЛАСАИ ПЕШАЗДАЪВАТӢ БО ҶАЛБИ КОМИССАРОНИ ҲАРБӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИЗҲОРОТИ МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ИЗҲОРОТИ МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

18.01.2026
МУАРРИФИИ КАДРҲОИ НАВТАЪИН ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

МУАРРИФИИ КАДРҲОИ НАВТАЪИН ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

16.01.2026
ТАЪИНОТИ КАДРӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

16.01.2026
ТАВЗЕҲОТ БА ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ САТҲИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ВА ЗИЁД НАМУДАНИ МАОШИ АМАЛКУНАНДАИ ВАЗИФАВИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ, КОРМАНДОНИ МУАССИСАЮ ТАШКИЛОТҲОИ БУҶЕТӢ, АНДОЗАИ НАФАҚА ВА СТИПЕНДИЯ»

ТАВЗЕҲОТ БА ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ САТҲИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ВА ЗИЁД НАМУДАНИ МАОШИ АМАЛКУНАНДАИ ВАЗИФАВИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ, КОРМАНДОНИ МУАССИСАЮ ТАШКИЛОТҲОИ БУҶЕТӢ, АНДОЗАИ НАФАҚА ВА СТИПЕНДИЯ»

14.01.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook