Дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе ва бо иштироки намояндагони масъули сохторҳои қудратӣ, командирони қисмҳои низомӣ ва дигар шахсони масъули ин гарнизон баргузор гардид, дар он ҷамъбасти таҷрибаи тафтишоти судӣ вобаста ба талафоти ғайриҷангии хизматчиёни ҳарбӣ, пешгирӣ намудани рафторҳои ғайриоинномавӣ, пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ ва дигар масъалаҳои муҳиму марбут ба фаъолияти қисму воҳидҳои низомӣ мавриди баррасиву муҳокима қарор гирифт.
Дар идомаи ҷаласаи Шӯро ба ҳайати роҳбарикунандаи қисмҳои низомӣ тавсия дода шуд, ки вобаста ба таъмини волоияти қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии низомиёни ҳама зинаву мартабаҳо, риояи талаботи оинномаҳои умумиқӯшунӣ, пешгирӣ намудани сатҳи содиршавии ҳар гуна ҷинояту қонуншиканӣ, дар миёни афсарону аскарон вусъат додани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва оид ба дигар тадбирҳое, ки дар самти баланд бардоштани масъулияти ҳар як хизматчии ҳарбӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои пурмасъул дар сафи Артиши миллӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ ҳатмӣ мебошанд, диққати ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА