Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИҲОИ ШАНХАЙ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
27.07.2021
in Хабар
0
ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИҲОИ ШАНХАЙ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
0
SHARES
115
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Тибқи нақшаи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай 28-уми июл дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад. Ба пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе ҳамчунин  вазирони мудофиаи Ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон ва  Белорусия, ҳамчунин    Котиби генералии Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва роҳбарияти  Кумитаи иҷроияи маркази минтақавии зиддитеррористии ин Созмон ташриф меоранд. Имрӯз вазири мудофиаи Ҷумҳурии Халқии Хитой генерал – полковник Вэй Фэнхэ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, ҳамзамон дар кори ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок менамояд.

Дар  Вазорати мудофиаи мамлакат аъзои Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Халқии Хитой – вазири мудофиаи ин кишвар, генерал – полковник Вэй Фэнхэро, тибқи оини низомиён, бо саф оростани ротаи қаровули фахрӣ ва таҳти навои Оркестри ҳарбии нафасӣ вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо истиқбол гирифт.

Дар ҷараёни вохӯри вазирони мудофиаи Тоҷикистону Чин доираи васеи масъалаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи муносибатҳои низомиро дар самти ҳамкориҳои ҳарби-техникӣ барраси намуда, вобаста ба санаду созишномаҳои ҳуқуқӣ, ки қаблан дар доираи муносибатҳои низомӣ, миёни вазирони мудофиаи ҳарду кишвар ба мувофиқа расидаанд мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҳамзамон таваҷҷуҳи зиёд ба вазъи кунунии давлати Исломии Афғонистон, масоили таъмини бехатари дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва оид ба дигар масъалаҳои амниятӣ дар самти муборизаи муштараки зиддитерристӣ мароқ зоҳир карда шуд.

 

 

 

 

 

 

 

Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар доираи омодагӣ ба баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои  вазирони мудофиаи давлатҳои  аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ҳамчунин  вохӯрии дуҷонибаи вазири мудофиаи Тоҷикистон бо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Парвиз Хаттак баргузор гардид.

Бояд хотирасон намуд, ки рӯзи 28 июли соли 2021 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои  аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад, ки дар он вазирони мудофиаи Ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Белорусия,   Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай ва Директори Кумитаи иҷроияи маркази минтақавии зиддитеррористии ин Созмон иштирок менамоянд.

Аз рӯи нақша ва тибқи барномаи баргузории ҷаласа дар назар аст, ки вазирони мудофиа масоили вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои байниҳамдигарӣ дар доираи  Созмони ҳамкории Шанхай, вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон, таъмини амнияту субот дар Афғонистон ва марзҳои он бо давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай  ва дигар масъалаҳои марбут ба рӯзномаи ҷаласаро баррасӣ хоҳанд намуд. Ҳамзамон  масоили вобаста ба омодагӣ ва баргузории машқҳои муштараки зиддитеррористии Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои аъзои  Созмони ҳамкории Шанхай, ки соли равон таҳти унвони «Рисолати сулҳҷӯёна-2021» дар ҳудуди яке аз давлатҳои аъзои ин Созмон доир мегардад, мавриди муҳокима қарор дода мешавад.

Дар назар аст, ки зимни ҷамъбасту натиҷагирӣ намудани  ҷаласаи  вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷониби иштирокчиёни он баёнияи муштарак ба имзо расонида хоҳад шуд.

Бояд тазаккур дод, ки мавзӯъҳои ҳалталаби ҷомеа ва аз байн бурдани зуҳуроти номатлуб дар минтақа, аз ҷумла, терроризму экстремизм ҳамчун масъалаи нигаронкунандаи башарият, ки  дар доираи ташаббусҳои давлатҳои  аъзои Созмони ҳамкории Шанхай татбиқ карда мешаванд дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва  дар доираи раёсати кишвари мо дар ин созмони ҷаҳонӣ дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Баргузории ҷаласаҳои сатҳи баланди Созмони ҳамкории Шанхай ва ташрифи меҳмонони зиёд аз кишварҳои хориҷӣ, намояндагони воломақоми давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай  шаҳодат аз он медиҳад, ки ҷониби Тоҷикистон дар доираи давраи раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай ба рушду тавсеи бештари давлатҳои аъзои созмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоии минтақа ва ҷаҳон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, хостори ҳали ҳарчи зудтари мушкилоти шудаи минтақавию байналмилалӣ мебошад.

Фаридун Маҳмадализода,

Сардори Маркази матбуоти 

Вазорати мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник

Previous Post

Тактикаи ҷангӣ дар шароити кӯҳистон

Next Post

МУЛОҚОТ БО ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН ВЭЙ ФЕНХЭ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МУЛОҚОТ БО ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ  МАРДУМИИ ЧИН ВЭЙ ФЕНХЭ

МУЛОҚОТ БО ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН ВЭЙ ФЕНХЭ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

26.01.2023
МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25.01.2023
РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

24.01.2023
ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

20.01.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj