10 марти соли 2026 дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идоракунии ҳарбии гарнизони Душанбе баргузор гардида, дар он натиҷаи санҷиши ҳолати риоя ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ», инчунин чорабиниҳои омодагии муташаккилона ҷиҳати гузаронидани даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар маҷлиси Шуро масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои он ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, комиссариатҳои ҳарбии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ, тандурустӣ, маориф ва дигар мақомоти ваколатдор иштирок карданд.

Масъулини комиссияҳои даъват вазифадор гардиданд, ки иҷрои босифати талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»-ро таъмин намуда, дар муҳлати муайянгардида маъракаи даъвати баҳориро ба итмом расонанд.






