Дар толори асосии Вазорати мудофиа таҳти роҳбарии муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон — сарпрокурори ҳарбӣ генерал — лейтенанти адлия Фирдавс Ҳаётзода ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идоракунии ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ҷаласаи шуро роҳбарияти Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, Гвардияи миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии таъминоти амволи махсус, фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадӣ, дохилӣ, хушкигард, зудамал, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, масъулони раёсатҳои корҳои сиёсӣ — тарбиявӣ, ташкил ва сафарбарӣ, командирони қисмҳои ҳарбӣ ва кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ иштирок намуданд.

Шурои ҳамоҳангсозӣ бо назардошти дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда, дар он масъалаҳои асосӣ ва муҳими ба хизмати ҳарбӣ дахлдошта давоми солҳои 2025 — 2026, аз ҷумла ҳолати тартиботи дохилӣ, вазъи интизоми ҳарбӣ, таҳкими иҷрои ӯҳдадориҳои хизмат ва таъмини волоияти қонун мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Зимни баромад таъкид гардид, ки роҳбарият, фармондеҳон ва сардорони зинаҳои гуногуни ҳама сохторҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ бояд ба риояи ҳатмии оинномаҳо, тартибу низом ва таҳкими қонуният дар сохторҳои зертобеъ диқати ҷиддӣ зоҳир намуда, маърифатнокии ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбиро дар сатҳи лозима ба роҳ монанд ва дар ин замина сарбозонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва содиқ будан ба Савганди ҳарбӣ тарбия намоянд.
Таъкид карда шуд, ки риояи ҳатмии талаботи қонун ва оинномҳои умумиҳарбӣ, вазифаи муқаддаси ҳар як хизматчии низомӣ ба шумор рафта, дар заминаи иҷрои босифати он, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ, таҳкими Истиқлолият ва амнияти шаҳрвандон ҳифз карда шуда, иқтидори мудофиавии кишвар боз ҳам мустаҳкам мегардад.

Диққати ҳозирин ба ошкору пешгирии сабабу омил, решаҳои асосӣ ва шароитҳои ба ҷиноят заминагузоранда ҷалб шуда, ҷиҳати дар доираи интизом, муқаррарот ва ахлоқу шарафи ҳарбӣ амал намудани хизматчиёни низомӣ масъалагузорӣ карда шуд.

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ муовини вазири мудофиа, муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, муовини фармондеҳи Гвардияи миллӣ, муовини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини фармондеҳи Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ оид ба самти корҳои сиёсӣ – тарбиявӣ бо маърӯзаҳои хеш баромад намуданд.

Дар ин қисмати ҷаласа онҳо масъалаҳои муҳими фаъолияти кориро дар сохтори худ шарҳу тавзеҳ дода, ҷиҳати риояи оинномаҳои умумиҳарбӣ, ҷоннок намудани корҳои фаҳмонидадиҳӣ миёни афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ, баргузор намудани суҳбату вохуриҳои мунтазам бо ҳайати шахсӣ, риояи ҳатмии талаботҳои қонунгузорӣ, ҳамеша солим нигоҳ доштани фаъолияти хизматчиёни низомӣ ва дигар масъалаҳои муҳими вобаста ба самти фаъолияти хеш, ҳисобот манзур намуданд.

Дар идома роҳбарияти мақомоти назоратӣ таъкид намуданд, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар тамоми қисму воҳидҳои низомии сохторҳои қудратӣ шароити мусоиди кору фаъолият фароҳам оварда шудааст.

Аз ин хотир ҳар яки моро зарур меояд, ки дар ҳама давру замон, махсусан шароити имрӯзаи авзои сиёсии ҷаҳон, баҳри иҷрои босифати вазифаҳои пурмасъул ва бо шарафи худ, донишу малакаи касбиямонро ҳамаҷониба такмил дода, ҳамчун афсарони намудавӣ ҷиҳати дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон саҳми арзишманд гузорем.

Ҳамин тавр дар ҷараёни кори ҷаласа ба хотири фаъолияти босамари сохторҳои низомии кишвар маслиҳатҳои муфид манзур гардида, вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид ва иҷрои онҳо ба зиммаи аъзои шуро вогузор шуд.






