3 июн дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор шуд, ки дар он вазири мудофиаи кишвар – генерал полковник Собирзода Эмомалӣ ширкат намуд.
Ин ҷаласа бо иштироки вазирони мудофиаи ҷумҳуриҳои Белорус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва сардори Ситоди муттаҳидаи СААД доир шуд.
Зимни ҷаласа 13 масъалаи ҳамкориҳои ҳарбӣ, вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, аз натиҷаи баргузории он қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар доираи ин ҷаласа ҳамзамон мулоқоти дуҷонибаи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири мудофиаи Федератсияи Русия баргузор шуд.
Ҷонибҳо зимни вохурӣ масъалаҳои ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникиро муҳокима намуда, аз фаъолияти густурдаи вазоратҳои мудофиаи ҳарду кишвари дӯсту бародар изҳори қаноатмандӣ карданд.





