11 феврал дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ–муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Саидзода Бобоҷон, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, комиссари ҳарбии вилояти Суғд ва дигар масъулин ҷаласаи васеи ситоди ноҳиявӣ оид ба масъалаи дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани маъракаи даъватии баҳории ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ баргузор карда шуд.

Дар ҷаласа гузориши комиссари ҳарбии ноҳия оид ба ҳолати омодагиҳо ба даъвати баҳории ҷавонони синни даъватӣ ва дигар масъалаҳои ҷойдошта шунида шуд. Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Бобоҷон оид ба масъалаҳои муҳими ташкили кори ситоди ноҳиявӣ ба ҳайати Комиссияи даъватии ноҳия, ҳайати комиссияи тиббӣ ҷиҳати муташаккилонаву шаффоф доир намудани кору фаъолият, баргузории корҳои оммавии фаҳмондадиҳӣ байни даъватшавандагон ва волидайни онҳо ва тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии наврасону ҷавонон андешаҳои ҷолиб баён намуд.

Ҷиҳати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва ташкили фаъолияти ҳамҷояи комиссариати ҳарбӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ба раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, масъулони соҳаи маориф, раисони маҳаллаҳо ва ходимони дин ва дигар иштирокдорони ситоди ноҳиявӣ супоришҳои судманд баён карда шуд.






