Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ҶАЛАСАИ ПЕШ АЗ ДАЪВАТӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
15.03.2023
in Хабар
0
ҶАЛАСАИ ПЕШ АЗ ДАЪВАТӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА
0
SHARES
192
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар ҷамъомаде, ки бо ҷалби комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” иҷрои талаботи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2023 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар рафти ҷаласа, нахуст доир ба дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва оид ба вазъи ноустувору зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, роҳбарияти Вазорати мудофиа ибрози назар карда, изҳор дошт, ки дар чунин вазъият ҳар як фарди низомиро мебояд, ки аз ҳарвақта дида, дар самти иҷрои вазифаву ӯҳдадориҳои хизматӣ, бо масъулияти баланд муносибат намояд. Баҳри боз ҳам тақвият бахшидани тамоми самту соҳаҳои Артиши миллӣ, ки ба сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣва баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат таъсири бевосита мерасонад, ҷаҳду талош намояд.

Дар доираи таҳлилу натиҷагирӣаз чорабиниҳои даъватии соли сипаригашта қайд карда шуд, ки дар радифи як қатор комёбиву пешравиҳои назаррас, ҳамоно фаъолияти баъзе аз комиссияҳои даъватӣ боиси нигаронӣ мебошад. Аз ин рӯ, барои бартараф намудани ҳама гуна монеаву мушкилоти ҷойдойдошта супориш дода шуд, ки масъулини комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, баҳри сифатан хуб ташкилу ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватӣ дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти масъули вобастаи даъват, пеш аз ҳама ҳамкориро бо мардум, ҷавонони синни даъватӣ, волидони онҳо, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар афроди некбини ҷомеаи имрӯза боз ҳам ҷоннок намуда, дар миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣва чорабиниҳои ташвиқотиву тарғиботиро дар самти бедор намудани ҳисси худогоҳиву худшиносии миллӣ, зарурияти хизмати ҳарбӣ, адои вазифаи ҷавонмардӣ, ҳимояи марзу буми аҷдодӣ ва шукргузорӣ намудан аз ин неъмати бебаҳо, ки музаффариятҳои давлати соҳибистиқлол ва Ватани ободу зебо арзёбӣ мешавад, роҳандозӣ намоянд ва ҳамзамон тамоми шароити заруриро барои ҳайати комиссияи даъватӣ муҳайё созанд.

Масоили вобаста ба омӯзиши шахсияти даъватшавандагон, интихобу ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ фиристодани ҷавонони солиму бардам ва болаёқат, пешгирӣ аз роҳҳои ғайриқонунии даъват, бо қувваҳои эҳтиётӣ ташкилу баргузории ҷамъомаду машғулиятҳои нақшавӣ, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дақиқан муайян кардани шумораи захираҳои сафарбарӣ, пешгирӣ намудани сатҳи содиршавии ҳама гуна қонуншиканиҳо, ба хусус ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва диққати аввалиндараҷа равона кардан ба сатҳу  сифати даъвати шаҳрвандон низ яке аз масъалаҳои муҳиму баррасишавандаи ҷамъомад ба ҳисоб мерафт.

Дар баробари вазифагузорӣ, ҷиҳатӣ омодагии ҳамаҷониба дидан ба чорабиниҳои даъватӣ, инчунин давоми рӯз аз ҷониби масъулини Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, сардорони раёсатҳои дахлдори ин ниҳоди қудратӣ, намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсия ва Сарпрокуратураи ҳарбӣ, ҷамъомади таълимӣниз доир гардид, ки зимни он комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ба дарсу машғулиятҳои гуногуни соҳавї, аз ҷумла иҷрои талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣва хизмати ҳарбӣ”, “Дар бораи омодагӣ ба сафарбарӣва сафарбарӣ” роҳҳои пешгирӣнамудани ҷиноятҳои коррупсионӣ дар фаъолияти комиссариатҳои ҳарбӣ ва ба дигар мавзўъҳои марбут ба ташкили чорабиниҳои даъватӣ ҷалб карда шуданд.

 

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуоти

Вазорати мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник

Previous Post

НИҲОЛШИНОНӢ ДАР БОҒИ НАВБУНЁД

Next Post

ҶАЛАСАИ ДАЪВАТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ҶАЛАСАИ ДАЪВАТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ҶАЛАСАИ ДАЪВАТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ НАВРӮЗ

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ НАВРӮЗ

20.03.2023
КОРРУПСИЯ – ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

КОРРУПСИЯ – ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

20.03.2023
ҶАЛАСАИ ДАЪВАТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ҶАЛАСАИ ДАЪВАТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

17.03.2023
ҶАЛАСАИ ПЕШ АЗ ДАЪВАТӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ҶАЛАСАИ ПЕШ АЗ ДАЪВАТӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

15.03.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj